logo

иҷтимоиёт

РАШТ. СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНӢ БЕШТАР САҲМ МЕГИРАНД

Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт соҳибкорон барои ободу зебо намудани диёри хеш камари ҳиммат баста, бештар ба амалҳои бунёдкорию созандагӣ даст мезананд.

Ин нуктаро зимни суҳбат мудири бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рашт Ҳамдулло Наимов баён дошт. Раҳимҷон Бобоҷонов, Маҳмадсафо Лоиқов, Зулфиқаҳҳор Садиров, Сайғуфрон Тошов, Қамариддин Идиев ва соҳибкорони дигар саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ёрирасонӣ ба мардумро қарзи ватандӯстии худ медонанд. Раҳимҷон Бобоҷонов, Маҳмадсафо Лоиқов ва Қамариддин Идиев 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф карда, роҳи мошингарди деҳаи Оби Меҳнатро тахту ҳамвор намуданд. Мушкилоти мардуми деҳа дар ин самт бартараф гардид. Ҳамчунин, онҳо ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ барои аҳолии деҳаи Поҷеи Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода хати оби нушокӣ кашиданд. Соли гузашта ин соҳибкорон дарвозаи даромадгоҳи ноҳияро ба маблағи 533 ҳазор сомонӣ бунёд намуда буданд. Дар шафати шоҳроҳи байналмилалӣ аз тарафи соҳибкорони номбурда ба маблағи 1 миллион сомонӣ меҳмонхона ва ошхонаи замонавӣ сохта ба истифода супурда шуд. Дар ин иншоот 35 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.
Соҳибкор Зулфиқаҳҳор Садиров дар деҳаи Белгии Ҷамоати деҳоти Қалъанак коргоҳҳои коркарди чӯб ва таъмири автомобил сохт, ки аллакай ба фаъолият пардохтаанд. Дар ин коргоҳҳо 19 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ шуданд. Сохтмони ҳаммом ва ошхона дар деҳаи Қалъанак аз тарафи соҳибкор Сайғуфрон Тошов дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад ва дар ин ҷо барои 12 нафар ҷои кори доимӣ фароҳам меояд.
- Соҳибкорони ноҳия, ҳамчунин, дар масъалаи дастгирии ниёзмандон амалҳои хуби хайриявӣ анҷом медиҳанд. Умед аст, ки ба шарофати сиёсати созандаи Сарвари давлат, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳиссагузории соҳибкорон дар ободию шукуфоии диёр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бештар мегардад, - гуфт Ҳамдулло Наимов.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2018    №: 87    Мутолиа карданд: 395

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед