logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Фарҳод Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарух Алибекзода, ҳуқуқшиноси калони Бюрои давлатии ҳуқуқӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷавоб доданд.


Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Ба ҳамсояам дар ҳаҷми 140 ҳазор сомонӣ қарз дода будам. Дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунандаи нотариалӣ мавҷуд аст. Муҳлати баргардондани қарз моҳи декабри соли 2017 анҷом шуд, вале қарздор дар Русия мебошад. Ҳоло барои баргардондани маблағи қарз бояд чӣ кор кунам ва ба куҷо муроҷиат намоям?
С. ШОМАЛАНГЗОДА,
шаҳри Бохтар

Қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ситондани маблағи пулиро, ки оид ба доду гирифти он ҳуҷҷати тасдиқкунандаи нотариалӣ мавҷуд мебошад, бо роҳи пешниҳоди ариза оид ба қабули фармон муқаррар кардааст. Шумо ҳамчун ситонанда ҳуқуқ доред, ки ба суд барои ситондани маблағи пулӣ бо ариза муроҷиат намоед. Чунин аризаҳо бе иштироки тарафҳо баррасӣ шуда, фармони суд оид ба рӯёндани маблағ қабул карда мешавад ва дар асоси ин фармон мумкин аст, истеҳсолоти иҷроия оғоз шуда, барои гирифтани маблағ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шаванд.

* * *
- Соли 2004 бо шавҳарам ақди никоҳ бастем. Никоҳамон дар ҷамоати деҳот ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба мо шаҳодатномаи ақди никоҳ дода буданд. Мутаассифона, шаҳодатнома гум шуд ва барои такроран гирифтани ин ҳуҷҷат ба бахши САҲШ - и ҷойи истиқоматамон муроҷиат намудем. Кормандони бахш сабти никоҳро наёфтанд. Мо аз зиндагии якҷоя соҳиби 1 фарзанд ҳастем, аммо ба ӯ шаҳодатномаи таваллуд нагирифтаем. Дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунам?
А. НУРАЛИЕВА,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳврандӣ” шумо метавонед, бо ариза дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳврандӣ дар шакли тасдиқшуда ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали истиқомататон муроҷиат намоед. Ҳамчунин дар асоси моддаи 81 - и ҳамин қонун, ҳангоми рад кардани барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳврандии гумшуда, бо сабаби набудани имконияти барқарор намудани он аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳврандӣ барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бе тартиб додани хулоса дар асоси ҳалномаи суд, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, ба ҷо оварда мешавад. Зеро мувофиқи сархати 3 моддаи 269 - и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумуҳурии Тоҷикистон суд парвандаҳои муқарраркунандаи ҳолати бақайдгирии давлатии таваллуд, фарзандхондӣ никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, вафотро баррасӣ менамояд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2018    №: 81    Мутолиа карданд: 122

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед