logo

Хабарҳо

САФАРИ ҲАЙАТИ КДАМ БА КОБУЛ

7-9 майи соли ҷорӣ ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси кумита Саймумин Ятимов бо сафари корӣ дар пойтахти  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – шаҳри Кобул қарор дошт.

Зимни сафар Саймумин Ятимов ва ҳайати ҳамроҳонаш бо раиси Сарраёсати амнияти миллии ҶИА Муҳаммад Маъсум Станикзай, вазири мудофиаи ҶИА Баҳром Торуқшоҳ, вазири корҳои дохилии ҶИА Аҳмад Вайс Бармак ва мушовири Президенти ҶИА оид ба масъалаҳои амниятӣ Муҳаммад  Ҳаниф Атмар мулоқот намуданд.
Ҳангоми вохӯриҳо масоили ҳамкориҳои хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба таъмини амнияти минтақа баррасӣ шуданд.
Ширкаткунандагон доир ба  татбиқи тадбирҳои ҳамоҳангшуда дар муқовимат бо терроризми байналмилалӣ, ошкор сохтани ҳадафҳои ташкилотҳо ва ҳаракатҳои террористӣ, ҷустуҷӯ, муайянкунӣ ва боздошту истирдод намудани аъзои онҳо, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии истифодаи сарҳади давлатӣ бо мақсадҳои тахрибкоронаву террористӣ ва ҳифзи боэътимоди сарҳад ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни сафар, ҳайати Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо иродаю талоши хешро вобаста ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ таъйид намуда, мавқеи ягонаро дар масъалаҳои муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосир иброз доштанд.
АМИТ «Ховар»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 283

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед