logo

фарҳанг

СУРУДИ НОТАМОМИ ҶАВОНӢ

(Ҳиссае аз қиссаҳои ногуфта)
Кампири Зиёда ҳар гоҳ, ки ҳиссае аз қиссааш оғоз мекард, симояш тағйир меёфт. Пешонааш пурожанг мегашт. Қиссаи дарозу мондагор дорад ӯ. Вале бисёр қиссаҳои талху ширин дар ниҳодаш ҳанӯз нуҳуфта аст.

Ӯ ҳанӯз, вақте ки ҷавонӣ медид, орзуву ҳавас дошт. Ба умеди орзуҳои ширинаш шабҳои фироқро рӯз мекард. Рӯзҳо таронаҳои ҷигарсӯз хондаву кор мекард. Рӯзеро интизор буд, ки ёрашро дар бараш бинад. Даҳ солу бист солу панҷоҳ солу… сипарӣ гардиданд. Мӯяш сап - сафед шуд. Қоматаш хам гашт. Ба даст асо гирифт. Аммо, аз он рӯзи васл нишоне набуд, ки набуд…
Якдигарро дӯст медоштанд. Паси талҳои сурхи гандуми расида, даст ба даст ниҳода, суруд мехонданду роз мегуфтанд. Суруду розҳои ҷавонӣ. Шафати хирмани пурбори гандум, ҳини фароғат, ҳар ду: Эшону Зиёда якҷо нишаста, сипоси зиндагӣ мекарданд. Эшон тарҳи рӯзгори ояндаро мекашид. Бо ҳавас хонаи пур аз бача ва зиндагии серу пурро орзу мекард. Зиёда паси пардаи сафеди моҳтобӣ табассум дошт. Дилаш лабрези ишқу сурур буд. Аз хаёлбозиҳои ширини Эшон аҷаб хушаш меомад… 
Субҳ ҳар яке ба «даста» - и хеш мерафт. Меҳнати сахту вазнин оғоз меёфт. Зери гармои тобистон, даруни гандумзор, гӯё ки набарде баргузор мегашт. Занҳо дос мондаву хӯшаҳои «тиллоӣ» дарав карда, аз паси мардон мерафтанд. Зиёда қатори занҳо буд. Ҳамранги дугонаҳо, арақи ҷабин дар пешона, кор мекард. Фурсате, ки меёфт, сӯи пеш тарафи Эшон менигарист. Ёри танумандашро дар паҳлуяш дида, дилаш гул мекард. Он замон раванди зиндагӣ ҳамин буду тоқатфарсо.
Рӯзи сиёҳ расид. Зоғҳои бадмӯр болои гандумзор чарх задан гирифтанд. Нишонаи бад падид омад. Аспакие аз маркази колхоз зери обу арақ ва бо ранги парида хабари шумро овард: «Ҷанг сар шуд, ҷанг!..».
Суруди шӯхи ҷавонӣ ба марсия бадал гашт. Паси якдигар ҷавонон ба ҷанг, ба дифои Ватан мерафтанд. Ҷанг давом дошт. Аскариравӣ ҳам.
Як соли ҷанг сипарӣ гашт. Эшону Зиёда соли дуюми ҳаёти якҷоягиро мегузаронданд. Духтарчаашон Сангинмоҳ ба дунё омад. Нишонаи зиндагии талху ширин, нишонаи ишқи аввалину охирини Эшону Зиёда гардид ин духтарча.
Зиёда аввал бародараш Холро ба ҷанг гусел кард. Баъдтар Эшонро.
Рӯзҳои сахту вазнини Зиёда сар шуданд. Саробонии ду оила ба дӯшаш бор шуда буд. Аз субҳ то шом дар колхоз кор мекард. Рӯзгораш басо душвор гашта буд. Зиёда Сангинмоҳро бари модари пири Эшон гузошта, сапедадам ба саҳро мерафт. Зиёдаи тануманд ба ҷои ду-се кас кор мекард. Гандум медаравид. Дарзаҳоро пушт карда, сари хирман меовард. То як поси шаб гандум кӯфта тоза мекард.
Як бегоҳ хаткашон хати сиёҳи бародарашро овард. Хешону наздикон азо гирифтанд. Зиёда бар тан либос дарида, барои бародараш гирист. Аз Эшон дер боз хабаре набуд. Зиёда дар ташвиш монд. Хобҳои нохуш медид. Фақат Сангинмоҳ - тифлаки дӯстрӯяш ғамбарораш буд. Боре нимашабӣ дари хонаи онҳоро куфтанд. Зиёда чароғ бар даст аз хона бадар омад. Паси дар, амакаш, Пир Маҳмудро диду дилаш таҳ кашид. Пай бурд, ки дар ин поси шаб ӯро беҳуда бедор накардаанд. Пир Маҳмуд бо овози ларзон ба зӯр гуфт, ки «хати сиёҳ»- и Эшонро овардааст. Зиёда беҳуш гашт. Рӯю мӯ канд. Болои ғамаш ғами нав зам гашт.  
Ҷанг поён ёфт. Ниҳоят, рӯзи Ғалаба, ки мардум дер гоҳ интизораш буданд, фаро расид. Ғолибони ҷанг ба деҳа бармегаштанд. Дар он хонадоне, ки аскар меомад, шамъ афрӯхта мешуд. Ҳамдиёрон бари аскари зафарманд нишаста, муддатҳо ҳолпурсӣ мекарданд ва қиссаҳои қаҳрамонӣ мешуниданд. Аммо шамъи хонаи Зиёда хомӯш буд.
Солҳо сипарӣ мегаштанд. Зиёда сол ба сол симояш тағйир меёфту қиёфааш дигар мегашт. Ягона хушнудиаш, набераҳояш, фарзандони Сангинмоҳ ва фарзандони бародараш Хол буданд, ки ӯро тасаллият медоданд…
Убайдулло  РАҲИМОВ,
Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ходими калони илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, узви ИЖТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2018    №: 90    Мутолиа карданд: 141

24.05.2018


Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ

Вохӯрии ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯнамоии иқтидори сайёҳии кишвар дар Боку

ҶАЙҲУН. ПИЁЗ ЗИЁДУ ХАРИДОР КАМ

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ: таваҷҷуҳи вижа ба таъмини амнияти лоиҳаҳои байналмилалии стратегӣ

Ширкати 15 ҳазор меҳмон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург

Макрон бо умеде ба Санкт-Петербург меояд, ки «Русияро ба Аврупо орад»

Дар Ҳилманд 15 нафарро аз асорати «Толибон» озод карданд

Қазоқистон гандуми бисёрсола парвариш кардан мехоҳад

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед