logo

номаҳо

СИПОСНОМА БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

86- солаам. Шукр, дар ин синну сол тандурустаму пойи равону дасти гиро дорам. Як умр дар ободонӣ, шукуфоии гӯшаҳои гуногуни кишвар саҳм гирифтаам. Ҳар пешравию тараққиёти сарзамини аҷдодӣ маро шод месозаду фараҳманд. Ҳамеша бо таъкид изҳор медорам, ки ба қадри сулҳу осоиштагӣ,  истиқлолу ваҳдат ва неъматҳои фаровони ин Ватани маҳбуб бирасему ҳамзамон дар рушду нумӯи он саҳми арзандаву чашмрас бигирем.
Чанд рӯз пештар ба пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе рафтам. Мақсад гузошта будам, ки пас аз рӯзе бармегардам, аммо обу ҳаво, зебоиву шукуфоии шаҳр раъйи маро дигар кард. Зарур донистам, ки чанд рӯзи дигар дар он ҷо бимонам.
Бо вуҷуди  пириям пиёда гардиш мекардам. Гулҳои тару тозаву рангоранг, дарахтони сабз диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳо барои кӯдакон дар ҳар маҳалла бунёд ёфтаанд. Боғҳои фароғатӣ бо ҳусну намуди нав дилрабоянд. Биноҳои баланду хуштарҳу замонавӣ гувоҳ аз боло рафтани завқу масъулияти бинокорон аст.
Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки шаҳрдорӣ, хусусан раиси он Рустами Эмомалӣ, ҷавони ташаббускор, бо эҳсоси масъулияти роҳбарӣ ва шаҳрвандӣ ҳамаи тадбирҳоро баҳри ободониву шукуфоии пойтахт меандешад.
Лозим донистам, ки ин номаи сипосро ба унвони идораи рӯзнома бифиристам ва дар зимни он ба ӯ дуои давлату тандурустӣ, ривоҷи кору хушбахтӣ бидиҳам.
Абдураҳмон ШАМСИЕВ,
деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2018    №: 78    Мутолиа карданд: 798

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед