logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Солҳои пешазҷангиву давраи ҷангӣ сахту сангин буданд. Мардум гуруснагӣ мекашид. Зиндагӣ ба сари Муҳиддини наврас низ имтиҳонҳои ҷиддиеро пеш овард. Падарашро бармаҳал аз даст дод. Дар овони наврасӣ маҷбур шуд радифи калонсолон ба кори колхоз дарояд,  вале аз таҳсил бознамонд.
«Соли 1947, вақте ҳамагӣ 15 сол доштам, бори аввал дӯсти падарам – комиссари назорати давлатӣ Пӯлод Абдуллоевро дидам. Ӯ ба Узоқбойи тағоям, ки дар деҳа одами басе муътабар буд, пешниҳод намуд, ки маро ба Сталинобод (Душанбеи ҳозира) барои хондан фиристад. Бигзор хонад,  итминон дорам, ки ӯ дар оянда як одами хуб мешавад», - мегӯяд Муҳиддин Зоиров.
Ба пойтахт омада, М. Зоиров ба Мактаби давлатии тайёркунандаи кадрҳои роҳбарикунандаи колхозҳои назди Комиссариати халқии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил  шуд. Соли 1949 онро хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишкадаи аграрии Тоҷикистон қабул гашт. Ӯро баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси  сарагрономи стансияи механикӣ – тракторӣ ба Шаҳринав фиристоданд. Баъдтар муовини раиси комиҷроия, котиби дуюми ҳизби коммунисти ноҳия шуда кор кард.
Солҳои 1959-61 дар Мактаби олии партиявии назди КМ КПСС таҳсил намуд. Пас аз анҷоми таҳсил ба ҳайси котиби ташкилоти ҳизби коммунистӣ дар раёсати ҳудудӣ-истеҳсолии колхозиву совхозии Данғара (Совет, Ёвон) ва комиҷроияи ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ифои вазифа намуд.
Дертар Муҳиддин Зоировро ба вазифаи боз ҳам баландтар – мудири шуъбаи кишоварзии  КМ ПК Тоҷикистон таъйин намуданд. Масъулиятшиносии вай акнун на танҳо дар доираи як ноҳия, балки тамоми мамлакат доман густурд. Баъдтар қариб даҳ сол ба ҳайси вазири кишоварзии Тоҷикистон ифои вазифа намуд. Дар ин давра боғпарварӣ, ангурпарварӣ, истеҳсоли зироатҳои ғалладонагӣ, чорводорӣ, азхудкунии заминҳои нав, сохтмони стансияҳои обёрикунанда тараққӣ карда, сатҳи зисту зиндагонии заҳматкашон беҳ гашт. Дар давраи роҳбари Вазорати кишоварзӣ будани Зоиров мамлакат як миллион тонна пахта ҷамъ овард, ки ин рекорди таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Соли 1982 Муҳиддин Зоировро котиби якуми Ҳизби коммунисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин намуданд. Боз вазифаи нав, масъулияти нав, одамони нав мунтазири ӯ буданд. Дар ин ҷо низ садоқатмандона хизмат намуда, дар ободонии ин гӯшаи диёрамон саҳм гирифт.
Давлат хизматҳои пурсамарашро баҳои баланду муносиб дода, ӯро бо орденҳои Револютсияи Октябр, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» мукофотонидааст.
Тошмат ТЕМИРОВ,  журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2018    №: 90    Мутолиа карданд: 135

24.05.2018


Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ

Вохӯрии ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯнамоии иқтидори сайёҳии кишвар дар Боку

ҶАЙҲУН. ПИЁЗ ЗИЁДУ ХАРИДОР КАМ

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ: таваҷҷуҳи вижа ба таъмини амнияти лоиҳаҳои байналмилалии стратегӣ

Ширкати 15 ҳазор меҳмон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург

Макрон бо умеде ба Санкт-Петербург меояд, ки «Русияро ба Аврупо орад»

Дар Ҳилманд 15 нафарро аз асорати «Толибон» озод карданд

Қазоқистон гандуми бисёрсола парвариш кардан мехоҳад

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед