logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

ЧАЙН - КРОССВОРД
Аз чап ба рост:
1. Эҷодкор   4. Дарё дар Тоҷикистон.  8. Ҳодисаи табиат.  9. Ҳайвон.  10. Муродифи калимаи сир.  11. Кори дил.  12. Касби савдогарон.  13. Даъват ба намоз.  14. Узви инсон.  15. Зарфи шаробнӯшӣ.  16. Асбоби буранда.  17. Навъи харбуза.  18. Ҷойи нигаҳдории молу ашё.  19. Паранда.  22. Нашриёт дар Тоҷикистон.  24. Номи гул.  25. Ҷашни қадимаи миллии тоҷикон.  27. Забонаи оташ.  28. Муродифи калимаи фармон.  29. Муродифи калимаи охир.  30. Вилоят дар Ӯзбекистон.  31. Ҷавоҳирот.

Аз боло ба поён:
1. Фанни мактабӣ.  2. Металли вазнинтарин.  3. Ноҳия дар Тоҷикистон.  4. Ҳамду сано, шукрона.  5. Номи баҳр.  6. Шаҳр дар Эрон.  7. Шоираи тоҷик.  9. Давлат дар Осиё.  12. Ҳайвон.  13. Асбоби мусиқӣ.  14. Яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома».  15. Увзи дохилии инсон.  16. Бошишгоҳ.  17. Вилоят дар Тоҷикистон.  18. Нависанда.  19. Сабзавот.  20. Пайғамбар.  21. Ороишоти занҳо. 23. Муродифи калимаи туҳфа. 24. Муродифи калимаи аср.  25. Номи яке аз бурҷҳои дувоздаҳгона.  26. Мева.
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА
Ҷавоби муамморо  расм гирифта, ба мо ирсол намоед!
93-547-00-05 Вайбер,    
Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 8:00 то 17:00 )


ПОДОШИ МЕҲР
Соҳиби мағозаи ҷавоҳирот аз набудани мизоҷ ба фикр фурӯ рафта, аз тирезаҳои калон ба берун нигоҳ мекард. Ин вақт духтарчае омаду дастони кӯчакашро болои абрувонаш монда, рӯйи худро ба шиша расонду ба дарун нигоҳ кард. Баъди андаке гӯё чизеро пайдо карда бошад, дар лабонаш табассум пайдо шуд ва давида ба мағоза даромад. Рӯ ба рӯи соҳиби мағоза сараш хам ҷебакашро мекофт. Фурӯшанда бошад, ба ӯ ҳайрон менигарист. Духтарча аз кисааш чанд тангаю пули коғазӣ бароварда, пеши фурӯшанда гузошта, ба гарданбанди гаронбаҳое ишора карда гуфт:
- Ана ҳаминро ба ман диҳед! Ман инро ба апаам дар зодрӯзаш туҳфа мекунам. Мо модар надорем. Апаам маро калон мекунад, ман ӯро бояд хурсанд намоям.
Фурӯшанда аз ин амали духтарча ба андеша рафт. Аниқ дарк кард, ки ҳамаи дороии духтарча ҳамин аст, ки болои миз гузоштааст. Баъдан гарданбандро дар қуттии зебое печонда ба духтарак дод…
Бегоҳӣ духтари ҷавоне ҳамон қуттии ҷавоҳирот дар даст вориди мағоза шуд.
- Ин моли шумост? - пурсид духтар.
- Бале, имрӯз онро як духтарча гирифт.
- Бубахшед, вай хоҳарчаи ман аст. Зӯри мо ба ин гарданбанд намерасад, онро гиред, - гӯён духтар қуттиро пеши фурӯшанда гузошту баромада рафтанӣ шуд.
- Як дам истед, хоҳиш мекунам, - ӯро боздошт фурӯшанда, - ҳарчанд маблағи додаи хоҳарчаи шумо хеле ночиз аст, вале ӯ тамоми боигарии худро бар ивази ин гарданбанд дод. Коре, ки хоҳари шумо кард, на ҳар кас ба он  қодир аст.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


10 таҳқиқоти Нодири Олимони Шарқ
Қаҳва
Нӯшокии хуштамъ будани қаҳваро бори аввал пажӯҳишгарони Шарқ кашф намудаанд. Тавре таърих  собит намудааст, ҳазор сол муқаддам Холид ном чӯпони араб ҳангоми дар мавзеи  Каффа - қисмати ҷанубии Эфиопия  чарондани рамаи гӯсфандонаш мушоҳида менамояд, ки онҳо баъди хӯрдани як навъ буттамева бисёр ҳушёр мешаванд. Холид аз ин буттамева як мушт гирифта, онро ба таври худ омода мекунад ва худ низ менӯшад. Маълум мешавад, ки бисёр хуштамъ будааст. Онро ба ҳамдеҳагон ва мусофирон пешниҳод менамояд. Ҳамин тавр, қаҳва ба воситаи савдогарони Шарқ дар тамоми ҷаҳон паҳн мегардад. Мавриди зикр аст, ки  калимаи кофе аз калимаи арабии «қаҳва» гирифта шудааст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


НАҚБҲОИ ТОҶИКИСТОН
НАҚБИ ҲУЛБУК
Нахустин нақби роҳи оҳани мамлакат - Ҳулбук хати роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлобро ба дарозии 2  ҳазору 209  метр ба ҳам пайваст. Он 24 августи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.
Мувофиқи маълумот, барои сохтмони 41 километр роҳи оҳан дар маҷмӯъ, 450 миллион сомонӣ ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва 43 миллиону 602 ҳазор сомонӣ барои хариди техникаи муосиру муқтадир сарф шудааст.
Дар таҳкурсии роҳ ва барои таҳкими қисми болоии он бо кандани 12 миллиону 374 ҳазор метри мураббаъ хок лозим омад.  Барои фаъолияти пурсамари иншооти мазкур 20 километр хати интиқоли неруи барқ сохта, 110 адад лӯлаҳои обгузар хобонда шудааст. Ҳамчунин, иншоот дорои 2 истгоҳи замонавии бо сатҳу сифати баланд сохташуда мебошад, ки ба тамоми талаботи стандартҳои муосири роҳсозиву инфрасохторӣ ҷавобгӯ мебошад.
Таҳияи Малоҳат ХОЛМУРОДОВА


ОДАМОНИ ҶАСУР
Сталин, ки табиатан дӯстдори кинову театр буд, боре аз тамошои филми хориҷӣ ба ваҷд омада, бо таассуф мегӯяд: - Чи хел одамони ҷасур! Наход ҳамин баринҳо дар кишвари мо набошанд?
Баъди чанд моҳ доҳӣ ба тамошои нахустин «боевик»-и шӯравӣ бо номи «Одамони ҷасур» даъват мешавад, ки дар он тамоми саҳнаҳои хатарнокро каскадёрони советӣ иҷро мекунанд. Дар филм аспсавори машҳур Пётр Тимофеев аввалин иҷрокунандаи чунин саҳнаҳо буд.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА,
донишҷӯи соли аввали Донишкадаи
давлатии забонҳои Тоҷикистон


ЯК ПАНД
Таълиму тарбияи кӯдакон дар Ҷопон аз Аврупо ба куллӣ фарқ дорад. Ва, ба андешаи аксар, шояд ҳамин омил сабаб шуда бошад, ки Ҷопон ба яке аз давлатҳои муваффақу пешрафтаи олам табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки мактаббачагони Ҷопон то синфи чорум имтиҳон намесупоранд, танҳо мустақилона  иншои хурд менависанд. Зеро, ба ақидаи ҷопониҳо, дар се соли аввал гирифтани дониш муҳим нест, аз ин рӯ, онҳо тарбияро афзалтар медонанд. Яъне, пеш аз ҳама, ба кӯдакон ҳурмату эҳтиром намудани дигарон, меҳрубонӣ, олиҳимматӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист омӯзонда мешаванд.
Нуктаи дигари муҳим он аст, ки мактабҳои Ҷопон фаррош надоранд ва хонандагон худашон бо навбат синфхонаҳо ва долонҳоро тоза менамоянд. Ҳамин тавр, онҳо аз хурдсолӣ ёрӣ расондан ба ҳамдигар, меҳнати дастаҷамъона ва ба қадри меҳнати худу дигарон расиданро меомӯзанд.    
Таълим низ дар Ҷопон хусусиятҳои худро дорад. Кӯдакон, аллакай, дар синфҳои ибтидоӣ барои гирифтани роҳхат ба макотиби миёна ва болоӣ дар мактабҳои хусусӣ дарс мегиранд. Дар онҳо дарсҳо бегоҳирӯзӣ ва, ҳатто, рӯзҳои истироҳативу ҳангоми таътилҳо гузаронда мешаванд. Ҳамин аст, ки давомоти мактаббачагони ҷопонӣ  99,99 дарсадро ташкил медиҳад, ки дар ҷаҳон баландтарин ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


ЭВАНГЕЛОС. ДОНОИ НОДОН
Эвангелос Одисеас яке аз асосгузорони асбоби мусиқии  электронӣ, ки соҳиби ҷоизаи «Оскар» аст, аз хурдӣ  ба мусиқӣ рағбати беандоза дошт, аммо дарсҳои мусиқиро намеписандид ва ҳамеша аз машғулиятҳои назариявӣ мегурехт. Зеро, алифбои ин фан – нотаҳо ҳеҷ дар майнааш ҷо намешуданд. Хондани нотаҳо ҳамеша ӯро дилгир мекард. Эвангелоси 75 - сола то ҳол нотаҳоро намедонад, аммо оҳангҳои машҳур меофарад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


9 НАФАРЕ, КИ ТО 30 - СОЛАГӢ ҚАҲРАМОНИҲОИ ТАЪРИХӢ НИШОН ДОДААНД
6. АВГУСТ ОКТАВИАН
Набераи бародари Юлий Сезар буд. Вақте дар синни 18 - солагиаш мефаҳмад, ки Сезар баъди вафоташ ӯро меросхӯри худ намудааст, дарҳол қӯшун ҷамъ меорад, то ҳуқуқашро эълон намояд. Дар соли 44 пеш аз мелод ӯ бо дастгирии артиши 4 - ҳазорнафарии худ ба шаҳри Рим дохил шуда, қотили Сезарро ақиб менишонад ва Марк Антонияро душман эълон мекунад.
Август Октавиан дар синни 19-солагӣ ба ҳайати сенат (мақоми олии идораи давлатии Рим) шомил шуда, фармондеҳи артиш таъйин гардид. Минбаъд ӯ императори якуми империяи Рим шуд.
Таҳияи Умар АЛӢ


15 КОРНОМАИ ҶБВ
Муҳориба дар шаҳраки Волосово
Владислав Хруститский (1902-1944), қумондони бригадаи 30 – юми алоҳидаи гвардияи танкии фронти Ленинград.
Владислав ба сафи артиши сурх ҳанӯз солҳои 20 – уми асри ХХ даъват шуда буд. Дар охири солҳои 30 курси қӯшунҳои танку мошинҳои зиреҳпӯшро хатм кард. Тирамоҳи соли 1942 фармондеҳи бригадаи 61 – уми алоҳидаи танкҳои сабук таъйин шуд.
Вай дар амалиёти «Искра», ки ба шикасти немисҳо дар фронти Ленинград ибтидо гузошт, ҷасорати беҳамто ва лаёқати фармондеҳӣ нишон дод.
Дар соли 1944 душман аз Ленинград ақибнишинӣ мекард, вале ҳар як мавзеи қулайро ба пойгоҳҳои муқовимат табдил дода, зӯр мезад, ки бо ҳуҷумҳои ногаҳонӣ мавқеашро беҳ созад. Ана дар ҳамин гуна амалиётҳо дар шаҳраки Волосово бригадаи Хруститский ба дом афтод ва зери гулулаборон қарор гирифт. Новобаста аз шиддати гулулаборон қумондон бо радио ба танкчиёнаш муроҷиат намуд: «То вопасин нафас ҷанг кунед!». Ва худ ба ҳуҷум гузашт. Мутаассифана, дар ин муҳорибаи нобаробар танкчии ҷасур шаҳид гашт. Шаҳраки Волосово аз фашистон озод карда шуд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


КИШТИИ БУЗУРГТАРИН
Бузургтарин киштии мусофиркашонӣ, ҳатто аз «Титаник» ҳам калонтар, киштии «Allure of the Seas» мутааллиқ ба Норвегия аст. Баландии киштӣ 72 метр, дарозиаш 360  ва паҳнояш 66 метр мебошад.
Ин киштӣ 6360 мусофир ва 2160 кормандро дар худ ҷой медиҳад. Барои сохтани он 1,24 миллиард доллар сарф шудааст. Дар киштӣ 56 дарахти бузург, 12 ҳазор рустанӣ, театр барои 1380 тамошобин, 4 ҳавзи шиноварии калон, боғ, 4 толори зебо, боғчаи кӯдакон, тарабхона, майдончаҳо ва мағоза ҷой дода шудаанд. Нархи саёҳати 12 - рӯза ба воситаи уқёнуси Атлантик аз 10 ҳазор доллари ИМА сар мешавад. 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


8 роҳи Оҳани Хатарнок
Ҷорҷтаун
Роҳи оҳани Ҷорҷтаун, ки дар иёлати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тӯл кашидааст, нимаи дуюми асри XIX бунёд гашт. Боиси тазаккур аст, ки соли 1973 баъди азнавсозӣ дар он хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд. Дарозии роҳи оҳан 7, 2 километр буда, аз мавзеъҳои зебоманзари кӯҳӣ мегузарад.
Бо сабаби он ки роҳи оҳани Ҷорҷтаун дар минтақаи хатарнок ҷойгир аст, диққати сайёҳони зиёдро ба худ ҷалб менамояд. Хавфноктарин қитъаи роҳ пули "Дарвозаи Иблис", ки баландии он 30 метрро ташкил медиҳад, ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Комрон САФАР


10 ҳайвони ғайриодӣ
ДАНДОН Ё АРРАИ НИМДАВРА
Соли 1897 дар губернияи Перм ҷисми номаълуми сангбастаеро пайдо намуданд, ки ба молюскҳои баҳрӣ шабоҳат дошт, аммо аҷибаш он буд, ки аз дохили он дандонҳои бузургу спиралшакл ё арраи нимдавра намоён буд. Ба ақидаи олимон, дандонҳо ба наҳанг - моҳии палеозойск – геликоприон, ки 310 - 225 миллион сол пештар ба сар мебурд, мансуб мебошанд.
Ба олимон ҷойгиршавии дандонҳо хеле аҷиб намуд.  Баъзеҳо фикр мекарданд, ки дандонҳои спиралшакл дар думи моҳӣ ҷойгир бошанд, вале соли 1930 боқимондаҳои моҳие бо номи саркоприон, ки бо геликоприон пайванди авлодӣ дошт, пайдо гардид. Гап сари он, ки саркоприон низ соҳиби айнан чунин дандонҳо буд ва онҳо дар ҷоғи поёни моҳӣ ҷойгир буданд.
То ҳанӯз ба олимон пайдо намудани скелети пурраи геликоприон муяссар нагардидааст. Инчунин, шакли ташаккули бадан ва дандонҳои ғайриодии ин моҳӣ муаммои сарбаста боқӣ мемонанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


9 далели ҷолиб оид ба авиатсия
Хизматрасониҳои авиатсия барои ҳаёти ҷомеа басо заруранд, вале саволи матраҳ он аст, ки мо то кадом андоза ин соҳаи бароямон ниҳоят муҳимро медонем?
Масалан, шумо боре фикр кардаед, ки курсиҳои ҳавопаймо, ки дар он менишинед, аз чанд қисм иборат аст? Ва ё сарнишинони ҳавопаймо чӣ мехӯранд? Ба ин монанд фактҳои зиёди мароқангезе мавҷуданд, ки шуморо дар ҳайрат мегузоранд. Асосан, ба ин хотир, тасмим гирифтем, ки 9 факти ба назари мо ниҳоят ҷолиби авиатсияро манзури шумо намоем.


1. ҒИЗО. Як далели аҷиб

Қоидаҳои дохилии ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ беназиранд, аммо марбут ба ғизои сарнишинон амалан барои ҳама як қоидаи умумӣ мавҷуд мебошад. Мутобиқи он сарнишини аввал аз он хӯроке истеъмол менамояд, ки ба мусофирони бизнес – класс пешниҳод мегардад. Ба пилотҳои дувум бошад, дигар намуди хӯрок дода мешавад. Бо ин тарз хатари заҳролудшавии тамоми экипаж пешгирӣ мегардад.
Таҳияи
Раҳматулло КАРИМОВ


ФАКТҲОИ МАРОҚАНГЕЗИ ВАРЗИШӢ
Адади хеле зиёди фактҳои мароқангези варзишӣ низ ба Бозиҳои олимпӣ мансуб мебошад;
• яке аз ғолибони Олимпиадаи Берлин варзишгари сиёҳпӯст Д.Оуэнс буд. Пирӯзии ӯ Адолф Гитлерро он қадар нороҳат намуд, ки вай аз табрик кардани варзишгар даст кашид;
• соли 1904 варзишгар Ҷ.Эйсер дар мусобиқот маҳорати баланд нишон дода, дар давоми рӯз 6 медали дараҷаи гуногун ба даст овард. Ин факт аз он лиҳоз махсус гардид, ки Ҷорҷии номӣ маъюб буд;
• варзишгарбонуи рӯйи яхи амрикоӣ Т. Хардинг ба хотири ғолибият ҳамсарашро розӣ кунонд, ки бар ҷони ҳарифаш суиқасд ташкил намояд;
• пас аз  паролимпиадаи соли 2000-ум дастаи мунтахаби бас-кетболи Испания аз медалҳои тиллоии олимпӣ маҳрум гардид, зеро ба ҷои маъюбон варзишгарони солими испанӣ ҳунарнамоӣ карда буданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ОБ  ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА
• Оби гарм назар ба оби хунук тезтар  ях  мебандад.
• Дар Лос-Анҷелес нархи 1 литр об 90 доллар мебошад, ки аз ҳама оби қимат дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
• Инсон дар ҳаёти худ тақрибан 35 тонна обро истеъмол мекунад.
• Дар натиҷаи 2 дарсад кам шудани оби бадани инсон, ӯ ташнагиро ҳис мекунад, дар натиҷаи 10 дарсад - мубталои таваҳҳум  мешавад,  дар натиҷаи 12 дарсад – зуд ба духтур муроҷиат кардан зарур аст ва дар натиҷаи 20 дарсад кам шудани оби бадан одам мемирад.
• Истеъмоли шаш истакон об хавфи бемории дилро камтар мекунад. Об, инчунин, вазни одамро кам мекунад.
• Дар ҳарорати 1200С  об ҳамчун асал часпак ва ёзанда мешавад, дар ҳарорати то 135 дараҷа об ба шиша мубаддал мешавад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2018    №: 84    Мутолиа карданд: 177

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед