logo

ҳуқуқ

ВОЛОИЯТИ ҚОНУН МУҲИМТАРИН ШАРТИ ЭЪМОРИ ҶОМЕАИ НАВИН

Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.   
Эмомалӣ РАҲМОН
Кафолати муҳими таҳкими заминаҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ноил шудан ба сифати баланд ва самараноки мавҷудият ва амалишавии низоми меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ, инчунин, таъмини волоият, риоя ва эҳтироми Конститутсия ва таҳкими сохтори конститутсионӣ дар кишвар мебошад.
Тавре мусаллам аст, асоси фаъолияти мақомоти амалисозандаи адолати судии конститутсионӣ, ин ноил шудан ба қонунияти конститутсионӣ ва дар ҳудуди кишвар барпо кардани фазои ягонаи ҳуқуқӣ дар заминаи Конститутсия ба шумор меравад. Маҳз мақомоти амалисозандаи адолати судии конститутсионӣ дорои ваколати васеи назоратӣ оид ба ташаккули фазои ягонаи ҳуқуқӣ мебошад, ки хислати системавӣ ва ҳамаҷонибаро дар худ таҷассум мекунад.
Аҳамияти муҳими Суди конститутсионӣ дар он ифода меёбад, ки тавассути ҳимояи Конститутсия ин мақом фаҳмиши ягонаи Конститутсия, таъмини волоият ва ҳимояи ғояҳои бунёдии онро дар ҳама сатҳҳои ҳокимият таъмин намуда, амалишавии бомароми ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро тақвият мебахшад. Кафолати рушди устувори давлати демокративу ҳуқуқбунёд низ дар ҳамин ифода меёбад. 
Суди конститутсионӣ дар ташаккул ва рушди конститутсионализми муосир, қонунгузории конститутсионӣ ва соҳавӣ нақши  назаррас дорад, зеро ин мақом меъёри қонунро ғайриконститутсионӣ эътироф намуда, онро аз қувваи ҳуқуқӣ маҳрум месозад ва самаранокии раванди қонунэҷодкуниро баланд мебардорад.  
Функсияи Суди конститутсионӣ бо ин хотима наёфта, инчунин, дар доираи қарори худ, дорои як навъ функсияи маънидодкунии конститутсионии меъёри қонунгузории соҳавӣ мебошад ва бо ин тарз талаботи қонунгузории соҳавиро ба сатҳи принсип ва арзишҳои конститутсионӣ мерасонад, ки онҳо бояд дар соҳаи дахлдори мавриди танзими ҳуқуқӣ инъикоси худро пайдо намоянд. 
Табиати ҳуқуқии қарорҳои Суди конститутсионӣ, ки бинобар баамалбарории назорати конститутсионӣ қабул мешаванд, асосан бо мавқеи ҳуқуқии дар онҳо инъикосёбанда вобаста мебошанд, чунончи, маҳз дар мавқеи ҳуқуқии Суди конститутсионӣ моҳияти ҷавҳари меъёрии ҳуқуқии қарори қабулшуда инъикос мегардад.
Дар маҷмӯъ, амалишавии бомароми ҳадафҳои давлати демократӣ ва арзишҳои конститутсионӣ шаҳодати он аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон низоми муътадили қонунгузорӣ мавҷуд буда, конститутсионализм ба таври устувор вориди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ гардидааст ва исботи ин омил тарзи демократии таҳия ва қабули қонунҳо, мавҷудияти назорати конститутсионӣ, устувории меъёрҳои конститутсионӣ ва эътирофи арзишҳои волои инсонӣ ба шумор мераванд.
Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2018    №: 82    Мутолиа карданд: 174

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед