logo

иҷтимоиёт

"САРАЗМ - ҶАРТЕППА". ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР...

Баъд аз ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии «Саразм - Ҷартеппа», яке аз калонтарин гузаргоҳҳои марзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, наздик ба 100 ҳазор шаҳрвандони ду кишвар тавассути он равуо кардаанд.

Дар ин бора, марзбонони тоҷик зимни сафари гурӯҳи хабарнигорон ба минтақаҳои сарҳадӣ, ки бо ташаббуси роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ба мо иттилоъ доданд. Ба гуфтаи марзбонон, ҳамарӯза тавассути гузаргоҳи сарҳадии «Саразм» аз ҳар ду ҷониб ҳазорон нафар барои саёҳат, дидорбинии хешу ақрабо ва дӯстони худ равуо мекунанд. Ин ҳақиқатро мо дар рӯзи сафар мушоҳида кардем. Аз ду ҷониб сокинон бо фараҳмандӣ ва истиқбол аз таҳаввулоти ахир дар муносиботи дӯстонаи ду кишвари ҳамҷавор марзро убур мекарданд.
Ба қавли Зафар Шарифов, сардори гузаргоҳи сарҳадии «Саразм», дар  гузаргоҳ шаш нуқтаи бақайдгирии шиносномавӣ, санҷиши гумрукӣ ва нақлиёти сабукрав фаъолият мекунад. Нуқтаҳои бақайдгирӣ бо системаи ягонаи марказӣ пайваст буда, маълумот дар бораи ҳар нафари ба қайд гирифташуда дар Вазорати корҳои хориҷии мамлакат сабт  мегардад. Дар даромадгоҳи бинои санҷиши гумрукӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ду лавҳа насб шуда, дар он байти машҳури Мирзо Турсунзода навишта шудааст:
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Дар канори дигари ҳамин даромадгоҳ лавҳаи тасвирие, ки фарогири фарҳанги ғанӣ, мавзеъҳои зебову дилрабои Тоҷикистон аст, моҳияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба меҳмонон шарҳ медиҳад. Ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни ду кишвари дӯсту бародар, ки дар доираи таҳаввулоти ахири муносибот бо иродаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба миён омад, на танҳо ба рафтуомади бемонеаи шаҳрвандон, балки ба тавсеаи табодули молу маҳсулот ва рушди тиҷорат ҳам мусоидат намуд. Ба гуфтаи Дилмурод Рашидов, сардори шуъбаи гумруки шаҳри Панҷакент, ҳоло тавассути ин гузаргоҳ содироту воридоти номгӯи зиёди маводи ғизоиву ашёи рӯзгор ба роҳ монда шудааст.
Асланҷон Ҳотамов, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, баъди кушодашавии сарҳад бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон меояд. Ӯ аз сифати хизматрасонӣ ва муомилаи хуши марзбонони тоҷик дар сарҳад ситоиш намуд ва гуфт, ки барои иштирок дар тӯйи писари бародараш ба шаҳри Душанбе раҳсипор аст.
Сурайё Шокирова, сокини шаҳри Самарқанд, ки дар марз бо ӯ ҳамсуҳбат шудем, ба қавле «аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид». Вай гуфт, таҳкими дигарбораи дӯстие, ки сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон асос гузоштанд, ҳамеша поянда бод. «Охир мо бо он наздикие, ки тӯли таърих ба ҳам доштем, наметавонем, ки аз ҳам ҷудо бошем, ҳар ду халқи бародар ба ҳам сахт омехтаанд, ки дигар ҳеҷ қувваи нест, ки онро барои ҳамеша аз байн бубарад. Қабл аз ин ҳусни тафоҳуми ҳамсоядорӣ, тӯй як тараф истад, мо дар мусибати наздиконамон иштирок карда наметавонистем. Хушбахтона, ҳоло дар тамоми тӯю маросими хешу ақрабо ва дӯстон метавонем озодона ширкат намоем. Шукр ва сад бор шукр, ки ба ин саодат даст ёфтем», гуфт ӯ.
Роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дидбонгоҳи сарҳадиро дар оянда барои равуои шаҳрвандони калонсол ва имконияташон маҳдуд аз гузаргоҳи сарҳадии Ӯзбекистон то гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистон бо нақлиёти махсус таъмин намояд. Ҳамчунин, қарор аст, ки дар назди ин гузаргоҳи сарҳадӣ як меҳмонхонаи замонавӣ ва терминали мусофиркашонӣ сохта ба истифода дода шавад.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2018    №: 89    Мутолиа карданд: 142

24.05.2018


Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ

Вохӯрии ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯнамоии иқтидори сайёҳии кишвар дар Боку

ҶАЙҲУН. ПИЁЗ ЗИЁДУ ХАРИДОР КАМ

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ: таваҷҷуҳи вижа ба таъмини амнияти лоиҳаҳои байналмилалии стратегӣ

Ширкати 15 ҳазор меҳмон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург

Макрон бо умеде ба Санкт-Петербург меояд, ки «Русияро ба Аврупо орад»

Дар Ҳилманд 15 нафарро аз асорати «Толибон» озод карданд

Қазоқистон гандуми бисёрсола парвариш кардан мехоҳад

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед