logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

27 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нуҳ моҳи соли 2018» ҳисоботи муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 12,3 миллиард сомонӣ баробар гардид ва афзоиши воқеии он 7 дарсадро ташкил дод.
Рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби зиёд гардидани истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,1, маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ 12,1, маҳсулоти кишоварзӣ 5,1, гардиши савдои чакана 5 ва хизматрасонии пулакӣ 1,2 дарсад таъмин гардидааст.
Даромади Буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2018 дар сатҳи 101,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 4,4 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд. Нақшаи воридоти андозҳо 100,8 дарсад таъмин шуда, ба буҷет ҳамагӣ 3,3 миллиард сомонӣ ворид гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар баробари таъмин гардидани нишондиҳандаҳои мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дар семоҳаи якуми соли 2018 захираҳо ва имкониятҳои ҷойдошта пурра истифода нашуданд, ки дар маҷмӯъ барои рушди устувори суръати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ монеа эҷод кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки фаъолиятро дар самти пешгирии таъсири хавфи эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар, таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, рушди сайёҳӣ ва таъмини рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намоянд.
Дар кори маҷлис Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин мушаххас намудани тартиби нави пур кардани бюллетенҳои овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ, тартиби оғоз ва қатъ шудани муҳлати фаъолияти мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, тартиби эълон намудани натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии раъйпурсӣ аст. Ҳамчунин, дар лоиҳа ворид намудани тағйиру иловаҳои хусусияти имлоӣ ва техникидошта пешбинӣ гардидааст.
Сипас, оид ба лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъахон Давлатзод ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.
Баъди муҳокима лоиҳаҳои қонунҳои номбаршуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, 6 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, аз ҷумла: Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кооператсияи матлубот”.
Ҳамчунин, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 муҳокима шуда, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Меҳрон - маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки бо мақсади муайян намудани стратегияи рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва ҳудуди шаҳракҳо таҳия шудааст, ҳисоботи раисони ноҳияҳо ва дар бораи азнавташкилдиҳии ҷамъиятҳои саҳомӣ ва дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2018 гузориши шахсони масъул шунида шуд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, вусъати корҳои профилактикӣ дар самти ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, огоҳии ҷомеа аз оқибатҳои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам, баланд бардоштани масъулияти ҳар як шаҳрванд барои солимии худ, гузориш дод.
Доир ба вазъи боду ҳавои кишвар ва таъсири он ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ гузориши муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки камобию бебориш шудани рӯзҳои охир ба нашъунамои зироатҳо ва рустаниҳои худрӯй таъсири манфӣ расонд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи хуби ташкилӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронии солҳои 2018 - 2019, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ба таври кофӣ захира кардани хӯроки чорво ба хотири аз зимистон беталаф баровардани он дастур доданд, ки аз ҳозир тамоми роҳу воситаҳоро истифода баранд. Инчунин, супоришҳо барои рушди соҳаи чорводорӣ, боғдорӣ, васеъ кардани майдони кишти зироатҳои гуногун аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки чарогоҳҳо дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри вусъати корҳои ободонию созандагӣ, мусоидат дар рушду пешрафти минтақаҳо, бахусус дар деҳоти кишвар, бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили мактабу марказҳои саломатӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, сохтмони ҳаммомҳо дар шаҳраку деҳаҳо, ҳамчунин, таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охир баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин, иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2018    №: 84    Мутолиа карданд: 748

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед