logo

фарҳанг

ДАР РОҲИ ДАРЁФТИ ЭЪТИМОД

Матбуотро барои он оинаи ҳаёт меноманд, ки он раванди зиндагии иҷтимоиро пайваста ва холисона инъикос менамояд. Ин зиндагии иҷтимоие аст, ки тавассути фаъолияти одамон ва ба ҳам иртибот гирифтани онҳо шакл гирифтааст. Чи қадаре ки ин раванд дар ин оина воқеиву холисона инъикос гардад, ҳамон қадар эътиқоду эътимоди мардум ба он зиёд мешавад. Албатта, ба эътимоди мардум, ё ба истилоҳи касбӣ аудитория, даромадан, кори мушкил ва натиҷагирӣ аз он нисбӣ аст. Ин нисбият агар, аз як тараф, ба мазмуну мундариҷа ва шаклҳои инъикоси ҳаёти иҷтимоӣ дар нашрияҳои даврӣ алоқаманд бошад, аз сӯйи дигар, ба майлу рағбат, доираи фаҳмишу ҷаҳонбинӣ ва дараҷаи алоқамандии аудитория ба масъалаҳои мубрами рӯз иртибот мегирад. Ин ду омил ҳадафи аслии ҳар гуна нашрияро бояд ташкил диҳад.
Нашрияҳои даврӣ ҳамеша талош доранд, ки ин таносуб-ро нигоҳ доранд ва робитаашонро бо хонандагон наздиктар гардонанд. Бахусус, дар шароити имрӯз, ки имконоти интишори нашрияҳои гуногун ба вуҷуд омадааст, ба назар гирифтани ин авомил ба пешрафти кори нашрияҳои даврӣ таъсири мусбат мерасонад. Яке аз усулҳои иртибот бо аудитория ва мувофиқ гардондани мундариҷаву муҳтавои нашрия ба майлу рағбат ва хости хонанда номаҳои хонандагон аст, ки қаблан дар шакли хаттӣ имрӯз тавассути воситаҳои электронӣ роиҷ мебошад. Бо ин усул муайян намудани мавқеи нашрияҳо низ бад нест, аммо доманаи он то андозае маҳдуд аст. Усули нисбатан васеъ ва холисонаи омӯзиши аудитория ва ба ин минвол муайян кардани мавқеи нашрияҳои даврӣ пурсиши анкетавист, ки аз ҷониби ташкилоти бетараф гузаронда мешавад. Бартарии ин усули омӯзиши сотсиологӣ боз дар он мебошад, ки респондент (пурсидашаванда) ному насаби худро ошкор намекунад. Дар ин ҳолат ӯ метавонад муносибаташро холисона муайян созад.
Хуб аст, ки дар замони истиқлол марказҳои омӯзиши сотсиологӣ ба ин ҷиҳат эътибор медиҳанд. Дар ин самт фаъолияти Маркази тадқиқотии «Зеркало» нишонрас аст. Ин марказ солҳои 2003, 2005 ва 2013 бо мақсади муайян намудани мавқеи нашрияҳои даврӣ таҳқиқот гузаронда буд. Натиҷаи омӯзиши соли 2003 ҷиҳати афзалиятшумории нашрияҳои даврӣ, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва Кӯлоб (535 нафар) гузаронда шуд, се нашрия: «Оила» (27,5%), «Чархи гардун» (18,9%) ва «Авитсена» (8, 6%) – ро дар сегонаи аввал қарор дод. Дар ин тадқиқот рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо 3, 7 % дар ҷойи шашум ҷой гирифт.
Таҳқиқоти соли 2005 нишон дод, ки 55% респондентон ин ё он рӯзнома ва ё маҷалларо ҳамеша мутолиа менамудаанд. Рӯзномаи аз ҳама хонотарин «Оила» будааст. Дар ҷойи дуюм бо 8% нашрияи «Ҷумҳурият» ва сеюм «Муҳаббат ва оила» қарор гирифтанд. Нашрияи «Азия Плюс» дар ҷойи чорум буд. Дар тадқиқоти соли 2013 «Азия Плюс» маъруфтарин нашрияи иҷтимоию сиёсӣ шинохта шуд.
Дар таҳқиқоти навбатӣ, ки дар заминаи Лоиҳаи муштараки Вазорати фарҳанг, ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» ва Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» бо мақсади муайян намудани дараҷаи истифодаи аҳолии кишвар аз воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ гузаронда шуд, маълум гардид, ки серхонандатарин  рӯзномаи кишвар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» будааст. Дар ин тадқиқот нашрияи «Ҷумҳурият» (34 %) ҷойи аввал,  «Омӯзгор» (23,8%) ҷойи дуюм ва «Минбари халқ» (22,2%) ҷойи сеюмро ишғол намуд. Дар ҷойи чорум «Садои мардум» меистад. Дар тадқиқоти мазкур зиёда аз 2000 нафар респондент аз тамоми манотиқи кишвар ширкат варзид.
Ин нишондоди оморӣ, ки ҳосили омӯзишҳои сотсиологӣ аст, нишон медиҳад, ки дар 15 соли охир нашрияи «Ҷумҳурият» тадриҷан мавқеи худро дар фазои иттилоотии кишвар вусъат бахшида, аз ҷойи шашум ба ҷойи аввал баромадааст. Ин маънои онро дорад, ки сол ба сол таваҷҷуҳи мардум ба ин нашрия бештар гардида, сафи хонандагонаш  зиёд шудааст. Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки чӣ гуна «Ҷумҳурият» дар як муддати кӯтоҳ ба ин сатҳи баланд расид? Кадом омилҳо ба ин таъсир гузоштаанд? Ба баланд гардидани эътимоди нашрия боиси қавӣ гардидани иртиботи мардум ба ҳаёти расмӣ бошад ва ё заҳмату талошҳои дастандаркорони он? Ба назари инҷониб дар боз ҳам маҳбубият пайдо кардани ин нашрия миёни хонандагон ҳар ду омил таъсиргузор аст. Чунончи дар боло ишора рафт, соли 2003 нашрияи «Оила» серхонандатарин будааст. Ин бар он гувоҳӣ медиҳад, ки майлу рағбати аудитория ва доираи маърифати он солҳо дар чунин сатҳ қарор доштааст. Нишондоди имрӯзаи тадқиқоти сотсиологӣ маълум намуд, ки дараҷаи иҷтимоӣ ва сиёсии хонандагон низ боло рафтааст, ки дар ин кор саҳми кормандони нашрияи «Ҷумҳурият» низ кам нест.
Бо вуҷуди ин ба мушоҳидаҳои инҷониб тӯли солҳои охир наш-рия кӯшиш намуд, ки тарҳи худро замонавӣ ва мундариҷаашро рангоранг гардонад. Дар ин самт нашрия қадамҳои устувор гузоштааст. Ин қадамҳоро дар чанд ҷиҳат метавон асоснок намуд. Аввалан, “Ҷумҳурият” ба талаботи рӯзнома нисбатан мувофиқ гардид. Ин нашрия ҳам аз ҷиҳати фосилаи чоп, ҳам аз ҷиҳати мундариҷаву муҳтаво ва ҳам шаклу ороиш ҷавобгӯйи талаботу таъйиноти рӯзнома мебошад. Алҳол он дар як ҳафта панҷ маротиба ба табъ мерасад. Чунин фосилаи чоп имкон медиҳад, ки нашрия аз як тараф, рӯйдод ва ҳаводиси муҳими рӯзро дар гармогармиаш фаро гирад, аз ҷониби дигар, бо инъикоси масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мундариҷаашро рангоранг созад. Ҳамчунин, ҳамкории нафарони касбу кори гуногун – рӯзноманигорону публитсистон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон, олимону муҳаққиқон, адибону омӯзгорон, коршиносону масъулони мақомоти давлатӣ ва намояндагони соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа дар инъикоси ин ва амсоли ин масъалаҳо аз чанд ҷиҳат ҳам барои нашрия ва ҳам барои хонандагони он манфиатбор шудааст. Баъдан, доманаи мавзӯоти рӯзнома васеу рангинтар ва ба ҳолати қабули аудиторияи умумӣ мувофиқ шудааст. Инъикоси воқеияти рӯз ва баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ аз диду назари гуногун ва фарогирии ҷанбаҳои мухталиф сурат мегирад. Солисан, мундариҷаи нашрия аз ҷиҳати шакли жанрӣ рангоранг ва нисбатан ҷаззобу ҷолиб шуд, муносибат ба мавзӯю масъалаҳои инъикосшуда то андозае демократӣ гардида, бо вуҷуди таъйиноти расмӣ, оммавияти рӯзнома вусъат пайдо кард.
Дар баробари ин, чанд омили дигар ба баланд гардидани нуфузи нашрия миёни хонандагон таъсир расонд. Аз ҷумла, якум, нашрия аз ҳисоби ҳаҷман хурд кардани матолиб, доираи мавзӯоташро гуногун намуда, ба масъалаҳои мубрам бештар эътибор медиҳад; дуюм, тӯли се соли охир дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимиятҳои маҳаллӣ озмунҳо ташкил намуд. Дар озмунҳое, ки ба гиромидошти кору пайкори Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Садриддин Айнӣ  баргузор гардид, нашрия беш аз 80 матлаб интишор намуд; сеюм, се сол қабл нашрия саҳифаи махсусеро бо номи «Шоми шанбе» таъсис дод, ки дар таҷрибаи матбуоти даврии тоҷик падидаи тоза аст. Дар ин саҳифа навидҳои тоза ва ҷолиби фарҳангиву адабӣ дар шакли хабар, лавҳа, шеъру ҳикоя аз воқеиёти арзишманди башарӣ, рӯзгори шахсиятҳои барҷастаи ватаниву хориҷӣ бо ороиши хуби диққатангез интишор карда мешавад; чаҳорум, забон ва услуби «Ҷумҳурият» сода, равон, орӣ аз ҳар гуна илтифоти маҳалливу гуфторӣ аст. Дар масъалаи риояи меъёрҳои забон ва услуби публитсистӣ ҳеҷ нашрияи дигар ба «Ҷумҳурият» баробар шуда наметавонад.
Умуман, нашрияи «Ҷумҳурият» дар низоми матбуоти имрӯзаи мо аз ҳар ҷиҳат бартарӣ ва афзалият дорад, ки инро метавон дар шакли воҳид, мундариҷаи рангин, ороиши касбӣ, усули замонавии таҳияи мавод, гуногунжанрии матолиб, забони шево ва қобилияти хуби нигорандагии ходимонаш арзёбӣ намуд.
Тамоми кормандони нашрияро ба муносибати серхонандатарин нашрия эълон шудани «Ҷумҳурият» муборак гуфта, умед мебандем, ки ин комёбӣ масъулияти кормандони онро боз ҳам бештар мегардонад. Онҳоро водор месозад, ки барои бо усули касбӣ инъикос намудани ҳаёти иҷтимоии рӯзгори имрӯзи мо аз ин ҳам бештар талош варзанд ва ба ин васила, аз як тараф, дар тарғиби сиёсати Ҳукумати кишвар усули оммавияти инъикосро тақвият бахшанд, аз сӯйи дигар, иртиботи нашрияро бо мардум наздиктар гардонда, пешгомии «Ҷумҳурият»-ро дар матбуоти муосир бо нишондоди аз ин тадқиқот баландтар нигаҳ доранд. Ба ин боварӣ ҳаст, зеро нашрия дар роҳи дарёфти эътимод қарор дорад.

Мурод МУРОДӢ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2018    №: 74    Мутолиа карданд: 677

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед