logo

иқтисод

ОЗУҚАВОРӢ. ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Бо мақсади кам намудани шумораи мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи санҷиши субъектҳои хоҷагидор  дар заминаи 4 мақомоти санҷишӣ - Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи бехатарии озуқавории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.  Раиси кумита Фарҳод Камолзода зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” ҳадафу вазифа ва натиҷаҳои нахустини фаъолияти кумитаро чунин шарҳ дод:

- Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали таъсисёбӣ фаъолияти худро ба таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дигар манфиатҳои миллӣ равона намудааст.
Бо мақсади интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳибихтисосу лаёқатманд дар дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории кумита аттестатсияи кормандон гузарондем.  Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи аттестатсия 109 ҳолати ишғоли вазифа бе маълумоти касбӣ (ҳатто бо маълумоти миёна), 15 ҳолати дар ду мақомоти зертобеъ фаъолият намудани кормандон, 9 ҳолати фаъолияти хешутабори наздик, инчунин 2 ҳолати доғи судӣ доштани кормандон, ошкор карда, онҳо аз вазифа тибқи тартиби аттестатсионӣ озод карда шуданд.
Дар се моҳи соли равон аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ  209896  ташхиси маҳсулот гузаронда, аз ин ҳисоб, тибқи талаботи байторию беҳдоштӣ, маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз ҷумла 3434,6 кг маҳсулоти гӯштӣ, 532,4 литр маҳсулоти ширӣ, 7300 дона тухми паранда, 4983,1 кг меваю  сабзавот, 56,2 кг моҳӣ, 302,4 кг маҳсулоти намакин, 150,8 кг равғани рустанӣ  ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок аз муомилот гирифта, нобуд карда шуданд. Аз 637 нафар  қонуншикан ба маблағи 121440 сомонӣ ҷарима  ситонда шуд.
Мутахассисони соҳаи байторӣ 13437 сар чорвои калони шохдорро барои муайян намудани аломатҳои бемории сил аз ташхиси аллергенӣ гузаронданд. Санҷишҳо нишон доданд,  ки саршумори чорвои хоҷагиҳо аз бемориҳои брутселлёз ва сил эминанд ва ҳолати эпизоотию вазъи солимии чорво дар хоҷагиҳои давлатӣ нисбат ба солҳои гузашта муътадил аст.
Дар хоҷагиҳои деҳқонию фермерии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  чорабиниҳои безараргардонӣ, аз ҷумла дезинфексия ва дезинсексия, гузаронда  шуд. Нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ гирифта, дар манбаъҳои номусоид, таҳдидкунанда ва дорои пайдоиши хавф чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии ҳайвонот ва безараргардонию маҳдудкунӣ доир гардиданд.
Фаъолият дар самти фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ ба солимгардонии ҳолати фитосанитарии зироатҳои кишоварзӣ, сари вақт андешидани тадбирҳо, муҳофизати зироатҳои кишоварзӣ аз зараррасонҳо, касалиҳо ва алафҳои худрӯй равона карда шудааст. Давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 528 922 тонна, 826784 дона ва 83956 метри мукааб маҳсулоти гуногуни карантинӣ ворид шудааст. Ҳамчунин, маводи транзитие, ки аз Покистону Афғонистон ба дигар давлатҳо содирот мешаванд, таҳти назорати қатъии мутахассисон қарор доранд.
Мутахассисони кумита  барои муайян намудани ҳолати фитосанитарии карантинӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва пешгирӣ намудани ҳудудҳои паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ дар 1664 намунаи маҳсулот 2653 ташхиси гуногуни фитосанитарӣ гузаронданд.  Анборҳо, ҷойҳои нигоҳдорӣ ва захиракунии маводи  карантинӣ, инчунин, ҳудуди секилометраи истгоҳҳои роҳҳои оҳан, аз ҷониби мутахассисон зери назорати доимӣ гирифта шуданд.
Кумита назорати давлатии таъмини бехатарии озуқавориро дар соҳаҳои байторӣ, зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантини рустанӣ ва тухмӣ амалӣ менамояд. Бо дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ниҳодҳои мазкур воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ пешгирӣ шуда, ба ин васила ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва амнияти озуқаворӣ дар қаламрави мамлакат  таъмин мегардад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2018    №: 91    Мутолиа карданд: 1024

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед