logo

иҷтимоиёт

САЙЁҲӢ. ЭҲСОСИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ МОРО БА ҚУЛЛАҲОИ МУРОД МЕРАСОНАД

Ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ва истифода аз захираҳои табиии мамлакат айни замон даҳҳо корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бунёд шуда истодаанд, ки бо ғанӣ гардондани буҷети давлат самаранокии кори рушди сайёҳиро дар кишвар беҳтар месозанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ вазъу дурнамои рушди устувори ҳамаи самтҳои хоҷагии халқро таҳлил намуда, ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз бахшҳои бунёдии иқтисоди миллист, муаррифии шоистаи имкониятҳои беохири сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дастуру супориш доданд.
Амалӣ намудани нуктаҳои Паём дар ҳамаи самтҳои соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, махсусан аҳолии деҳот, инчунин, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хосси миллиамон мусоидат мекунад. Ин ҷо танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёду навсозӣ гардида, сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардошта шавад.
Мо, устодони донишгоҳу донишкадаҳо, дар баробари таълиму тарбияи насли наврас кӯшиш карда истодаем, ки дар рушди соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ, тавассути дар замири шогирдон ташаккул додани ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги қадимаи мардум ва истифодаи самараноки комёбиҳои илми муосир саҳмгузор бошем.
Барои ин тамоми шароитҳо мавҷуданд. Фақат ҳисси баланди ватандӯстӣ ва миллатдӯстӣ метавонад моро ба қуллаҳои мурод расонад.
Исломиддин ФАСЕҲЗОДА,
устоди ДДИМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2018    №: 89    Мутолиа карданд: 239

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед