logo

фарҳанг

ЁДГОРИҲО НИЁЗ БА ҲИМОЯТУ ОМӮЗИШ ДОРАНД

Миллати тоҷик, ки дар тӯли асрҳо аз омӯзиши таъриху фарҳанги бостонии хеш дар канор монда буд, баъди истиқлолият ба омӯзиши давраҳои давлатдории қадим ва наваш ниёзи бештар пайдо кард. Зеро баррасиву таҳқиқи сарнавишти ибратомӯзи ниёгон ва донистани таърихи меҳан, бигзор талху пурфоҷиа ҳам бошад, инчунин, сабақ гирифтан аз иштибоҳоти гузашта миллати моро бедору огоҳ, зираку ватандӯст ва пухтаву дурандеш месозад.
Эмомалӣ РАҲМОН


Агар мо дар асоси осори ниёгонамон имрӯзиёну ояндагонро тарбия накунем, наомӯзонем, беҳтарин шоҳкориҳоро намунаи ибрат қарор надиҳем, ба пешравии ҷомеаи инсонӣ, ҳаёти одамӣ муваффақ шуда наметавонем. Барои ин бояд ба забони коху қасрҳои муҳташам сухан кунем, ёдгориҳои таърихиамонро дар ҷаҳон таблиғу ташвиқ намоем. Аз гузаштаи халқу ватанамон афсонаю қиссаҳо гӯем, гиряҳою хандаҳои гумшудаи таърихи худро ҷӯем, якдилона рӯҳи ниёгонро бо накукориҳо пос дорем ва бо ҳифз намудани осорашон масъул бошем.
Ниёгонамон дар бисёр мавридҳо ҷон сипар намуда, осори гузаштагонро ба имрӯзиён расонданд. Мо ҳам бояд идомадиҳандаи кори неки онҳо бошем! Имконияти мо барои иҷрои ин амал зиёд аст.
Дар ёдгориҳои таърихӣ гузаштаи мо маҳфуз мебошад. Зарур аст, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳимоя кунем, ҷон бидиҳему нагузорем, ки харобашон бикунанд ва ё гарде ба болои он афтад.
Халқҳои дигар хурдтарин ва камарзиштарин осори гузаштаи худро ҳифз менамоянд, аз будаш даҳҳо маротиба зиёдгӯӣ карда, даъвои куҳанбунёдӣ мекунанд. Он чӣ ки мо - тоҷикон дорем, на ҳама ҷаҳониён доранд. Ин муболиға нест, воқеияти таърихии исботшудааст.
Гузаштаро кофтану ёфтан, муаррифӣ ба омма намудан магар савоб нест? Он як навъ дарс, дарси ибрат нест? Одамон дар талоши зиндагӣ ва банди мушкилоти имрӯз бехабар аз гузашта мемонанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва коллеҷу литсейҳо, инчунин, дар донишгоҳҳову донишкадаҳои олии кишвар бояд дарсҳои махсус, саволу ҷавобҳо оид ба ҳифзи ёдгориҳо гузаронда шаванд. 
Созмонҳои ҷамъиятӣ бо дастгирии ниҳодҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо ин корро бояд ба субут расонанд. Мутаассифона, агар мушаххас гӯем, ба созмон додани ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанг» дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва коллективҳои меҳнатӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Ин ташкилот ба унвони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати барқарорсозии намояндагиҳои ташкилот мактуб ирсол кард. Лекин ҳалли барқароркунии раёсату ташкилотҳо ҳамоно дар ҳолати карахтӣ қарор доранд. Фақат дар як чанд шаҳру ноҳияҳо гӯё раёсатҳои ташкилотро барқарор кардаанду халос.
Бинобар ин, раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо як ҷаҳон лутфу эҳтиром аз масъулон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати барқарорсозии намояндагиҳои ташкилот кумак намоянд.
Бисёр хуб мебуд, агар дар анъанашавии ҳифзи осори ниёгон тамошобину шунаванда нею иштирокчии фаъол гардем.
Мурод ЁРОВ,
раиси раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2018    №: 76    Мутолиа карданд: 350

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед