logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА НАҚШИ ФАРЗОНАФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ТОҶИК

Дусад сол қабл аз замони мо шоир ва мутафаккири бузурги олмонӣ Иоган Ҳёте дар яке аз асарҳои нодири хеш - "Девони ғарбӣ-шарқӣ" ба ҷаҳониён муроҷиат намуда буд, ки кунун давраи шинохти адабиёти ҷаҳонӣ фаро мерасад ва ҳамагон бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ҳарчи зудтар ба ин марҳила ворид шаванд. Ин даъвати Ҳёте натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи ӯ дар мавриди таҳқиқи назми классикии тоҷикӣ ва шиносоӣ пайдо карданаш бо ашъори Ҳофизу Саъдӣ, Ҷалолиддини Балхиву Ҷомӣ ба шумор мерафт.
Бо мурури замон дар сарзамини Шарқ ду абармарди хирад - Муҳаммад Иқбол ва Бобоҷон Ғафуров бо қудрати бузурги ақлонӣ ва ҳаракати нерубахши иҷтимоӣ бо овози баланд бори дигар оламиёни Шарқу Ғарбро ба сӯи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят намуданд. Фарзанди бузурги халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун пайрави содиқи устод Айнӣ дар қарни бистум тавонист саргузашти пуршуҷоат ва рӯзгори пурғановати миллати тоҷикро рӯи дафтар биёрад ва барои эҳёи даҳҳо намунаҳои тамаддуни тоҷикон садоқатмандона хизмат намояд.
Бо мусиқии мардумӣ ва таронаҳои "Шашмақом" Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз дар овони ҷавонӣ ошноӣ пайдо намуда буд. Соли 1928 ӯ барои таҳсил дар курсҳои олии "Ҳуқуқшиносӣ" ба шаҳри Самарқанд меравад. Муҳити онзамонаи Самарқанд, суҳбатҳо бо устод Айнӣ, шиносоӣ бо ҳунармандони маъруфи давр ба Ғафурови ҷавон таъсири хосса расонда буданд. Чуноне ки маълум аст, дар ҳамин давра дар Самарқанд дар бинои муҳташами мадрасаи Шердор  аввалин муассисаи илмӣ - таълимии мусиқишиносӣ зери роҳбарии олими намоёни рус, мусиқишинос ва мардумшиноси маъруф Николай Назарович Миронов таъсис ёфта буд. Шогирдон ва устодони ин институти навбунёд - Бобо Ҷалол, Муҳиддин Мавлонов (падари Ҳанифа Мавлонова), Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Мухтор Ашрафӣ, Мутаваккил Бурҳонов, Содирхон Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Шоҳназар Соҳибов ва даҳҳо дигар истеъдодҳои фавқулода ба шумор мерафтанд, ки баъдан ҳамаи онҳо ба ҷараёни бузурги бунёди фарҳанги навини Тоҷикистон бо донишу ҳунари ҳирфаӣ пурғайратона ворид шуданд.
Бобоҷон Ғафуров дар ҳамин муддат имкон пайдо мекунад, ки бо ин навовариҳои соҳаи ҳунари мусиқӣ ва ҳунармандони асили халқи тоҷик аз наздик ошно шавад. Ҳамагӣ се сол баъд (с. 1931) бо Қарори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) "Слёти якуми умумитоҷикии  мусиқичиён ва сарояндагон" баргузор гардид, ки сарвари асосӣ ва ташаббускори он маҳз Николай Миронов буд. Ӯ бо маслиҳати устод Айнӣ, ки аз мазмуни он Бобоҷон Ғафуров дарак дошт, ба Сталинобод зиёда аз сад нафар истеъдодҳои беҳтаринро аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон (аз ҷумла, аз Дарвозу Қаротегин, Бадахшон, Кӯлоб, Хуҷанд) ва, ҳамчунин, аз шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ба ин гирдиҳамоии нахустини аҳли ҳунар даъват менамояд. Ҷолиби зикр аст, ки дар консертҳои ин чорабинии муҳими таърихӣ устодони "Шашмақом" Домулло Ҳалим Ибодов, Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷӯраев нахустин маротиба дар назди тамошобинони сершумори пойтахт ҳунарнамоӣ намуданд.
Соли 1941, пас аз баргузории нахустин Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва, Б. Ғафуров мақолаи хеле ҳам пурмуҳтаво ва таърихан зарури худро зери унвони "Барои тараққиёти минбаъдаи маданияти халқи тоҷик" ба чоп мерасонад, ки дар он моҳияти фарҳангӣ ва сиёсии эҳёи тамаддуни тоҷикон мавриди таҳлил қарор гирифта буд. Дар радифи навиштаҳои устод Айнӣ доир ба қадр намудани забон ва адабиёти тоҷик Ғафуров дар мақолааш пешниҳод менамояд, ки "минбаъд бояд, ки коркунони санъати мо музикаи халқро омӯхта, бой карда ва ба камол расонанд". Ин пешниҳоди оқилона ва саривақтии Ғафуров ҳанӯз соли 1941 сурат гирифта буд, мусаллам аст, ки то ҳанӯз моҳияти таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии худро гум накардааст.
Бо ифтихор метавон ёдрас гардид, ки имрӯз низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айнан ҳамин гуна талаботро барои аҳли ҳунар ва зиёиёни мамлакат раво дидаанд, яъне дар шароити ҷараёни пурталотуми ҷаҳонишавӣ аҳли ҳунари замон набояд фаромӯш созанд, ки ҳифзи асолати мусиқии мардумӣ шарти асосии рушди минбаъдаи фарҳанги миллии мо ба шумор меравад.
Соли 1946 бо ташаббуси шахсӣ ва иштироки бевоситаи Б. Ғафуров як гурӯҳи хеле калони истеъдодҳои маъруфи Тоҷикистон барои таҳсил ба мактабҳои олии соҳаи санъати шаҳри Москва сафарбар карда мешаванд. Ин ҳам дар ҳоле ки аксари онҳо аллакай дар ҷодаи ҳунар маъруфу машҳур гашта буданд. Ба Москва барои таҳсил Ғаффор Валаматзода, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шамсӣ Қиёмов, Ҳанифа Мавлонова, Фозил Солиев, Авнер Муллоқандов, Насимҷон Пӯлодов ва якчанд нафари дигар фиристода шуданд ва аввалин шуда зимистони соли 1946 худи Ғафуров барои дидорбинии донишҷӯёни ҷавон ба Москва меравад.
Ӯ барои дастгирии таҳсил ва будубоши истеъдодҳо ба онҳо либоси гарми зимистона ва маблағи калони пулӣ медиҳад. Ин ғамхорӣ мақсади хеле бузургро фарогир буд, зеро дар ин муддат сарвари ҷумҳурии ҷавон баръало эҳсос мекард, ки барои рушди тамаддун ва соҳиби фарҳанги ҷаҳонӣ гардидани тоҷикони фарҳангдӯст минбаъд садҳо кадрҳои дорои донишу малакаи воло заруранд. Ҷавонони тоҷик услуби театри Станиславский ва мусиқии устодонаи Ғарбро комилан азбар намуданд ва чанде нагузашта маҳз онҳо дар заминаи мусиқии тоҷикӣ операву романс ва сюитаву симфонияҳо эҷод намуданд. 
 Ғафуров дар ин айём муборизаи хеле ҳам шадиди фарҳангҳоро миёни Шарқу Ғарб мушоҳида менамуд. Ӯ ботинан зидди ақидаҳои  Р. Киплинг оид ба "хислатҳои хеле беғайратонаи мардуми Шарқ" ( Ғарб - Ғарб асту Шарқ- Шарқ ва онҳо ҳеч гоҳ ба ҳам нахоҳанд расид) андеша мекард. Ин замон аллакай дар Шарқ аллома Иқбол бо садои нерумандаш ба эҷодиёти Ҳёте муроҷиат карда, огоҳ намуда буд, ки Шарқ  дар замири баҳр ноёб аст  ҳанӯз.
Бобоҷон  Ғафуров ба маънои томаш олими шарқшинос буд ва ҳамеша, дар аксари осораш таъкид менамуд, ки тоҷикон чун ворисони тамаддуни куҳанбунёди Осиёи Миёна тайи ҳазорсолаҳо бо падидаҳои нодири эҷодии хеш ба фарҳанг ва тамаддуни кулли кишварҳои Шарқ таъсир расондаанд.
Соли 1975 бо супориши бевосита ва кумаки ҳамаҷонибаи Ғафуров дар Москва аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо рисолаи аввалини илмӣ бахшида ба муносибатҳои мусиқии тоҷикон ва мамолики Мағриб (Алҷазоир ва Тунис) ба тасвиб расид. Дар он бо далелҳои раднопазир исбот карда шудааст, ки мусиқии классикии мардуми Мағриб (нубаҳо) маҳз дар натиҷаи таъсири бевоситаи мақомҳои тоҷикӣ ташаккул ва рушд ёфтаанд. Пас аз мурури чандин сол Бобоҷон Ғафуров, ки дар арсаи ҷаҳонӣ мақому шуҳрати беандоза баландро соҳиб гардида буд, ҳамчун Раиси Кумиссиони Шӯравии ЮНЕСКО доир ба эътирофи ҳамдигарии тамаддунҳои Шарқу Ғарб ташаббускори баргузор намудани иддаи зиёди конфронсу ҷаласаҳои олимони ҷаҳон мегардад. Фарзанди бузурги Машриқзамин бо тамоми ғайрату шуҷоати олимона ба ҷаҳониён саҳифа ба саҳифа падидаҳои бузурги тамаддуни Шарқро ошно месозад. Беҳуда набуд, ки ҳамчун роҳбари Тоҷикистон ӯ бо маслиҳат ва мадади бевоситаи устод Айнӣ ба пойтахти кишвар устодони "Шашмақом" - ро аз Бухорову Самарқанд ва Тошканду Хуҷанд даъват карда меорад ва ба онҳо супориш медиҳад, ки дар як муддати хеле ҳам кӯтоҳ кулли оҳангҳои "Шашмақом" - ро ба нота гирифта, ба чоп омода созанд. Ҳамагӣ дар муддати бист соли мавҷудияти Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон мусиқии ҳазорсолаи миллати мо бо хати нотаи аврупоӣ дастраси тамоми ҷаҳониён гардид, вале ин дафъа бо матни тоҷикӣ, бо иловаи ашъори Рӯдакиву Саъдӣ, Хайёму Сино, Камоли Хуҷандиву Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиву Исо Махдуми Кӯлобӣ. 
Аввалҳои соли 1950, қабл аз он ки ҷилди аввали силсилаи «Шашмақом» ба чоп супурда шавад, Бобоҷон Ғафуров бо мақсади дақиқан мукаммал гардондани матнҳои шеърии мақомҳо яке аз кормандони Сарраёсати оид ба корҳои санъати Тоҷикистон Таввоб Муҳаммадаминовро (падари нависанда ва драматурги маъруф Аъзам Сидқӣ) ба китобхонаҳои шаҳри Тошканд барои ҷамъоварии нусхаҳои асили "Баёзҳои Шашмақом" мефиристад. Масъалаи назми Шашмақом ҳамон солҳо низ баъзан боиси баҳсу талошҳо мегардид, зеро дар нашри аввали «Шашмақом» (Москва, соли 1924) кулли матнҳо хориҷ карда шуда буданд.
Бинобар ин, Бобоҷон Ғафуров аз устод Айнӣ хоҳиш намуданд, ки маҳз он кас барои ҷилди аввали нашри нави  «Шашмақом» (с. 1950) сармақола нависанд. Ҳамин тавр, бо ибтикори аллома Ғафуров панҷ ҷилди «Шашмақом» бо нигориши аъло ва ороиши заррин дар беҳтарин нашриёти Москва чоп карда шуд ва ҷаҳониён барои шиносоӣ бо ин "симфония" - и тоҷикон имкон пайдо намуданд. Олами Ғарб аз рӯи нотаҳои "Шашмақом" кулли ҷанбаҳои пурғановати тамаддуни халқи тоҷикро эҳсос намуд ва боз як қадаме ниҳод ба сӯи эътирофи мардуми тамаддунсози Шарқ.
Соли 1972 Бобоҷон Ғафуров, ки меҳмони яке аз ҷаласаҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон буд, аснои муҳокимаи номзадони навбатӣ ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ панҷ ҷилди нашри «Шашмақом» - ро рӯи миз мегузорад ва нидо мекунад: "ин аст номзади арзанда!". Ҳозирин бо як овоз устодони "Шашмақом" - Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобовро сазовори ин мукофот интихоб мекунанд.
Соли 1977. Чи сӯзу гудозеро мешунидем ва чи навҳаву ғирев баланд мешуд дар он лаҳзаи видоъ бо Бобоҷон Ғафуров. Чеҳраи заъфарон ва пур аз ғаму ғуссаи Мирзо Турсунзода, ки дар назди тобути устод мегиристанд, садои ҳазини овозхонони маъруф - Ҳ. Мавлонова, Ш. Муллоҷонова, Б. Исҳоқова, ки  бо навбат оҳангҳои қадимии "Чӯли Ироқ", "Муноҷот", "Гиря", "Ғарибӣ"-ро бо нолаҳои ҷонхарош иҷро мекарданд, ҳеҷ аз ёди мо нахоҳанд рафт.
Дар замони истиқлолият Сарвари давлати навини тоҷикон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - вориси содиқи тамаддуни ҳазорсолаҳои мо, ҳамчун пайрави  устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров бо шуҷоату ғайрати боз ҳам бузургтар барои рушди устувори фарҳанги миллӣ камари ҳиммат бастанд. Бо ибтикори Пешвои миллат "Шашмақом" аввалин маротиба дар таърих зери ғамхории давлат қарор гирифт ва на танҳо ба кулли мардуми Тоҷикистон дастрас шуд, балки дар сатҳи ЮНЕСКО ба сифати мероси бузурги мусиқии ҷаҳонӣ эътироф гардид. Эмомалӣ Раҳмон мусиқии "Шашмақом" - ро чун омили пурқудрати худшиносии миллат эълон карданд.
Ҳамин тавр, бо амри таърих даъвати Ҳётеи бузург доир ба пайванд шудани тамаддуни ҷаҳонӣ бо назми тоҷикӣ - форсӣ ва орзуи аллома Бобоҷон Ғафуров доир ба эҳёи тамаддуни тоҷикон маҳз дар айёми истиқлолият амалӣ гардид. 
Аслиддин НИЗОМӢ,
доктори илмҳои санъатшиносӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2018    №: 87    Мутолиа карданд: 282

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед