logo

фарҳанг

ПАНҶАКЕНТИ БОСТОН. РӮ БА ШУКУФОӢ

Аввали солҳои навадуми асри гузашта аз суст шудани ҳокимияти марказӣ  ва пояҳои давлат истифода бурда, дар шаҳри Панҷакент заводу  фабрикаҳои истеҳсолиро хусусӣ карданду дар ҷояшон хона сохтанд ва фурӯхтанд, дар ҷои садҳо гектар замини киштбоб хонаҳои истиқоматӣ пайдо шуданд. Аммо ба рағми душманон бо талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҳокимият мустаҳкам ва мамлакат осудаву ором шуд, ваҳдату ягонагӣ тантана кард.
Баробари ин, дар шаҳри Панҷакент каналҳои Тӯхсанкорезу Марғедар сероб гардиданд, насосҳои обкашии пойгоҳҳои Дашти Ёрӣ, Дупула, Нилуфар -1 ва Нилуфар - 2 ба кори доимӣ сар карданд ва садҳо гектар боғу заминҳои киштбоби мавзеъҳои Дашти Малла, Дашти Сӯхтав, Мармар, Дашти Марғедару Дашти Ёрӣ шодобу файзбор шуданд. Раванди созандагию ободонии  тамоми шаҳру деҳоти Панҷакент оғоз гадид, шаҳри куҳан аз нав тозаҷавон шуд, ҳусни тоза гирифт. Пас аз Истиқлолияти давлатӣ дар Панҷакенти бостон Қасри фарҳанг, Кохи ҷавонон ба номи устод Лоиқ Шералӣ, садҳо мактабу бемористон, роҳу пулҳо, биноҳои баландошёна, корхонаҳо, иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бунёд гардида, созандагию ободгароӣ бомаром идома меёбад.
Ҷои таассуф аст, ки ҳанӯз ҳам ҳастанд шахсоне, ки чунин ободию ободкориро дида натавониста,  худро ба сафи гурӯҳҳои ифротию террористӣ, назири салафия, ваҳҳобия, ташкилоти экстремистию террористии ҳизби мамнӯи наҳзат ва ба ном «давлати  исломӣ», зада, туҳмату буҳтон мерезанд ва зиндагии хушу гуворои мардумро талху тира сохтан мехоҳанд. Дар урфият мегӯянд: «Ҳар кӣ нонро ба по зад, оқибат ӯро нон мезанад».
Президенти кишвар  шабу рӯз барои сулҳу ваҳдати саросарӣ, ба мамлакати пешрафтаи саноатӣ табдил додани Тоҷикистон, фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар, дарёфти  роҳи сулҳу оромӣ дар Афғонистон, ҳифзи бунёди инсондӯстонаи  дини мубини ислом, мушкилоти об, муҳофизати муҳити зист ва  проблемаҳои дигари умумибашарӣ талош меварзанд. Ба шарофати чунин талошҳои башардӯстона обрӯю эътибори байналмилалии Тоҷикистон пайваста боло меравад. Алҳол дар ҷаҳон кишвари моро ҳамчун пешоҳанги ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба об мешиносанд ва ба он пайравӣ мекунанд.
Шодию хурсандии беинтиҳои пиру ҷавони шаҳри  Панҷакент аз пазироии Сарвари давлат дар Ҷашни имсолаи Наврӯз, идона оростани шаҳр, ободонӣ ва чеҳраҳои шукуфта гувоҳи онанд, ки сокинони  ин шаҳри  бостон сад дар сад аз сиёсати хирадмандона, созандагӣ, ободонӣ, бунёдкории Пешвои миллат пуштибонӣ мекунанд ва дар атрофи эшон сарҷамъанд.
Ҳоло зодагони Панҷакенти куҳан аз он ифтихор доранд, ки соли 2020 - ум 5500 - солагии Саразми бостон ҷашн гирифта мешавад. Ин маъракаи муҳим кулли мардумро  ба он вомедорад, ки  баҳри ободонии бештари Панҷакент  камари ҳиммат банданд. Боварӣ дорем, дар доираи омодагӣ ба ин ҷашн болои ёдгориҳои Саразм кӯшке, қалъае ҳамчун нишон аз гузаштаи ин шаҳри қадими тоҷикон бунёд ёфта, дар маркази шаҳр нимпайкараҳои қаҳрамонони миллати тоҷик Спитамен, Деваштич, Аспанзод, Муқаннаъ гузошта мешаванд. Ба муносибати Ҷашни 5500 - солагии Саразм хиёбоне ё кӯчаеро ба номи аввалин кошифи Саразм - устод Абдуллоҷон Исҳоқов гузоштан қадрдонии  хидматҳои ӯ хоҳад буд. Устод як умр дар Панҷакент ҳамчун бостоншинос заҳмат кашидаанд.
Мардуми шарифи Панҷакент  аз зиндагии хушу осуда ва ваҳдату ягонагӣ шукргузоранд, баҳри ободонии диёр заҳмат кашида, боғу бӯстон месозанд, дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро ҷиҳати созандагӣ ва ба мамлакати пешрафтаи ҷаҳон табдил додани Тоҷикистон иҷро мекунанд, то ки  на дар сухан, балки дар амал пайрави Пешвои маҳбуби миллат бошанд.  
Холмурод САФАРЗОДА,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2018    №: 78    Мутолиа карданд: 519

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед