logo

иҷтимоиёт

ПАЙРАВИ ПЕШВО. МАРДЕ ДАР РОСТОИ БУНЁДКОРӢ

Хушбахтона, имрӯз кам нестанд мардони баору номусе, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ободии диёр саҳми арзанда мегузоранд.
Маҳмад Шарифзода аз зумраи чунин нафарон аст. Бо ташаббуси ин марди хайрхоҳ дар ноҳияи Муъминобод як қатор корҳои нек анҷом пазируфт, ки дар натиҷа мушкили зиёди  мардум осон гардид.
Ӯ наздики 20 сол роҳбарии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25 - и ноҳияро ба зимма дошт. То замони роҳбариаш дар муассиса хонандагон танҳо ба таълими ибтидоӣ фаро гирифта мешуданд. Барои идомаи таҳсил маҷбур буданд масофаи зиёдеро тай намуда, ба муассисаи дигари таълимӣ раванд. Маҳз бо талошҳои Маҳмад Шарифзода ва  дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия он ба муассисаи таҳсилоти асосӣ, сипас, баъди сохта ба истифода додани бинои хуштарҳу муосир ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуд.
Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои худ дар назди МТМУ № 25 ду синфхонаи иловагӣ низ сохт, ки дар натиҷа мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагон ҳалли худро ёфт.
Боғи муассисаи мазкур, ки дар замони директории М. Шарифзода бунёд ёфтааст, аз садҳо дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда иборат мебошад. Дарахтони бо заҳмат парваридааш ҳоло самар дода, аз он на танҳо муҳассилин, балки мардуми деҳа ком ширин ва дар ҳаққаш дуои хайр мекунанд. Баъди ба нафақа баромадан раиси маҳалла таъйин гардида бошад ҳам, ҳамеша аз аҳволи мактаб ва шароити таълими хонандагон хабардор аст. Талош менамояд, то қадри имкон мушкилеро, ки садди роҳи донишандӯзии хонандагон мегардад, бартараф созад. Соли 2016 синфхонаҳои мактабро, ки ба таъмир ниёз доштанд, аз ҳисоби маблағҳои худ таъмир намуд.
Мушкили дигаре, ки бо ташаббуси ӯ дар деҳаи Лиҷаки болои Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров ҳалли пурраи худро ёфт, ин сангфарш гардидани роҳи байни деҳа ва сохта мавриди  истифода қарор гирифтани бунгоҳи тиббии наву замонавӣ буд.
Вақеан, ҳар коре, ки ин марди наҷиб дар роҳи ободиву созандагӣ анҷом медиҳад, барои дигарон намунаи ибрат аст.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2018    №: 85    Мутолиа карданд: 229

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед