logo

фарҳанг

ФАЗЛИДДИН ШАҲОБОВ, ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ШАШМАҚОМ

Фазлиддин Шаҳобов кист? Сабки хоси хониш ва овози ширину форами ин овозхон дар баробари навозиши олии ин танбӯрӣ маро водор сохт, ки чунин саволро пеши худ бигузорам ва ба он посух биёбам. Маълумам шуд, ки чанд сол пештар 100 – солагии ин нобиғаи мусиқӣ, донандаву хонандаи барҷастаи Шашмақом, яъне дар замони соҳибистиқлоли кишвар таҷлил гардида будааст.
Дар се ҷилду се китоби алоҳида бо номи «Осор ва пажӯҳиш» - ашро, ки мураттиби он доктори илми санъатшиносӣ Фароғат Азизӣ мебошад, дастрас ва мутолиа намудам. Дуруст аст, ки барои мани навомӯз ба дунёи бузурги Шашмақом ва олами ҳунару дониши Фазлиддин Шаҳобов ба осонӣ роҳ бурдан даст намедиҳад. Вале, зарур аст, ки ҳар тоҷики асил, дилбохтаи ҳунар ва мусиқии классикиямон барои ин бояд иқдом намояд, хосса дар ин рӯзгор, ки ҳеҷ миллате аз хатари таҳдиди буҳрони маънавӣ ва ҷаҳонишавӣ дар канор нест.
Ба ростӣ, ин ҳунарманди асил то замоне ки миллат арзи ҳастӣ мекунаду Шашмақом дар олам пойдор мемонад, ҳаргиз намемирад, рӯҳану маънаван бо мост.
Ӯ рӯзи Наврӯзи соли 1911 ба дунё омад ва 1 феврали соли 1974 бар асари бемории дил онро  падруд гуфт, яъне 63 сол умр дид ва 44 сол боз бо ному тавсифаш дар дилу забонҳост. Дар ин муддат Шашмақом зинда нигоҳаш дошт ва минбаъд низ зиндаву ҷовид хоҳад монд.
Падараш Домулло Абдураҳими Хатлонӣ, ки бо тахаллуси Аҷзӣ шеър мегуфту Бедилшиноси маъруфу маҳбуб маҳсуб мешуд, ҳеҷ намехост ҷигарбандаш танбӯриву овозхон, яъне аҳли мусиқӣ бишавад. Орзуяш ин буд, ки ӯ бихонад, илму шеъру адаб омӯзад, олим шавад. Ба фарзандаш ашъори ниёгонро ташреҳу тафсир мекард. Талқин менамуд, ки беҳтарин намунаҳои шеъриро аз осори ниёгони маъруфамон аз бар бикунад. Ҳамчунин, ба ӯ мантиқ ва илми арӯзро меомӯзонд. Аммо тағояш Ғуломқодир Изомӣ, ки дар хаттотиву навозиши танбӯр ҳунари воло дошту истеъдоди фитрӣ, инчунин Шашмақомро хуб медонист, роҳи ӯро барои умре дигар кард.
Фазлиддин Шаҳобов дар андак муддат танбӯрнавози чирадаст шуд. Ӯ баъдҳо изҳор медошт: «Мехостам рисолае дар бораи ин соз таълиф кунам, афсӯс беморӣ нагзошт». Аммо аз сабтҳо, қайдҳо ва як мақолааш дар бораи ин соз, ки худ «навиштаҷоти парешон» - аш хондааст, як донандаи хуб, мутахассису ҳунарманди нотакрорро рӯ ба рӯи худ мебинем.
Аз навиштаҳои олими шодравон Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ дар ин хусус аст: « Танбӯри ӯ, ҳақиқатан, муъҷизаест. Нохуни вай аз косаи танбӯр садое мекашад, ки дар замони мо ба ягон танбӯрӣ муяссар нашудааст».
Фазлиддин Шаҳобов дар навохтани сато (ки бо камонча навохта мешавад) низ чирадаст буд.
Ҳақ бар ҷониби Аслиддин Низомӣ, доктори илми санъатшиносӣ, мебошад, ки баён медорад: «Ҷоиз аст, ки таҳқиқи назокат ва маҳорати танбӯрнавозии устод Фазлиддин Шаҳобов бояд дар ояндаи наздик чун мавзӯи хоссаи илмӣ баррасӣ гардад, азбаски имрӯз ҳунари Шашмақом ба чунин мутрибони нозукадо хеле ниёз дорад ва дар ин савия ҳунарваре алҳол ба арсаи эҷод наёмадааст. Маҳорати Шаҳобов чи дар Тоҷикистон ва чи дар Ӯзбекистон феълан чун қуллаи дастнорас ва фатҳнашаванда боқӣ мондааст».
Фазлиддин Шаҳобов таҳсилро дар Консерваторияи шаҳри Маскав (солҳои 1936 – 1941) идома дод.
Бо пешниҳоди сарвари вақти давр ва шахсиятҳои маъруф бояд Шашмақом ба адвор (нота) дароварда мешуд. Зарурати иҷрои ҳарчи зудтари ин амал борҳо таъкид мегардид. Фазлиддин Шаҳобовро вазифадор намуданд, ки ду мутахассиси асилу донандагони забардасти Шашмақом Бобоқул Файзуллоев ва Шоҳназар Соҳибовро аз Тошкенту Бухоро биёрад.
Аз аввали соли 1947 кор оғоз ёфт. Баробари ба адвор гирифтани он бо пешниҳоди сарвари вақти давлат аллома Бобоҷон Ғафуров ва устод Садриддин Айнӣ тарғиби бештари ин мусиқӣ шурӯъ шуд.
Шашмақом дар панҷ ҷилд ва панҷ китоби алоҳида бо сарсухани устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Маскав солҳои 1950 – 1967 ба табъ расид. Ин асар баъдан бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод гардид.
Фазлиддин Шаҳобов  ва Шоҳназар Соҳибов ин шоҳкориро ба ҳунармандони маъруф Аҳмад Бобоқулов, Туҳфа Фозилова, Ҳанифа Мавлонова, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Боймуҳаммад Ниёзов, Муслима Боқиева ва дигарон омӯзонданд.Овозхони мумтоз шодравон Барно Исҳоқова ёдовар шуда буд: «Фазлиддин Шаҳобов маънои шеърро ба шогирдон мефаҳмонд ва кӯшиш мекард, ки шогирдон шеъри классикиро на танҳо бехато, балки фаҳмида хонанд, бо хониши худ ба ҳам ҷӯр шудани шеъри олӣ ва оҳанги олиро ба фаҳми шунаванда расонанд».
Шодравон Хайрулло Абдуллоев, оҳангсози маъруфи кишвар, навишта буд: «Устод дар ҳамаи кор барои мо намуна буд. Ба ман ва оҳангсозони ҷавон барои офаридани суруд шеър интихоб менамуд. Фазлиддин Шаҳобов марди суханвару суханшинос, сарвару маслиҳатгари оҳангсозони тоҷик буд ва инро набояд фаромӯш кард».
 Фазлиддин Шаҳобов ба ин қаноат накард. Медонист, ки Шашмақом бояд бештару беҳтар тарғиб шавад. Аз ин рӯ, тарғиби онро тариқи телевизион низ ба роҳ монд. Муаллифи ин барнома шуд ва барандагии онро худ ба уҳда гирифт. Ин ҳунарманду донандаи асили мусиқии миллӣ ҳамроҳи Шоҳназар Соҳибов ва Юрий Тер – Осипов достони симфонии «Сегоҳ» - ро, ки яке аз номҳову мақоми Шашмақом маҳсуб мешавад, барои оркестри симфонӣ навиштанд.
Фазлиддин Шаҳобовро соли 1947 ба узвияти Иттифоқи композиторони ИҶШС мепазиранд. Хидматҳояш бо унвонҳои Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон (1944), Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1947), Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1957), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ» ва медалҳо қадр карданд.
Соли 1990, баъди марг, барандаи Ҷоизаи Борбадаш намуданд. Гурӯҳи ҳунарии «Шашмақом» - и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳуриро ба номаш гузоштанд.
Барои шинохти бештари ин шахсияти нотак-рори илму ҳунар Фароғат Азизӣ нахустин бор соли 2006 китоберо бо номи «Шиҳоби мусиқӣ» (иборат аз чор қисм) ба табъ расонд. Пас аз соле ин муҳаққиқ китоби Фазлиддин Шаҳобовро бо номи «Баёзи Шашмақом» бо ташреҳу тафсир ба табъ мерасонад. Ин асар дар асри ХХ ягона рисолаи илмӣ оид ба Шашмақом аст, ки аз рӯи анъанаҳои рисоланависии асрҳои XVIII - XIX дар шакли баёз навишта шудааст.
Ҳамин тавр, устоди забардасту нотакрори мусиқӣ Фазлиддин Шаҳобов бо ҳунару асару хидматҳои барҷастааш ҳамроҳи ин миллату Шашмақом садсолаҳо, балки ҳамеша зинда хоҳад монд.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2018    №: 91    Мутолиа карданд: 97

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед