logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕРО ЗЕБОТАР МЕБИНАМ

Душанбе. Зодаи ин шаҳри сулҳоварам. Бо тамоми ҳастӣ дӯсташ медорам. Он бо рангҳои гуногун дар хотирам нақш бастааст - хотираҳо аз кӯдакӣ, аз ҷавонӣ, аз умри бигзашта… Махсусан ҳоло ҳар бор аз назди хона, аз саҳни майдонча, ки навсозӣ мешавад, мегузарам, ёд аз кӯдакӣ меорам. Дар солҳои нооромӣ аз арғунчакбозӣ, асптозӣ, сохтани ашёҳо аз гилу қум дар майдони қумзор ва ҳар гуна бозиҳои дигар нишоне намонд. Ҳоло бо бунёди майдончаҳои варзишӣ аз нав барқарор шуданд. Ва банда, ки он вақт танҳо ҳафт сол доштам, ҳаваси дубора баргаштан ба ин дунёи беғаш кардам. Хостам армон шиканам
Дар пойтахти кишвар шумораи майдончаҳои варзишии то ин вақт сохташуда ба 93 расид. Бунёди онҳо дар гӯшаю канорҳои шаҳр босуръат идома дорад. Аз ҷумла, майдончаи варзишии назди боғи навбунёди фарҳангӣ – фароғатии «Ҷавонон», ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифт, бо шароити мусоиди фароғату дилхушӣ алъон дастраси кӯдакони хуштолеи замони истиқлол аст. Иқдоми пешгирифта дар рушди комили кӯдакону наврасон бо ҷалби онҳо ба ҳар гуна бозиҳо мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат ба масъулон ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар боғ муҳаёгардида ва ҷалби кӯдакону наврасон ба бозиҳои гуногун дастур доданд.
Вусъати корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе, ки рӯз аз рӯз симои пойтахтро тарҳу намои тоза мебахшад, нишон медиҳад, ки талошҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт муваффақанд. Зеро дар ҳама бахшҳои шаҳрдорӣ, шурӯъ аз хизматрасонии нақлиётӣ, коммуналӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, танзими нарх дар бозорҳои пойтахт пешравиҳои амиқу чашмрас ба миён омадаанд. Гулкориву сабзкориҳои бесобиқа дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, назди бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба чашми ҳар бинанда, бахусус меҳмонони пойтахт, Душанберо ба сурати зеботару гул – гулшукуфон ба ҷилва меорад. Ин раванд аз ҳар сокини пойтахт, масъулони сохтору идораҳои дахлдор тақозо менамояд, ки ба тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо ва гирду атрофи коргоҳҳои хеш таваҷҷуҳи бештар намуда, дар маҷмӯъ барои ободонии шаҳр саҳмгузор бошанд. Вале, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳама дар иҷрои ин амр аз худ масъулият нишон медиҳанд. Дар ҳоле ки ҳар рӯз аз бунёду навсозии ин ё он иншооти муҳим, майдончаҳои варзишӣ гузориш мерасад, мавҷуд будани як бино, муассиса ё майдончаи харобшуда, ки дар натиҷаи бемасъулиятӣ ё камтаваҷҷуҳӣ ба миён меояд, ҳусни шаҳри азизро мекоҳонад.
Майдончаи варзишии назди хона (воқеъ дар назди бинои 9/1 – и кӯчаи Неъмат Қарабоев, ноҳияи Фирдавсӣ), ки бо бунёдаш хотираҳо аз кӯдакӣ ёд меоянд, кӯдакону наврасони зиёдро бо бозӣ ба ҳам меорад. Ин хуб аст. Вале баъзан аз ҷониби кӯдакон ва волидайни онҳо нисбат ба назорат ҷиҳати истифодаи дуруст ва нигоҳубини майдонча беэътиноӣ зоҳир мегардад. Дар саҳни майдони бозиҳои футболу волейбол ҳанӯз корҳои иҷронашуда боқӣ мондаанд. Умуман, вазъи майдонча беҳбудӣ мехоҳад.
 Вале чун шаҳри Душанбе рушди босуръат гирифта, симояшро ба куллӣ дигар кардан дорад, сокинони пойтахтро дар ростои ҳамраъйӣ ба иқдомҳои созанда зарур аст, ки дар ободонӣ ва ҳифзу нигоҳдории ҳар гӯшаю канори пойтахт, хусусан атрофи маҳали зисти худ, масъулиятшинос бошанд. Махсусан дар нигоҳубини майдонча, ки хотираҳо аз он зиёданду бо бунёдаш ёд омад аз кӯдакӣ дар Рӯзи пойтахт.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2018    №: 78    Мутолиа карданд: 457
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед