logo

сиёсат

ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР. ТОҶИКИСТОН ДАР МАЗҲАРИ ТАВАҶҶУҲИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Оғози татбиқи ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 22 марти соли ҷорӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷараён гирифт, бори дигар Тоҷикистони азизи моро ҳамчун кишвари ташаббускор дар мазҳари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор дод.
Нишони хиради олӣ ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллати мост, ки маҳз дар чунин фурсат, яъне дар ҳоле ки соири кишварҳои олам ба татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон шурӯъ карданд, соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Зеро рушду тавсеаи ин ду бахши ба ҳам алоқаманд дар ростои амалишавии барномаи нави ҷаҳонии Тоҷикистон ва дар соле, ки кишвари мо мизбони муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мешавад, имконпазир хоҳад буд.
Татбиқи ин ташаббус танҳо омиле нест, ки аҳли сайёра ба сӯи Тоҷикистон дида медӯзанд, балки доир гардидани “Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез”, ки соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд, нигоҳҳоро ба кишвари мо бештар ҷалб месозад. Мусаллам аст, ки дар пайи чунин нишасту конфронсҳо ташрифоти сатҳи оливу вуруди меҳмонони зиёд ба мамлакат сурат мегирад. Дар чунин вазъ, ҳамзамон, муаррифии иқтидорҳои туристӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва шароитҳои мусоид барои ҷаҳонгардони хориҷӣ басо мувофиқу натиҷабахш хоҳад буд. Гузашта аз ин, бо ба роҳ мондани сатҳи баланди хизматрасониву меҳмоннавозии тоҷикона дар ин фурсат метавон ба ҳадафҳое даст ёфт, ки дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба нақша гирифта шудаанд. Дар ин замина аз ҳар фарди худогоҳу бедордил эҳсоси масъулият, риояи одобу маданияти баланди меҳмондорӣ тақозо мешавад. Зеро агар ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷӣ бо бардошти мусбат ба ватанаш баргардад, ба сурати табиӣ дар тарғиби Тоҷикистон нақш мегузорад, ки чунин раванд ба ҷалби дигар сайёҳон мусоидат хоҳад кард.
Ман, ҳамчун омӯзгор хуб дарк мекунам, ки дар партави иқдоми Президенти маҳбуби мамлакат оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пеш аз ҳама ҳадафҳои олии давлатдорӣ, истифодаи босамар аз имкониятҳои мавҷудаи мамлакати мо ба хотири таъмини рушди устувори он ва рӯзгори босаодати мардум қарор мегирад.
Шарти асосии расидан ба ин ҳадафҳои олӣ, аз саҳми фаъоли ҳар узви ҷомеаи тоҷик дар татбиқи сиёсати бобарори дохиливу хориҷии Пешвои муаззами миллат вобастагӣ дорад. Мо, бояд дар ин роҳ самимонаву содиқона ва бо ифтихор аз он, ки иқдомҳои санҷидашуда ва ташаббусҳои бунёдии Пешвои муаззами тоҷикон вобаста ба ҳалли муаммоҳои глобалӣ дар ҷаҳон ҳамовозии гарм пайдо намуда, ҳамчун ибтикороти башардӯстона шинохта мешаванд, вориди амал шавем.
Замира БОБОХОНОВА,
омӯзгори МТМУ № 51-и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2018    №: 81    Мутолиа карданд: 929

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед