logo

иҷтимоиёт

ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА САҲМИ НАМОЁН ДОШТ

Соли ҷорӣ аз анҷоми набардҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки таърих назирашро дар ёд надорад, 73 сол сипарӣ шуд ва ҳар сол мардуми шарафманди Тоҷикистон дар радифи дигар халқу миллатҳои сулҳҷӯи олам 9 майро ҳамчун Рӯзи Ғалаба бо шукӯҳ таҷлил мекунанд.
Дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба фронт рафта, 92 ҳазор дар рафти амалиётҳои ҷангӣ ҷон бохтанд. Ба иттилои Раҳмат Қудратов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол, дар кишвар аз 208 ҳазор иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар таъмини Ғалаба саҳми намоён доштанд, танҳо 345 нафар дар қайди ҳаётанд. Корнамоиҳои бемисли шаҳрвандони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба бо ордену медалҳои зиёд қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла, 56 ҳазор далерони майдони ҷанг бо ордену медал, 54 нафар ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар бо се ордени Шараф мушарраф гардиданд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ изҳори қаноат кард, ки ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  пеш аз ҳама, бо ҳидояти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон аз ҷиҳати молиявӣ ва барқарор намудани саломатии онҳо мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, ҳар сол дар арафаи Рӯзи Ғалаба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар яки онҳо ба маблағи ду ҳазор сомонӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 500 сомонӣ дода мешавад. Боиси хушҳолист, ки дар идомаи ҳамин анъанаи нек дар арафаи таҷлили 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба имсол бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони ҷанговарони ҳалокгардидаи шаҳр 1500 сомонӣ ёрӣ расонда шуд.
Қобили зикр аст, ки дар чанд маврид ба муносибати таҷлили Рӯзи Ғалаба бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва шахсоне, ки дар ин солҳо на камтар аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор карданд, ё дар хизмати ҳарбӣ будаанд», нафақаи онҳо ба андозаи муайян зиёд карда шудааст.
Дар баробари ин, танҳо давоми панҷ соли охир ба маъюбон ва иштирокчиёни ҶБВ илова ба нафақаи онҳо 11286400 сомонӣ ёрӣ расонда шудааст. Ҳамчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расондани ёрии тиббӣ ба маъюбон ва иштирокчиёни ҶБВ ва барқарорсозии саломатӣ дар осоишгоҳи «Харангон» - и ноҳияи Варзоб ройгон аст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2018    №: 90    Мутолиа карданд: 230

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед