logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ИЛМИ АДАБИЁТШИНОСИИ ТОҶИК

Бобоҷон Ғафуров олими забардастест, ки оламиёнро ба таърихи пуршараф ва фарҳанги бостонии халқи худ ошно намудааст. Ӯ дилдодаю дилбохтаи забон, таърих, адабиёт ва фарҳанги халқи хеш буд. Мавсуф пеш аз он ки ба масъалае рӯшанӣ андозад, ба тамоми сарчашмаҳои асосӣ рӯ меовард, меомӯхт, таҳлил мекард, аз ҷиҳати илмӣ – таърихӣ онро асоснок менамуд.

Устод  нисбат ба адабиётамон корҳои ҷолиби илмӣ – тадқиқотӣ кардаанд. Аз ин рӯ, метавон Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун адабиётшиноси варзида эътироф кунем, зеро олимони зиёде аз ин боб ибрози назар намудаанд.
Ҳангоми мутолиаи “Тоҷикон” ба гуфтаҳое оид ба адабиёт вомехӯрем, ки онҳо аз нигоҳи илмӣ хеле асосноканд. Олим оид ба “Адабиёти бадеӣ ва таърихнигории тоҷик дар асрҳои XVI” андеша ронда, аз ҷумла қайд мекунад, ки мувофиқи тазкираи Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, дар Бухоро 250 ходими илму адаб кору эҷод мекард. Адабиётшиноси нуктасанҷ доир ба фаъолияти адабии Зайниддин Восифӣ, Камолиддин Биноӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ назари худро бо далелҳои раднопазир асоснок намудааст.
Ба ғазалиёти Бадриддин Ҳилолӣ баҳои баланд дода, “забони фасеҳ, санъати нафис ва оҳанги дилнишини  ғазалҳои ӯ” - ро махсус зикр менамояд. Нахустин маълумотҳои тозаро оид ба фаъолияти эҷодии Мушфиқӣ низ Ғафурови адабиётшинос баён намудааст. Онҳо минбаъд барои кушодани паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти шоир ба тадқиқоти ояндаи олимонамон заминаи боэътимод гузоштаанд. “Хусусан, ғазалҳои ошиқона, рубоиёти хуби ӯ шуҳрати зиёд пайдо кардаанд”, - қайд кардааст аллома.
Адабиёти асри мазкурро нисбат ба адабиёти қарни XV барои он маломат мекунад, ки дар он суханрониҳои каммазмун, ҷиҳатҳои шаклпарастӣ, таназзули маҳорат мушоҳида карда мешуд. Ба он таъсиру шароити таърихӣ ҳам сабаб шуда буд.
Бобоҷон Ғафуров назари худро доир ба “Адабиёти тоҷик ва солномаи таърихии асри XVII ва ибтидои асри  XVIII” баён карда, адабиёти ин давраро дар ҳолати тараққиёт мебинад. Бо ифтихор номи шоирон Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Обиди Мумтоз, Сайидои Насафӣ ва дигаронро ба забон меорад. Олимони муосир дар ин бахш пажӯҳишҳои зиёде кардаанд ва аз ин андешаҳои Б. Ғафуров ҳамчун сарчашма истифода намудаанд. 
Махсусан, баҳои адабиётшинос ба Сайидои Насафӣ ҷолиб аст: “Сайидо халқи худро бисёр дӯст медошт. Ӯ на фақат ба маҳсули адабии худ, балки шахсан ҳам афтодагон ва мазлумони  бечораро ҳимоя мекард”. Сайидоро барои он ситоиш мекунад, ки ӯ дар ифодаи ақидаҳои пешқадам аз муосирини худ чанд қадам пеш гузашта буд. Аз ҷиҳати гузориши мавзӯъ, шакли шеър, навгониҳо ба амал овард, мавзӯи ғазалро васеъ кард. Ба мавзӯъҳои қасида таҳаввулот ворид намуд. Жанри “Шаҳрошӯб” тавассути ӯ вориди майдони адабиёт гардид. Бобоҷон Ғафуров иқрор мешавад, ки ҳатто “сабки мураккаби ҳиндӣ”- ро дар асарҳои ӯ мушоҳида кардан мумкин аст. Олим дуруст хулоса кардааст, ки забони офаридаҳои ӯ ба забони адабии ҳозираи тоҷик бисёр наздик аст.
Оид ба ҳаёти илмӣ ва адабии асрҳои XVIII ва то миёнаҳои асри XIX ҳам мулоҳизаҳои ҷолиб баён доштааст. Ӯ бештар дар атрофи Бедил  хони суҳбат меорояд. Олим исбот мекунад, ки ин ҷараён аз муқаллидони куҳнапараст орӣ шуда, соҳиби намояндагони пешқадами худ гардид. Дар ин саф олим дар пайраҳаи Бедил қадам гузоштани Нақибхон Туғрал, Асирии Хуҷандӣ, Ҷавҳарии Истаравшаниро қайд мекунад. “Мактаби шеъри Бедил Осиёи Миёнаро тасхир карда, садҳо пайравон пайдо карда буд”, - менависад муҳаққиқ.
Оид ба ҷасорат ва маҳорати шоираи дузабона – Дилшод, дар доираи адабии Қӯқанд ном баровардани Гулханӣ, Муҷрим, Кошиф, Маъдан, Ҳозиқ, Махмур низ маълумот медиҳад.
Б. Ғафуров бурду бохти ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёнаро таҳлил карда, қайд мекунад, ки равшанфикрони рус дар тадқиқи таърих, забон, адабиёту фарҳанги мо хизмати чашмрас кардаанд. Хосса ин раванд, дар ташаккули ҷаҳонбинии Аҳмади Дониш заминаи хуб гузошт. Олим моҳияти сафарҳои Донишро ба Русия ҳамаҷониба баррасӣ мекунад. Рисолаи “Наводир – ул – вақоеъ” муҳимтарин асари таърихӣ дар ин давра шуморида шудааст. Бузургтарин хизмати Дониш ин буд, ки тавонист дар атрофаш мардони  маорифпарварро муттаҳид кунад. Дар ин қатор номи Савдо, Возеҳ, Ҳайрат, Шамсиддин Шоҳинро ҳам қайд мекунад. Ба андешаи муҳаққиқ онҳо ҳарчанд ба пояи Дониш нарасида бошанд ҳам, шоирони мумтоз ва маорифпарварони асил буданд.
Аллома Б. Ғафуров фаъолияти адибони пешқадами тоҷик Ҳайрат, Саҳбо, Асирӣ, Айнӣ ва дигаронро низ мавриди пажӯҳиш қарор додааст.
Хулоса, Бобоҷон Ғафуров ба ҷуз аз муаррихи фарохназар ва хирадманд буданаш, инчунин адабиётшиноси асил эътироф шудааст  ва нуқтаи назар, андешаю мулоҳизаҳои амиқу равшани ӯ то ҳол қимати илмии худро аз даст надодаанд.
Маъруфи ҲИСОМ,
омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2018    №: 78    Мутолиа карданд: 698

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед