logo

фарҳанг

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. ИТТИҲОДИ МИЛЛАТ

Забон муҳимтарин омили ҳастии миллат маҳсуб меёбад. Ба ин хотир давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлол  гардидан ба масъалаи рушди забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.  Ин буд, ки  забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфта шуд.
Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҳастанд нафароне, ки ин ҳамаро нодида мегиранд. Меъёрҳои забони тоҷикиро риоя намекунанд. Дар бисёр маврид ғалат мегӯянду ғалат менависанд. Дар гуфтугӯ аз забони адабӣ хеле кам ё умуман истифода намебаранд. Ҷойи таассуф аст, ки дар баъзе аз  барномаҳои радио ва телевизон ровиён низ ба чунин иштибоҳ роҳ медиҳанд. Баъзан калимаҳои арабӣ, аз лаҳҷаи эронӣ истифода менамоянд, ки ин дар натиҷа боиси омезиш ёфтани забони тоҷикӣ бо дигар забонҳо мегардад. Фиттаҳое низ ба фурӯш баровардаву пешкаши омма мешаванд, ки дар тарҷумаи онҳо меъёрҳои забони тоҷикӣ умуман риоя нашудаанд. Дар тарҷумаи филмҳои тасвирӣ, ки аслан барои кӯдакону наврасон пешбинӣ шудаанд, калимаҳои қабеҳу шикаста, нокомил истифода гардидааст, ки ин ҳам, албатта боиси нигаронист. Зеро кӯдакон чун ғалат  будани онро ҳанӯз дарк намекунанд, зуд ин ҳамаро аз худ менамоянд ва дар забони гуфтугӯ истифода мебаранд.
Албатта барои рафъи ин мушкил мо – омӯзгорон пайваста талош карда, кӯшиш менамоем, ҳангоми таълим дар мактаб бо шогирдон бо забони ноби тоҷикӣ гуфтугӯ кунем.  Аммо гумон мекунам дар ин самт  оила низ бояд, ки бо мактаб ҳамкории зич дошта бошад. Зеро насли наврас тарзи дуруст гуфтанро на танҳо дар мактаб, балки аз муоширати байниҳамдигарӣ дар оила низ метавонад аз худ кунанд. 
Таърихи башарият, хусусан таърихи давлатдории ориёӣ шаҳодат медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо барои  густариши забони модарии худ тадбирҳои мушаххас меандешиданд. Барои устувор сохтани давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ аз ғановати  забон истифода  мекарданд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки забон дар ҳама давру замон воситаи муҳими иттиҳоди миллати тоҷик будааст. Пас биёед онро тоза нигоҳ дорем ва аз олудашавӣ бо забонҳои бегона эҳтиёт кунем.
Баргигул ОДИНАЕВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2018    №: 83    Мутолиа карданд: 258

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед