logo

фарҳанг

СУРАТИ НОДИР Ё ТАЪРИХИ ЯК АКС

Ду маротиба, солҳои 1983 ва 1986, дар рӯзномаи «Тоҷикистон Советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») таҷриба андухтаам. Ҳар ду дафъа ҳам, дар шуъбаи ахбор ва варзиш, ҳар ду бор низ таҳти роҳбарии журналистони шинохта Имомназар Холназар (мудир) ва Мақсуд Ҳусейн (ходим) навиштаҳои аввалинам ба табъ расидаанд.
Бори якум дар матбааи аввал ва бори дувум дар нашриёти Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти  Тоҷикистон (ҳозира Комплекси табъу нашри «Шарқи озод») аз ҷузъиёти ҳуруфчинии «гарм» ва саҳифабандӣ огаҳӣ ёфтам.
Соли 1985 қисмати якуми нашриёти нав, бинои истеҳсолӣ - матбаа ба кор даромад. Тобистони соли 1986 ҳамроҳи навбатдорон аз идораи рӯзнома, кӯчаи Свириденко, 6 (ҳоло Бухоро) ба хиёбони Правда, 16 (ҳоло хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16) омадем. Саҳифабанди рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» Мирзо Юнусов моро истиқбол гирифта, тарзи саҳифабандии усули «гарм» - ро фаҳмонд.
Толори бузург дар ошёнаи савуми нашриёт беқиёс буд. Дар он  ба як бор 18 саҳифабанд, пушти мизҳои барпаҳни оҳанӣ саҳифа мебастанд. Болои мизҳо аз қолиб ва ғарами ҳарфҳои чидашуда пур буданд. Дар паҳлуи ҳар як талер (мизи оҳанӣ) боз мизи хурди чӯбии ғалладондор, барои кормандони котиботи маҷаллаву рӯзномаҳо қарор дошт, ки дар он матолиб, аксҳои шумораи навбатӣ ва ё истифодашударо нигоҳ медоштанд.
Бо гузашти панҷ сол, ин ҷониб ба ҳафтавори навтаъсиси «Наврӯзи Ватан» (ҳоло «Наврӯзгоҳ») ба кор омадам ва аз ҳамон давра то соли 2000 - ум,  то давраи гузаштан ба усули нави саҳифабандӣ - чопи компютерӣ, дар сехи ҳуруфчинӣ пайваста даробаро доштам.
Иддае аз кормандони котибот бепарвоӣ зоҳир менамуданд. Пас аз чопи рӯзнома матлабҳои мошинкашуда ва аксҳоро болои миз ва ё дар ғалладонҳои шикаста, чун моли аз эътибор соқитшуда, мепартофтанд. Ана дар чунин яке аз рӯзҳои аввали солҳои 90-ум назарам ба ғарами коғазу суратҳои чангзада бархӯрд. Аксҳоро тагурӯ кардам. Акси нодиреро дидам. Дар он симои Бобоҷон Ғафуровро шинохтам.
Эшон бе пиҷак, дастҳо пеши бар, дар сар тоқии чоргули нимдошт, табассум бар лаб дар суҳбат буд. Дар он акс боз панҷ тани дигар мунъакис шуда буданд, ки онҳоро нашинохтам.
Дар пушти сурат соядасти кӯтоҳе бо мазмуни: «Дорогой дочке от отца». Имзо: Гафуров.
Чанги аксро афшонда, дар ҳуҷраи корӣ онро ба лифофае ҷо намудам. Инак, ба тахмин, қариб 20 сол мешавад, ки он акси нодир (асл) - ро дар бойгонии хеш маҳфуз медорам. Аз ҳамон овон то кунун аксро дар ягон маҷалла ва ё рӯзнома вонахӯрдаам.
Инак, ин акси нодирро бо соядасти аллома Ғафуров ба нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба иқдомашон барои ташкил намудани озмун ҷиҳати бузургдошти устод ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» тақдим менамоям.
Умари ШЕРХОН,
публитсист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2018    №: 77    Мутолиа карданд: 378

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед