logo

фарҳанг

ЧЕҲРАИ ТОБОНИ АЙНӢ. БАРДОШТ АЗ БУЗУРГДОШТИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

Субҳи 14 апрели соли равон хиёбони марказии ноҳияи Айнӣ – шаҳраки Айнӣ фазои идона дошт. Намояндагони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, аҳли маорифу фарҳанг, толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар сокинони касбу кори гуногун ба манзури иштирок дар ҳамоиши васеи адабӣ - бадеӣ таҳти унвони «Осори устод Айнӣ - мероси тиллоии халқи тоҷик» ҷамъ омаданд.
Маҳфили илмиву адабӣ ва базми шеър, ки бахшида ба 140 – солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар назди пайкараи ин фарзанди фарзонаи миллат сурат гирифт, хотирмону рӯҳнавоз буд. Қобили зикр аст, ки гулгашти атроф ва пайкараи устод Айнӣ, тирамоҳи соли 2017 дар доираи чорабиниҳои вобаста ба баргузории озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият»  якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ тармиму навсозӣ шуда, ба маркази ноҳия ҳусну намои тоза бахшид.
- Таърихи башарият дар паҳнои густурдаи хеш шахсиятҳои тобнокеро, ки ба нафъи ҷомеа хидматҳои бунёдӣ кардаву соҳиби нуфузу эътибор гардидаанд, ҳамеша дар ёд дорад. Устод Садриддин Айнӣ, аз ҷумлаи чунин арбобони барҷастаи илму ҳунар аст, ки хидматҳои мондагораш дар муаррифии арзишҳои маънавӣ, таърихи адабиёт ва ҳувияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик арзишманду тақдирсоз буданд.
Бо ҳамин матлаб Гулсара Зокирзода, муовини раиси ноҳияи Айнӣ, ҳамоиши адабӣ - бадеиро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба шинохти чеҳраҳои таърихии миллат марҳилаи нав фаро расид. Бузургтарин арҷгузорӣ ба хизматҳои арзишманди Садриддин Айнӣ, бо Фармони Президенти мамлакат додани унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон ба ин абармарди таърих аст.
Фатҳиддин Баҳриддинов, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия, дар маърӯзаи фарогир ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва таълифоти Садриддин Айнӣ рӯ овард. Номбурда изҳор дошт, ки тавлид, рушду инкишоф ва пешрафти адабиёти навини тоҷик ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ сахт алоқаманд аст. Вақте ба сафҳаҳои эҷод ва кору пайкори ин абармард назар меафканед, бешак, дар симои ӯ як шахсияти мубориз, ҷӯянда, эҷодкор, шоир, нависанда, муаррих, адабиётшинос ва забоншиносро мебинед, ки барои ҳастии забону миллати хеш мубориза мебарад ва аз ягон мушкиливу монеа ҳарос надорад. Ҳамаи андешаҳои устод Айнӣ саршори кору пайкори мунтазам, муҳаббат ба Ватану миллат, забону фарҳанги миллӣ, мубориза барои ояндаи дурахшони илму фарҳанг, ҷаҳду талош ва фидокории беғаразона, дасту дили пок ва нияти нек аст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2018    №: 77    Мутолиа карданд: 400

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед