logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "КОРНАМОИҲОИ ФАРЗАНДОНИ ТОҶИКИСТОН НАМУНАИ ОЛИИ САДОҚАТ БА ВАТАН МЕБОШАД"

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба бар фашизм, шаҳри Душанбе, 8 майи соли 2018

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Мардуми Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи Ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд.
Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад.
Фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ин ҷанги даҳшатнок, ки аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи башарият буд, иштирок карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих бо ҷасорату матонат ва сарбаландона гузаштанд. Аз ин лиҳоз, корнамоиву диловарии фарзандони баору номуси Тоҷикистон барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад.
Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамасола кумак ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар шароити ноором ва бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки хатару таҳдидҳои нав дар бисёр кишвару минтақаҳои сайёра торафт вусъат пайдо мекунанд, тарғибу ташвиқи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба саҳифаҳои ибратбахши таърихи халқи тоҷик ва омӯхтани корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои таҳкими амну оромии ҷомеа, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ мардуми кишвар 25 - солагии таъсисёбии онро таҷлил намуданд, бо истифода аз сабақу корнамоиҳои падарони шарафманди хеш барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва зиндагии орому осоиштаи мардуми тоҷик чун сипари боэътимод ҳамеша омода мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин муддат насли ҷавони ҳомиёни Ватан ба камол расида, марзу буми кишвари соҳибистиқлоли худро содиқона ва бо шуҷоату далерӣ ҳимоя мекунанд. Ҳангоми боздид аз ҷузъу томҳои ҳарбӣ хуб мушоҳида мегардад, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо барои ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки сарзамини аҷдодӣ, шарафи Тоҷикистони азиз ва таҳкими амнияти ҷомеаву давлат омодаанд.
Итминони комил дорам, ки сарбозону афсарони бонангу номус, далеру шуҷоъ ва посдорони қавииродаи Модар – Ватан бо истифода аз сабақҳои матонату шуҷоати наслҳои калонсол ва бо интизоми қатъии ҳарбӣ минбаъд низ барои ҳимояи неъмати бузургтарини ҳаёти сокинони мамлакат – истиқлолият ва озодӣ, тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани мақому мартабаи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамеша омодаву ҳушёр хоҳанд буд.
Бори дигар ҳамаи иштирокчиёну собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, рӯзгори обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Ҷашни пирӯзӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2018    №: 90    Мутолиа карданд: 306

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед