logo

Хабарҳо

НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

Давоми се моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 14 ҳолати содир намудани ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва як ҳолати даст ба худкушӣ задан сабт шудааст.

Дар ин бора Оминаи Ашурмат, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра аз ҷониби аъзои комиссия ва мақомоти дахлдор бинобар риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба 55 нафар волидайн бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб ва бо қарори суди шаҳри Кӯлоб ба ҳар кадоми онҳо ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима таъйин карда шуд.
Дар доираи амалӣ намудани чорабиниҳои ба ин самт равонашуда дар се моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори шаҳр 15 амалиёти муштараки мақсадноки профилактикӣ дар кӯчаю бозорҳо, марказҳои компютерӣ, масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта гузаронда шуданд. Дар пайи чорабиниҳо 91 ноболиғ боздошт ва дар шуъбаи хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони ШВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сабти ном шуд.
О. Ашурмат иброз дошт, ки дар ин давра оид ба иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр вохӯриву суҳбатҳо доир карда шуд.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 171

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед