фарҳанг
ЁДИ ЁРИ МЕҲРУБОН
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯ,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.
Навҷӯиҳои ҳунарманди асилу нотакрор Олим Бобоев (Олими Искандарӣ) асосан аз табиати инсонии ӯ, ки шахси шӯридадилу ошиқ ва бениёз буд, сарчашма мегирифтанд. Шӯру қиёми ӯ ба воситаи суруду навоҳояш аз дилаш берун омада, ба ҳазорҳо дилҳои дигар менишаст.
Тавре ки маълум аст, Олим ранҷбари ҳунар буд ва сурудеро сараввал интихоб намуда то ба нуқтаи олияш нарасонад, назди мардум, ҳатто дар кӯчактарин маҳфилҳо намехонд. Нисбат ба худ, истеъдод ва ҳунари сарояндагӣ сахтгир буд.
Дар байни овозхонони Тоҷикистон пайдо шудани ҳунарманде ба мисли Олим Бобоев дар рушди «Шашмақом» такони ҷиддӣ бахшид. Садояш чунон марғуладору неруманд буд, ки бидуни балангӯяк низ месуруду шунавандагону мухлисонро ба ваҷд меовард.
Олим аз байни ҳаводоронаш одамонеро меҷуст, ки асолати ҳунари ӯро хуб бифаҳманд ва самимона дӯст доранд, ба дардҳои вай шарик бошанд, андешаҳо, ормонҳо ва фардонигариҳои ӯро бишносанд. Ишқу муҳаббат, миллатпарастӣ, ҷавонмардиву хештаншиносӣ мавзӯи асосии таронаҳои Олим буданд. Силсилаи сурудаҳои ӯ симои як ошиқи покбозу покниҳодро ҷону забон бахшидаанд. Дарде, ки аз нолаву фарёди ишқ заррае намекоҳад, балки ҳар чи бештар ба шӯр меояд, қавӣ мегардад. Ҳангоми сурудан манзараҳои зиндаеро пеши назар меоранд.
Олим Бобоев ба касе тақлид намекард, овози ӯ ҷозибаи худро дошт. Меҳру шавқи санъат дар сиришти Олим аз падараш Искандар, ки яке аз овозхонони маъруфи водии Зарафшон буд, мерос монд. Ӯ модарашро бештар аз ҳама дӯст медошт ва мудом мегуфт: «Бе модарам зиндагӣ карда наметавонам». Ва воқеан ҳам, вақте модараш вафот кард, баъди шаш моҳи вафоти модараш марг риштаи ҳаёти ӯро (моҳи феврали соли 2012) ҳам барканд ва ба қавли шоир:
Бирафт он гулбуни хуррам ба боде,
Фиғоне монду фарёдеву ёде.
Наорад гардиши гардун дигар бор,
Чунин хуррамдиле, фаррухнажоде.
Олим Бобоев дар Русия, Фаронса, Эрон, Африқо ва даҳҳо мамлакатҳои дигар сафарҳои ҳунарӣ дошт ва аз миллати фарҳангу ҳунар будани мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён собит намуд.
Мувофиқи мақсад мебуд, агар масъулон барои абадӣ гардондани номи чунин абармарди майдони ҳунар тадбире меандешиданд. Аз ҷумла, ин ё он муассисаи хурди санъат ва ҳунарро ба номи ӯ гузоранд ва ё дар зодгоҳаш ба хотири гиромидошт гӯшаеро барояш ихтисос диҳанд, барои аҳли санъат ва мухлисони бешумори овозхони шаҳир кори хайре мебуд.
Рустам ХАЛИЛОВ, Варқаи ЗАЙНИДДИН,
шаҳри Бохтар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.04.2018 №: 77 Мутолиа карданд: 444