logo

сиёсат

ТТЭ ҲНИТ. АЪЗОИ ОН АЗ АВВАЛ МАҚСАДҲОИ НОПОК ДОШТАНД

Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни аҳзоби сиёсии кишвар, ҲНИТ ягона ҳизбе буд, ки аз рӯзи ташкилёбиаш ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид шуда буд. Миёни аҳолии кишвар ҳеҷ вақт нуфуз ва ҷонибдорони худро пайдо накарда, ба фано рафт.
Ба ҳамагон маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти ТТЭ ҲНИТ терроризми сиёсӣ, миллатгароӣ, экстремизми динӣ ва амалҳои ҷиноӣ равшан зоҳир мегардид.
Мақсади ин ташкилоти экстремистӣ - террористӣ аз суст кардани амнияти мамлакат, ғасб ва аз худ намудани ҳокимияти давлатӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардондани фаъолияти террористӣ иборат буд.
Имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун аз кишвар бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон, бо истифода аз ҳар гуна буҳтон ва суханони беасос ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Онҳо бо ин кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он экстремизму терроризмро мебинанд, ки мехостанд бо истифода аз иғво ва амалҳои тахрибкоронаи хеш ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад.
ҲНИТ то соли 2015  гарчанде ба таври қонунӣ фаъолият дошт, аммо зери ин парда ғаразҳои сиёсии худро амалӣ менамуд. Хушбахтона, фаъолияташ ба таври қонунӣ манъ гардида, бо ҳалномаи Суди Олӣ расман баста шуд. Санаде, ки фаъолияти онро манъ намуд, санади одилона ва қонунӣ буд. Сарпарастии хориҷиён, паноҳгоҳ додани онҳо ба саркардагони Ҳизби наҳзати исломӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо пешравӣ ва рушду ободии Ватани азизамонро дида наметавонанд.
Ин зуҳуроти хатарзо моро водор месозад, ки ҳушёриву худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва равандҳои замони муосирро хуб дарк ва фазои сулҳу ороми ҳаёти ҷомеаро таъмин намоем.
Мутаассифона, имрӯзҳо ифротгароиву терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ реша давонда, зиндагии осудаи мардуми сайёраро зери хатар гузоштааст. Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, ки дар ҳамбастагӣ бар муқобили ин вабои аср муборизаи беамон баранд. Нагузоранд, ки терроризм ва экстремизм ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра халал ворид созад ва ҷаҳонро ба арсаи ҷангу куштор табдил диҳад.
Бовари комил дорам, ки ҳеҷ гоҳ мардуми сарбаланди тоҷик побанди ақидаҳои ифротгароёнаи ТТЭ ҲНИТ ва ҳаммаслакони ӯ нахоҳанд шуд. Зеро барои миллати бофарҳанги мо терроризм ва экстремизм бегона аст. Кулли шаҳрвандони кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гул - гулшукуфии Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд.
Ҷамолиддин ТИЛЛОЕВ,  корманди ШВКД - и шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2018    №: 91    Мутолиа карданд: 256

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед