logo

иҷтимоиёт

БОХТАР. ТАЪМИНИ 249 НАФАР БО ҶОЙИ КОР

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум пайваста ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро роҳандозӣ намуда, ба корфармоёну корҷӯён имкониятҳои васеи интихобро фароҳам месозад.
Тайи се моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр 3 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд, ки дар он беш аз 40 ташкилоту корхона даҳо ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро ба корҷӯён пешниҳод намуданд.
Тибқи иттилои Аюб Назиров, сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, дар ин муддат зиёда аз 470 корҷӯ муроҷиат кардааст. Аз ин 249 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Тибқи нақша то охири сол ташкили 1150 ҷойи кори нав дар назар мебошад.
Бо назардошти ин, бо мақсади эҳёи  ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкасб кардани шаҳрвандони бешуғл 5 курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯйи ихтисосҳои коргузор, кор бо компютер, қуроқдӯзӣ, адрасбофӣ, дӯзандагӣ ва бофандагӣ ташкил карда шуд, ки 95 нафар ба омӯзиш ҷалб гардидаанд.
Дар баробари ин, ба 11 нафар барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки онҳо айни замон дар соҳаҳои кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тиҷорат ва хизматрасонӣ фаъолият мебаранд.
Кароматулло РАҲМАТОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2018    №: 80    Мутолиа карданд: 192

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед