logo

фарҳанг

АГАР ПӮЗИШ НАКУ БОШАД ЗИ КЕҲТАР

Боре ҳаммаслаке, чун ҳамешагӣ аз банда ҳол пурсид. Ва, сипас, бо шодмонӣ гуфт, ки ному насабатро барои ба сафари хориҷа рафтан дар рӯйхате сабт намудам, вале бо душворӣ. Масъул розӣ нашуд, гуфт, ки дӯстат он қадар одами хуб нест, аммо ман паст наомада ӯро бовар кунондам, ки дӯсти ман - Умархон шахси накукирдору беозор, марди порсову заҳматист. Фикри шумо нисбат ба шогирди банда саҳеҳ нест…
Гуфтам, ки нек бошад.
Кӣ будани он озурдадилро пурсон шудам, аммо мусоҳибам сир бой надод. Хуб намешавад, гуфт. Аз номи мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ посух гуфтамаш:
Дар ду олам нест моро бо касе гарди ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод.

Ба муколама хотима бахшидам:
- Ҳазор бор шукр, ки нафаре низ маро манфӣ баҳо медиҳад. Аз ҳад зиёд хуби хуб будан низ кирое надорад…
Мусоҳибам хандаи ширине заду бадар рафт.
Ин воқеаро дар ҳузури дӯстон қисса кардам. Онҳо аз сидқ хандиданд, зеро ба одами нохуб будани ин ҷониб бовар надоштанд.
Истода - истода фикри мағшуше маро ба кӯчаи саргумӣ бурд. Он суханҳоро то ҷое хорӣ шумурдам, аммо инони ихтиёр аз даст раҳо накардам.
Албатта, одамӣ тӯли ҳаёт нафареро надониста нороҳат месозад ва ё меранҷонад, ё ситорааш ба ҷумлае аз атрофиён мақбул намеафтад. Ман низ бандаи хокиам ва хоҳ - нохоҳ камбуде, хатое содир намуданам аз эҳтимол дур нест. Барои ҳама хуб будан наметавон. Аммо, бо итминон мегӯям, бандае ҳастам, ки касро то ҳадди ахири ахир намеранҷонам. Беҳуда дар ҳаққи кас ноҷо сухан намегӯям. Дар зиндагӣ ба касе рашк, ҳавас, ҳасад намебарам. Он луқма ва рӯзгоре, ки Кирдигор бароям лоиқ донистааст, ҳазорон шукр мегӯям. Бо дода қаноат дораму аз зиндагии хеш розиам. Мудом шукрона мекунаму аз Парвардигор омурзиш мехоҳам… Ҳар як фарди ошно ва ноошнои дуру наздикро бо андак комёбӣ, хулқи шоиста аҳсант мехонам. Бо камтарин ҳунар, тамиз, авлавият дар бахше муваффақ гаштани эшонро ҷавонмардона, дар назди умум тавсиф, бепарда зикр менамоям. Аз нек сухан гуфтан ҳазар надорам...
Боз фикрам гурехт. Суханони устод ҳанӯз ҳам дар гӯшам садо медод: «Маълум гашт, ки шумо одами хуб набудаед…».
Хуб нашуд, ки хотири касеро озурдаам. Нафаре чун ман бо чунин эҳтиёткорӣ, сабуриву хубӣ (ба қавли худам ва аксари дӯстон) боз касеро нафаҳмида ранҷонда будаам. Нағз нашуд, ин роҳ то ба макони зарурӣ тай нашуда. Ва ин қисматро аз ин ба баъд сабурона бибояд гузашт…
Аҷабе не, солҳои аввали обрӯ ёфтан ҷое саргарм сухани ноҷо гуфта бошам. Шояд пас аз дастёбӣ дар пеша каме сарҳуй монда бошам… Аз ин рӯ, бубоист панди шоири шаҳир Абушакури Балхиро бар гӯш гирифт, ки гуфта:

Чунон кун, ки чун ёфтӣ дастгоҳ,
Ба омурзиш - андар бипӯшӣ гуноҳ.
Хуб нашуда, ки хотири нафаре аз гуфтори инҷониб озурда гаштааст. Мумкин аз беэҳтиётӣ ранҷонда ва ё назди азизе сахт гуфта бошам. Омурзиш мебояд. Зеро ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳам то нафаре аз ман озурдадил будаву дӯст, ошно, ҳамкор, масъул ва ё ҳарифе бар ман бовар надошта бошад. Ин шеваи рафтор басо гарон аст. Ин умр ба кӣ вафо кардаст…
Адмирал Пириро, ки Қутби Шимолиро фатҳ карда буд, ба ёд меорам. Ӯ сафарашро бо чанае, ки пушти сагон мебастанд, анҷом додааст. Ин корнамоӣ оламро ба таҳайюр овард. Одамони далертабиати зиёде баҳри ин корнамоӣ ҷидду ҷаҳд карда, ба ҳалокат расида буданд. Худи Пири ҳам аз гуруснагиву сармо қариб мурда буд. Ҳашт ангушти пояшро ба дараҷае сармо зада, ки онҳоро буридан лозим омад. Ҳамаи ин ба сараш чунон бадбахтиҳо овард, ки қариб буд аз ақл бегона шавад. Бо вуҷуди ин, мансабдорони сатҳи баланди баҳрӣ ӯро айбдор карданд, ки барои тадқиқоти илмӣ пул ҷамъ оварда, дар Арктика ба кайфу сафо машғул шуд…
Яъне ин ва даҳҳо далелҳои дигари таърихсоз гувоҳи онанд, ки дар ин миён ман танҳо набудаму нестам. Ҳамеша буданду ҳастанд нафароне, ки нисбат ба афроди аз худшон болотар носазо мегӯянд ва аз ин амали хеш, ба қавле курта - курта гӯшт мегиранд…
Аммо, боз, ҷое омада.
Аз азизе пурсиданд:
- Чӣ тоифа одамонро қабул надоред?
- Касеро, ки ҳама гӯянд, ӯ одами хуб аст…
- Сабаб?
- Чунин касонро намеписандам. Агар ҳама гӯянд, ки ӯ хуб аст, пас вай шахсият нест…
Ман аз он ҷониб озурда нестам. Ва ин баҳонаест, ки дар ин моҳи пурфайз барои хатову носабуриҳои наву куҳани хеш аз азизони дил омурзиш бихоҳем. Чуноне Фахриддини Гургонӣ фармуда:
Агар пӯзиш наку бошад зи кеҳтар,
Накутар бошад, омурзиш зи меҳтар.
Умари ШЕРХОН,
адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2018    №: 84    Мутолиа карданд: 187

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед