logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти ҳамин унвон ҳамоиш баргузор гардид. Дар чорабинӣ олимону коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат варзида, дар мавриди рушди ҳунарҳои мардумӣ ва робитаи он дар ривоҷи сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

Таъкид шуд, ки бидуни рушди ҳунарҳои мардумӣ равнақи соҳаи сайёҳиро тасаввур кардан мумкин нест. Зеро аксари сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ба расму оин, маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик шавқу завқи беандоза доранд.
Фолклоршинос Дилшод Раҳимов баён дошт, ки дар роҳи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар баробари мавҷуд будани имкониятҳои зиёд мушкилиҳо низ мавҷуданд.
- Кормандони пажӯҳишгоҳ дар давоми 3 сол ба шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ сафарҳои хидматӣ анҷом дода, 703 ҳунармандро ба қайд гирифтанд. Аз ҷараёни кор, маҳсулоти омоданамуда ва мушкилоти онҳо маводу матлабҳои заруриро таҳия карданд. Дар натиҷа маълум шуд, ки чанд омил ба ривоҷи кори онҳо монеа эҷод мекунад. Аз ҷумла, заиф будани робита ва ҳамкории ҷамоатҳои деҳот, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ, мавҷуд набудани шароити дурусти корӣ, нуқтаҳои фурӯши маҳсулот ва макони таълимӣ (устохона), дастрасӣ ба ашёи хом ҳунармандонро дар ин росто камфаъолият мегардонанд, - афзуд Дилшод Раҳимов.
Бино ба гуфтаи ӯ, аз масъалаҳои ҳалталаби ёдшуда муҳимтаринаш фароҳам овардани шароити корӣ ва сохтани устохонаҳои хурд аст. Бештари ҳунармандони минтақаҳо синну солашон аз 70-80 боло буда, гила аз он мекунанд, ки таҷрибаву малака ва санъати ҳунармандии худро ба насли нав наомӯзонда мераванд.
Зафар Холмуродов, мудири бахши маркази фарҳанги тоҷикон низ дар баробари мушкилоти дигар таъкид намуд, ки аз байн рафтани баъзе аз намудҳои ҳунармандӣ низ моро нигарон кардааст. Аз сафарҳои хидмативу омӯзишии мо маълум гашт, ки ҳоло дар кишвар чандин навъи ҳунарҳои дастӣ (чармгарӣ, заргарӣ, созтарошӣ) як ё ду усто доранду бас. Бо назардошти ин, иштирокчиёни ҳамоиш саривақтӣ ва ҳаётан муҳим будани ибтикори Пешвои миллатро дар эълон кардани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори дигар таъкид намуда, изҳор доштанд, ки маҳз ҳамин сол дурнамои тӯлонии рушди ҳунармандӣ ва фарҳанги ғайримоддии тоҷикро муайян мекунад ва корҳои арзишманде дар ин ҷода бояд анҷом пазиранд.
Б. САЛИМОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2018    №: 87    Мутолиа карданд: 205

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед