logo

маориф

МАКТАБ. ФАРДОРО ИМРӮЗ БОЯД СОХТ!

Афзоиши пайвастаи ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир аз омилҳои муташанниҷ гаштани вазъи сиёсию иҷтимоии замони имрӯз гаштааст. 

Қувваҳои экстремистӣ дар ҳолатҳои муайян аз ҳиссиёти динии мардум истифода бурда, бо шиору тавсияҳои ғаразнок онҳоро ба вартаи фалокату ҳалокат кашида, фазои сиёсии кишварҳои алоҳидаро муташанниҷ  месозанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  борҳо аз минбарҳои сатҳи олӣ иброз доштанд, ки: «Террорист Ватан, миллат ва мазҳаб надорад ва аз ин  рӯ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар байни ҷомеа мавриди мубоҳиса ва андешарониҳои зиёд гардид. Мутобиқи моддаи 8 қонуни мазкур падару модар уҳдадоранд, ки фарзандонашонро аз иштирок дар фаъолияти муассисаҳои динӣ, ғайр аз кӯдаконе, ки дар мактаби махсуси динӣ таҳсил менамоянд, манъ намоянд.
Ҳар сол барои риоя накардани ин талаботи қонун баъзе падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Албатта, ин ҳама  чораҳо барои солимии мафкураи ҷавонон ва пурмасъулият гардидани  волидони онҳо андешида мешаванд. Зеро, аз роҳи бад гардондани фарзанд вазифаи волидон мебошад. Ҷавонон ва наврасон бояд аз сулҳу суботи имрӯза шукргузорӣ намоянд.
Пас, мо – омӯзгорон, кӯшиш намоем, ки насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ҳимоятгари Ватан будан тарбият намоем ва таъкид созем, ки чун як фарзанди бонангу  номус бо сулҳу ваҳдати кишвари азизи худ ифтихор кунанд, марзу буми онро ҳимоят намуда, баҳри пешгирии паҳншавии зуҳуроти номатлуб саҳм гузоранд. Зеро, Тоҷикистони соҳибистиқлол умед ба ҷавонони ояндасози бо нангу номус дорад.
Муҳаббат РАҲМАТОВА,
омӯзгори МТМУ №14 - и шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2018    №: 83    Мутолиа карданд: 368

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед