logo

иҷтимоиёт

ТАШАККУР БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ!

Мӯйсафеди нуроние ба дафтари кориам ворид шуду баъди салому алейк гуфт:
 - Навис, писарам, дар саҳифаи «Ҷумҳурият», ки онро хурду бузурги мардуми Тоҷикистон мехонад, навис: мо, мӯйсафедони Душанбе, ба раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ аз самими дил миннатдорӣ изҳор мекунем.
- Майлаш, бобо, лекин аввал шумо нақл кунед, баъд ман чизе нависам...

Набӣ Муқимов, сокини 75 – солаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, беш аз 40 сол барои пешравии кишвар босамар меҳнат карда, имрӯз соҳиби фарзандону набераю абераҳост ва бароҳат давлати пирӣ меронад. Аз оромию осудагии кишвар шукргузор асту аз навгонию пешравиҳое, ки хусусан тайи соли охир дар пойтахт ба вуқӯъ пайвастанд, хеле ба ваҷд омадааст. Ӯ ба тафсил нақл кард:
- Ташаккур ба раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, барои интихоби кадрҳои масъулиятшинос, барои ободию зебоии Душанбе, хусусан барои ғамхорӣ дар ҳаққи мӯйсафедон. Ба ғайр аз он ки раиси шаҳр дар ҳар ҷашну рӯзҳои ид моро фаромӯш намекунад, бо туҳфае ё маблағе заҳматҳои чандинсолаи моро қадр месозад, инак, чанд вақт аст, ки соҳиби «Корти эҳтиром» - ему дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе бепул равуо мекунем. Ин ғамхорӣ дар ҳаққи пиронсолони аз 75 – сола боло бо қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ шуд. Дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр давоми як соли охир хизматрасонӣ хеле беҳтар шудааст, фарёду ғиреви ронандагон ва ёрдамчиёни онҳо қариб ки ба гӯш намерасад. Ба мо ҳангоми савор шудан ёрӣ мерасонанд, ҷой медиҳанд, бо нишон додани «Корти эҳтиром» роҳкиро талаб намекунанд. Мо аз ин гуна ронандаҳо низ хеле миннатдорем. Аммо мисле, ки маҳтоб ҳам доғ дорад, баъзан ронандаҳое пайдо мешаванд, ки ҳам нисбат ба мо, ҳам нисбат ба «Корти эҳтиром» беэҳтиромӣ мекунанд.
19 апрел бо ман ҳамин ҳол рух дод. Ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ хеле ҷанҷол бардошта, сарфи назар  аз дидани «Корти эҳтиром» пул талаб кард. Барои пул не, ба хотири он, ки беҷазо мондани чунин касон боиси ривоҷ гирифтани амали носавобашон мешавад, ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси шаҳр муроҷиат кардам. Маро хуш қабул карданд, арзамро шуниданд. Мудири шуъба Хайрулло Камолов дар ҳузури худам ба роҳбари он ронанда занг зада, супориш дод, ки фавран оид ба ин ҳолат чораи қатъӣ андешад ва аз натиҷааш гузориш диҳад. Аз байн ду соат нагузашта ҳамон ронанда ҳамроҳи роҳбари корхонаашон Бегмурод Маллаев ба наздам омада бахшиш пурсиданд. Қабул кардам ва гуфтам, ки чунин беэҳтиромиашро дар ҳаққи мӯйсафедони дигар ҳаргиз такрор насозад. Ҳамзамон, аз Б. Маллаев хоҳиш кардам, ки ронандаро аз кор пеш накунад, басанда аст, ки дар ҷаласаи аҳли кормандони корхона рафтори ношоистаи ӯро муҳокима намоянд.
Аз тадбирандешии фаврӣ хушам омад. Охир, баъзан дар назди дари баъзе амалдорон соатҳо интизор мешавию баъд ба ҷои ҳалли мушкил фақат «мебинем» мешунавӣ. Дар дастгоҳи раиси шаҳр бошад, маро ҳам хуш қабул карданд, ҳам масъала дар ҷояш ҳал шуд, боз як пиёла чой ҳам муроот намуданд.
Ташаккур, барои роҳбарии хуб, барои кормандони масъулиятшинос, барои ғамхорӣ, барои ободию зебоии Душанбе ва шароити хубе, ки раиси шаҳр барои сокинону меҳмонони Душанбе муҳайё намудааст. Ташаккур ба Рустами Эмомалӣ!
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2018    №: 80    Мутолиа карданд: 371

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед