logo

сиёсат

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ СОХТМОНҲОИ ПОЙТАХТ

Шиносоӣ бо бунёди эстакада дар маҳаллаи 82 - юм
13 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба маҳаллаи 82-юми пойтахт ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонии эстакада дар ин мавзеъ аз наздик шинос шуданд.
Тавре маълум гардид, корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба итмом расида, айни ҳол мумфаршкунии қитъаҳои алоҳидаи роҳ, сохтмони истгоҳҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои пиёдагард ва ободонии атроф бомаром идома доранд.
Бояд тазаккур дод, ки сохтмони иншооти мазкур бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 оғоз ёфта буд. Он вақт Роҳбари давлат ба фармоишгарону пудратчиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расондани корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳим дас-тури қатъӣ дода буданд. Мутобиқи лоиҳа, сохтмони иншоот бояд 1-уми сентябри соли ҷорӣ - дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ пурра анҷом дода шавад.
Тарҳи мазкур дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” амалӣ гашта, имконият медиҳад, ки минбаъд ҳаракати нақлиёт дар ин масир бемамоният ба роҳ монда шавад.
Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуюми чорроҳа роҳи давродавр бунёд гардида, дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб як пул бо дарозии 125 метр сохта шудааст. Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи мазкур 4 роҳи зеризаминӣ низ бунёд ёфтааст, ки феълан таъмиру муҷаҳҳазсозии онҳо бо сис-темаи рӯшноидиҳӣ бомаром идома дорад.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида, назорати сифати сохтмон аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ ба роҳ монда шудааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ наздик ба 170 нафар ҷалб гардидааст, ки 150 нафари онҳоро мутахассисони маҳаллӣ ташкил дода, феълан бо маоши хубу саривақтӣ таъминанд.
Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мегардад. Паймонкори лоиҳа корпоратсияи роҳҳо ва пулҳои “Синдзян-Бейсин” – и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат мекунад.
Аснои суҳбат бо сохт-мончиён Пешвои миллат ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулонро ба ободонии гирду атроф, назорати сифати корҳои боқимонда ва анҷоми саривақтии сохтмони мазкур ҷалб намуданд.
Қобили зикр аст, ки амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамонияти нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, ҳамчунин, рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд ва чунин роҳи чандқабата бори аввал дар Тоҷикистон сохта мешавад.
Дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи 2-юми лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” оғоз бахшиданд.
Дар марҳилаи навбатӣ аз муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе роҳи мошингард пурра навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар ин мавзеъ низ корҳои сохтмонӣ оғоз ёфта, пудратчии он ширкати "Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб гардидааст. Назорати сифати корҳоро дар ин марҳила ширкати машваратии "Эптиса"-и Испания бар уҳда дошта, тибқи лоиҳа, чорроҳаи назди муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино пурра навсозӣ карда мешавад.

Зимни муаррифии тарҳи мазкур гуфта шуд, ки паҳноии роҳ ба 68 метр расонда шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат бунёд мегардад. Сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ дар назар дошта шудааст, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамонияти тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии нақлиётро аз байн мебарад.
Лоиҳаи мазкур дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастандаркорони лоиҳаро бобати назорати қатъии сифати роҳи сохташаванда муваззаф намуда, таъкид доштанд, ки бояд роҳи мазкур мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати олӣ бунёд гардад, то он барои мардум солҳои тӯлонӣ хизмат намояд.

Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» қад меафрозад
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе дар боғи Сангини шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мавзеи бунёди ангоравии Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» боздид ба амал оварданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии боғи Сангин, ки дар он Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» сохта мешавад, 8,5 гектарро ташкил медиҳад. Барои зебову назаррабо гардондани атроф, гулгаштҳо ва роҳравҳои назди маҷмаа дарахтони гуногуни сояафкану ороишии ҳамешасабз шинонда шудаанд.
Имрӯз барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин макон ба мавзеи сабзу хуррам табдил дода шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз мавзеи сохтмони Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» изҳор доштанд, ки иншооти нав бояд бо санъати баланди меъмории миллӣ ва бо сифати баланд бунёд карда шавад. Зеро Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар оянда ба макони таърихӣ, зебову дилфиреб ва сайругашти сокинону меҳмонони пойтахт табдил хоҳад ёфт.
Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва Озодӣ, инчунин, ба хотири 30 - солагии Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.
Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас, бедор сохтани ҳисси ватанпарастӣ дар қалби ҷавонон, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва комил гардондани истироҳату фароғати сокинони пойтахт тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамояд. Бо сохта ба истифода додани Маҷмаи «Истиқлол ва Озодӣ» боз як гӯшаи шаҳри Душанбе ободу зебо мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва сохтмончиён барои анҷоми корҳои босифат дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон изҳор доштанд, ки дар оянда низ бо вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, сабзгардонӣ ва фароҳам сохтани шароити аз ин беҳтар барои сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе дар мавзеи Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони нодири сояафкан шинонда шуда, ин ҷо ба макони назаррабо табдил дода мешавад.

Маҷмааи универсалии варзишӣ дар шаҳри Душанбе
13 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи универсалии варзишӣ шинос шуданд.
Фармоишгар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй Комплекс” мебошанд. Маҷмаа аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд мегардад.
Ба ғайр аз “Строй Комплекс” дар корҳои сохтмонии маҷмаи варзишӣ 19 ширкати ватанию хориҷӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки аз аввали сохтмон то имрӯз дар маҷмӯъ дар рафти сохтмони ин маҷмаи бузурги варзишӣ аз 1,5 то 2 ҳазор нафар бо кори муваққатӣ ва пас аз ба кор даромаданаш беш аз 600 каси дигар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.
Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои “Ростовгипрошахт”-и Федератсияи Русия бо назардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки тамоми зебоиҳои релйефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешавад. Маҷмаи муосири варзишӣ дар мавзеи хеле дилфиреб, дар болои боғи фарҳангию фароғатии ба номи Умари Хайём ва дар миёни талу теппаҳои Лучоб ва рӯди Душанбе қарор дошта, яке аз ҷойҳои зеботарин ва мувофиқ мебошад.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи сохтмону ободонӣ ва ҷараёни корҳо, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки Маҷмаи универсалии варзишӣ дар майдони қариб 10 гектари ин мавзеи зебо бунёд мегардад.
Дар ин ҷо қасрҳои варзишии болопӯшида ва нимпӯшида ва ҳам майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ ва дигар намудҳои варзиши обӣ, ҳамчунин, қасри намудҳои варзиши рӯйи ях бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешаванд.
Маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ мебошад, ки ҳар яке аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад. Аз ҷумла, 7 майдони омӯзишии теннис ҳар яке 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст доранд. Қасри калони варзиши обӣ бошад дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд. Майдону майдончаҳои теннис ва ҳавзҳои аз рӯйи масоҳат ва чуқурӣ гуногуни ин маҷмаъ ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои маҳаллию байналмилалӣ, аз ҷумла барои бозиҳои олимпӣ, пешбинӣ шудаанд. Дар ин маҷмаъ аз кӯдакони ҳафтсола сар карда то пиронсолон метавонанд бо машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои аз чуқуриашон камтарин то 3 метр мавҷуд аст. Ҳавзҳо бо баландиҳои якуним се ҳафт ва даҳ метр мутобиқ ба тамоми талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ сохта мешаванд.
Дар ҳавзи шиноварии болокушода 3 намуди варзиши обӣ, аз ҷумла шиноварӣ дар масофаи кӯтоҳ, полои болои об барои занону мардон ва ҷаҳидан ба об ва дар қасри намудҳои варзиши обӣ 5 намуди варзиши обӣ, аз қабили шиноварӣ дар масофаи дароз, шиноварӣ дар масофаи кӯтоҳ, полои обӣ, шиноварии синхронӣ ва ҷаҳиш дар об гузарондан мумкин аст. Дар ҳудуди маҷмаи варзишӣ таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои мошинҳо, роҳраву гулгаштҳои зебо ва ороишоти дилписанд пешбинӣ шудаанд.
Баъди шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат ва ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои назорат аз рӯи корҳо дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои Бонки миллӣ
13 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ ба роҳбарияти он дастуру супоришҳои созанда доданд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо заминҳои наздиҳавлигии Бонки миллӣ, Кохи Ваҳдат ва дигар иншооти шафати кӯчаи марказии хиёбони Рӯдакӣ барои бунёди гулгашти замонавӣ, шинондани гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ, чароғонкунӣ, сохтмони фаввораҳои зебо ва насби курсиҳо дар ин ҷо ҳидоятҳо доданд.
Баъди бунёди гулгашти нав, ки дар як ҷойи хеле мувофиқ бо дастури Пешвои миллат сохта мешавад, барои сокинону меҳмонони пойтахт макони дилфиреби сайругашт муҳайё мегардад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатии пойтахтро ба сифати баланди корҳо ва иҷрои тадбирҳои ободонии муҳит бо завқи баланди зебоипарастӣ ҷалб карданд.
Бунёди боз як гулгашти нав дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои шаҳрвандони мамлакат туҳфаи арзандаи Пешвои миллат мебошад ва он имкон медиҳад, ки Душанбе, дар ҳақиқат, ба шаҳри гулҳо мубаддал гардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2018    №: 75    Мутолиа карданд: 327

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед