logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИҚДОМҲО БА НАФЪИ АҲЛИ БАШАРАНД

Дар зарфи 26 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куллӣ дигаргун шуд, дар тамоми соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, сулҳу ваҳдат тантана кард, бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ рушд намуданд ва зиндагӣ ранги тоза гирифт.
Шурӯъ аз солҳои аввали ҳазораи нав тавассути иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун пешоҳанги ҳалли мушкилоти умумибашарии марбут ба об эътибори тоза пайдо кард. 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ дар бораи роҳандозӣ намудани  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо ҷонибдории аксари кулли кишварҳои узви созмон қатънома қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони ин даҳсолаи байналмилалӣ бори аввал аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд. Даҳсолаи байналмилалӣ 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Сарвари давлат 22 марти соли равон дар иҷлосияи 72 - юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид татбиқи даҳсолаи  нави байналмилалиро расман ҳусни оғоз бахшиданд.
Президенти ҷумҳуриамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро на танҳо дар назди меҳан ва миллат, балки дар назди башарият ва таърих сарбаландона ва бо хирадмандии хосси миллати тамаддунэҷоди тоҷик адо менамоянд. Пешниҳодоту ҳидоятҳои Пешвои муаззами мо ба нафъи тамоми аҳли башаранд. Зеро об омили муҳими ҳаёт дар сайёраи Замин ба шумор меравад. Ҳаҷми муҳити гидросфера дар сайёраи мо ниҳоят бузург аст, вале 96 дарсади онро оби шӯри баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳад. Ба ҳиссаи оби нӯшокӣ ҳамагӣ 2,5 дарсади ҳаҷми умумии гидросфера рост меояд. Талабот ба оби нӯшокӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон ва ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар ҳоли афзоиш аст. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 2 миллиард нафар аз норасоии оби нӯшокӣ азият мекашанд. Аз ҳисоби ҷавобгӯ набудани сифати оби нӯшиданӣ ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ миллионҳо нафар вафот мекунад ва 3 миллион нафар ба бемориҳои мухталиф гирифтор мешавад. Ҳамзамон, дар ҷаҳон 1,2 миллиард нафар имконияти дарёфти оби тозаи нӯшиданиро надорад. Инчунин, зиёда аз 3 миллиард нафар аз одитарин шароити беҳдоштӣ (санитарӣ) маҳруманд.
Бо назардошти ин, пешниҳодҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири раҳоии инсоният ва табиати сайёра аз ин буҳрони азим роҳандозӣ шуда, самар меоваранд, аз ин рӯ, дар тамоми дунё ҷонибдорӣ ва ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кардаанд.
Мавҷуда ҚОСИМОВА,
директори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии  № 47-и  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2018    №: 80    Мутолиа карданд: 169

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед