logo

фарҳанг

МАШЪАЛДОРОНИ. ВАҲДАТУ БЕДОРИИ МИЛЛАТ

Дар тӯли ҳаёти худ бо амри тақдир ман ба дидори се нафар Қаҳрамони Тоҷикистон - шоири бузурги миллат Мирзо Турсунзода, муаррихи нотакрор ва сиёсатмадори варзида Бобоҷон Ғафуров ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф гардида, ҳатто бо роҳбарии Сарвари муаззами кишвар дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон кору фаъолият намудам. Замон ва макони баъзе аз ин воқеаҳои таърихиро имрӯз ба риштаи тасвир кашидам, ки ба ақидаи банда, ин нигориш аз аҳамият орӣ нахоҳад буд.

Дебоча
Тобистони соли 1969 устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода ҳамчун вакили мардумии ИҶШС барои мулоқот бо интихобкунандагон ба деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ташриф оварданд. Баъди ба анҷом расидани мулоқот бо сокинони русто бо даъвати падарам ин шахси олиқадр ва ҳамсафаронашон меҳмони манзили мо гардиданд. Гули сари сабади маҳфили онрӯза устод Мирзо Турсунзода буданд. Аҳли нишаст муаддабона ҳикояту ривоёти марғуби устодро аз боби сафарҳои эҷодӣ ба кишварҳои мухталифи дунё бо шавқу завқи хосса гӯш мекарданд. Дар ҷараёни ин суҳбати таърихӣ падарам Ҳоҷӣ Сайфиддин Икромов оҳиста аз ман хоҳиш кард, ки чойнаки чойро аз назди меҳмонон гирифта, сареан аз оби рӯдхона чойи нав омода созам. Вақте ки ман дархости падарамро иҷро кардам, устод ногаҳон нақлашонро қатъ карда, бо самимияти гуворо ба сӯи ман нигариста арзи сипос карданд:
- Писарам, ташаккур, воқеан аз оби рӯдхонаи Исфара чойи кабуд нӯшидан ба кас ҳаловат мебахшад. Оби рӯдхонаи Исфара дору аст. Бахусус, ба онҳое, ки мисли ман гирифтори бемории қанд ҳастанд, роҳати ҷон аст. Хуб, ба ман бигӯ, ки таҳсилро дар куҷо идома медиҳӣ?
- Ман мехоҳам дар факултаи забони англисии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе таҳсил кунам.
- Англисӣ забони хуб, вале забони модарӣ муқаддастар аст, мулло Сайфиддин, - гуфта устод ба қиблагоҳи ман хитоб карда, сипас суханашонро идома доданд: - Хуб мебуд, агар писаратон ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, мутахассиси забони тоҷикӣ мешуд…
Ҳамин тавр, падарам сухани устодро ба замин нагузошта маро баъди хатми мактаби миёна барои таҳсил ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) фиристоданд ва баъди супурдани имтиҳоноти давлатӣ, моҳи сентябри соли 1973 ман дар факултаи забон ва адабиёти донишгоҳи фавқуззикр ба таҳсил оғоз кардам. Дере нагузашта маъмурияти факулта барои дар шуъбаи журналистика таҳсил кардан дар байни донишҷӯён озмун эълон кард. Дар қатори дигар ҳамсабақон банда низ дар он қуввасанҷӣ иштирок кардам. Ба қавли маъруф, ин дафъа низ бахти ман хандиду ниҳоят донишҷӯи шуъбаи журналистика шудам.

Дониш андар дил чароғи равшан аст…
Тавассути таълиму тарбияи хуб ва роҳнамоии ҳамешагии устодон Воҳид Асрорӣ, Хӯҷабек Зулфиқоров, Абдусаттор Нуралиев ва Иброҳим Усмонов мо – се нафар муҳассилини шуъбаи журналистика Олимҷон Салимзода, Мирасрори Фарғонӣ ва банда дар қатори дигар донишҷӯёни факултаи филология ғолиби озмун гардидем. Озмуни мазкур аз ҷониби иттифоқи касабаи донишгоҳ эълон гардида, аз се шарти асосӣ иборат буд: хониши аъло, одоби намунавӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ. Баъди ҷамъбасти озмун ғолибон соҳиби роҳхат ба тамошои мавзеъҳои таърихии шаҳри Маскав шуданд. Роҳбарии гурӯҳро устод Аҳмадҷон Неъматов ба уҳда дошт.
Дар шаҳри Маскав бо ибтикор ва талоши ин марди наҷиб ба мо муяссар шуд, ки бо директори Институти шарқшиносии Академияи фанҳои ИҶШС, академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот намоем. Суҳбату дидорбинии мо бо ин абармарди миллат 11 феврали соли 1977 дар қароргоҳи расмии устод баргузор гардид. Ин дидорбинӣ барои мо дар ҳақиқат воқеаи таърихӣ ва беҳтарин раҳовард аз шаҳри Маскав буд. Чунки баъди нашри китоби «Тоҷикон» устод Бобоҷон Ғафуров дар ростои илму фарҳанг ба мақоми олӣ мушарраф гардида буданд.
 Сабру таҳаммул, лутфу марҳамат, меҳрубониву некхоҳӣ барин хислатҳои беҳтарини инсонӣ дар ҷисму рӯҳи ин донишманди фарҳехта ҷанбаи модарзодӣ дошт. Аллома Бобоҷон Ғафуров марди миёнақади бузургҷусса, гандумгун буда, чашмони уқобӣ доштанд. Мутаассифона, дар вохӯрии онрӯза бар асари беморӣ чеҳраи устод заъфарон гардида буд. Аз хуруҷи дард устод худро нороҳат ҳис мекарданд. Бо вуҷуди беморӣ ва серкорӣ устод бо якояки ҳайати донишҷӯён суҳбати самимӣ доштанд. Дар интиҳои мулоқот ҳамчун рамзи ёдоварӣ аз ин лаҳзаҳои таърихӣ ба ҷавонони тоҷик нишони 80 - солагии Институти шарқшиносии Академияи фанҳои ИҶШС - ро тақдим намуданд.

Ҳаққи устод аз падар беш аст…
Китоби устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» сипаре буд дар баробари гурӯҳҳо ва ҷараёнҳое, ки бо хусумати ошкоро ҳастии миллати тоҷикро инкор мекарданд. Устод Айнӣ дар он рӯзҳои мудҳиш, ки барои миллати мо нокомона, балки хеле ноҳаққу золимона поён ёфтанд, бо далоили мисли офтоб равшан собит сохт, ки танҳо марзҳои ҷуғрофии Тоҷикистони имрӯза сарҳади миллати тоҷик нест. Марзу буми миллати тоҷик қаламрави забони форсии тоҷикӣ аст ва он чи гузаштагони мо ба забони форсии тоҷикӣ эҷод кардаанд, ба мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Низомиву Мавлавӣ ва дигарон мероси муштараки мардуми форсизабони Вароруду Эрон ва Афғонистон мебошад ва марзу буми миллати тоҷик – қаламрави фарҳангӣ, забон ва адабиёти оламшумули ӯст.
Бо сарпарастӣ ва раҳнамоии устод Садриддин Айнӣ донишманди шинохтаи тоҷик Бобоҷон Ғафуров яке аз аввалинҳо шуда ба пажӯҳишу баррасии таърихи халқи тоҷик шурӯъ карданд. Заҳмати бисёрсолаи Бобоҷон Ғафуров бо офаридани китоби «Тоҷикон» анҷом пазируфт. Устод тавонистанд, ки ин таърихномаро бо ин номи пурифтихор чоп кунанд. Сониян, дар Маскав, дар маркази абарқудрати ҷаҳонии давр – Иттиҳоди Шӯравӣ, бо ин унвон интишор ёфтани асари мазкур бузургтарин рӯйдоди таърихии тоҷикон дар асри ХХ буд. Китоби «Тоҷикон» таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нави халқи тоҷикро муфассал фаро гирифт. Роҷеъ ба аҳамияти беқиёси китоби «Тоҷикон» дар ҳаёти илмиву фарҳангии мардуми кишвар ва нақши бузурги он дар инкишофи илми таърих, бостоншиносӣ, этнография, антропология ва шарқшиносӣ силсиламақолаҳои илмиву тадқиқотӣ ва рисолаҳои илмӣ навишта шудаанд. Бинобар ин, чанд нукта перомуни китоби «Тоҷикон» ва нисбат ба муаллифи он Бобоҷон Ғафуров таъкид карданием.
Нахуст, устод Бобоҷон Ғафуров аз шахсиятҳое буданд, ки дорои истеъдоду маҳорати фавқулода, ки зимни иншо дарунмояи китоби «Тоҷикон» - ро бо истифода аз ҳазорон сарчашмаҳои адабӣ, бостоншиносӣ, таърихии донишмандону соҳибназарони дохилӣ ва хориҷӣ такмилу тадвин намуданд, яъне ҷавҳари хиради уламои зубдаро перояи ин шоҳкории худ сохтанд.
Дар авроқи ин китоб саргузашти миллате сатрбандӣ шудааст, ки ҳамеша дар такопӯи зиндагӣ, аз пайи офариниши ободиву бунёдкорӣ будааст ва дар посухи ин пайкорҳояш аз истилогарони аҷнабӣ умре зулм дидааст; бар диёраш тохтаанду дороиҳояшро бурда, дару бумашро сӯхта, фарзандҳояшро куштаанд, аз ғояти таассубу такаббуру рашк, ҳатто хостаанд номашро аз сафҳаи таърих пок кунанд. Аммо таърих ин саҳнаҳои равшану торикро дар ҳар давру замон дар синаи худ ҳифз кардааст, то ҳамчун намунае аз адолату ибрат ба соҳибони замона пешкаш кунад.
Академик Бобоҷон Ғафуров зимни баррасии таърихи халқи тоҷик, дар ростои ҳамҷаворӣ ва пайванди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ин қавм бо дигар миллатҳои куҳан, ба хулосае меоянд, ки тамаддуни Аҷам сароғози ақли инсон аст. Устоди номвар, ҳамчунин, нақши дунёи донишу фарҳанги Шарқи Қадимро дар пешрафти тамаддуни башарӣ мушаххасан таъкид кардаанд.
Ғайр аз ин, дар китоби «Тоҷикон» Б. Ғафуров аҳамияти оламшумули ҷодаи бузурги Абрешимро таъкид карда, дар як вақт нақши бузурги онро дар ҳамоиши падидаҳои илмиву фарҳангии мардуми Шарқу Ғapб ба назари эътибор гирифтаанд. Мавқеи таърихии шаҳру марказҳои бузурги илмиву фарҳангии Осиёи Марказиро, ки дар канори роҳи Абрешим қомат афрохтаанд, дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҳли башар аз нигоҳи илмӣ мавриди арзёбӣ қарор додаанд.
Як нуктаи дигарро низ бояд гуфт, ки на танҳо ҷаҳониён тавассути китоби «Тоҷикон» тоҷикону Тоҷикистонро шинохтанд, ҳамчунин тоҷикон тавассути ин асари пурқимати оламшумул ҷаҳонро шинохта, мақому манзалати хешро дар байни кишварҳои дунё амиқ сохтанд ва дар як вақт аз бузургтарин рӯйдодҳои таърихии ҳаёти моддӣ ва фарҳангии башарият бархӯрдор гардиданд.
Китоби «Тоҷикон» ишора мекунад, ки дар ҳар қарн миллати мо ба ҷаҳониён нобиғагонеро эҳдо кардааст ва ин ҳам эҳсони илоҳӣ будааст, ки дар садаи ХХ ду истеъдоди фавқулода - устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров арзи ҳастӣ намуда, машъалдори ваҳдату бедории миллат гардиданд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Аҳли зиёи кишвар бояд дар омӯзиш ва тарғиби зиндагинома ва осори ҷовидонаи ин бузургмарди миллат саҳмгузор бошанд ва дар навбати худ кӯшиш намоянд, ки мисли Бобоҷон Ғафуров сарзамини аҷдодии худро дӯст доранд, барои таҳқиқи таъриху фарҳанги он талош карда, асарҳое офаранд, ки ба монанди «Тоҷикон» на фақат китоби азизу хонданӣ ва рӯимизии ҳар як фарди бонангу номуси халқи тоҷик бошанд, балки дар байни хонандагони мамолики дигар низ маҳбубият пайдо намоянд».
Бобоҷон ИКРОМОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2018    №: 83    Мутолиа карданд: 194

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед