logo

Хабарҳо

Сафари Сарвазири мамлакат ба Данғара

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо  сохтмони корхонаҳои азими истеҳсолӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуд.
Зимни сафар, нахуст Қоҳир Расулзода  аз Минтақаи озоди иқтисодии Данғара боздид ба амал овард.  Зикр гардид, ки  аз 23 субъекти  дар минтақа ба қайд гирифта шуда, 9-тоаш фаъолият дошта, дар дигар субъектҳо корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. Тайи чор моҳи соли равон дар МОИ Данғара ба маблағи 3,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад  зиёд мебошад.
Чуноне  қайд гашт, навбати аввали корхонаи коркарди нафт мувофиқи нақша дар арафаи Ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Инчунин, дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода бо сохтмони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Син Силу Текстил” шинос шуд.
Сарвазири  мамлакат аснои шиносоӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии Данғара ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Син Силу Текстил” бо назардошти суръати пасти корҳои сохтмонӣ аз масъулон талаб намуд, ки иншооти мазкур бояд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати пешбинишуда ва  бо сифати баланд ба истифода дода шаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 262

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед