logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон: «Фаронса ҳамкори асосии Тоҷикистон дар Аврупост»

19 октябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Президенти Ҷумҳурии Фаронса дар Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Тйерри Марианиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Фаронсаро «ҳамкори асосии Тоҷикистон дар Аврупо» номида, таъкид дошт, ки «мо ба таҳкиму тавсеа додани муносибатҳои гуногунҷанба бо он манфиатдорем, аз ҷумла ба густариши робитаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ».
Тйерри Марианӣ ба таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки «андешаю пешниҳодҳои Шумо баҳри  барқарор сохтани оромию субот дар Афғонистон барои нерӯҳои эътилофии посдори сулҳ бисёр муҳим аст».
Масоили вобаста ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистону Покистон аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи аксари лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳу пулҳо ва ғайра дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ мебошанд.
Таҷдиди фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ки лоиҳаи асосии ҳамкории имрӯзаи иқтисодии ду кишвар аст, ба иттилои намояндаи Президенти Фаронса тобистони соли 2011 анҷом меёбад.
Бо таваҷҷӯҳ ба таъсири Афғонистон ба авзои кишварҳои минтақа ҳар ду ҷониб омодагии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ ва амниятӣ, аз ҷумла барои пурзӯр намудани мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 695
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед