logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ПОДОШИ ЯК НЕКӢ
Зани солхӯрдаеро ба беморхона оварданд. Баъди ташхис духтурон ба хулоса омаданд, ки зуд дилашро ҷарроҳӣ намудан лозим аст.
Баъди ҷарроҳӣ зан, ки нодору нотавон буд, ба худ омада, аз писараш пурсид:
- Писарам, аз куҷо пул ёфтӣ? Чӣ лозим буд ҷарроҳӣ, охир синну солам ҳам рафтааст. Худо накарда аз касе қарз карда бошӣ…
- Ман пул ҳам наёфтаму аз касе ҳам напурсидаам, очаҷон. Намедонам, як духтур омаду ин модари ман ҳаст гӯён худаш шуморо ҷарроҳӣ намуд.
Ин вақт ҷавоне бо сарулибоси сафед вориди палата шуд. Писари зан он нафарро шинохта ба модараш гуфт, ки ана ҳамин кас шуморо модар гуфта, ҷарроҳӣ намуд. Духтур ба зан бо чеҳраи гарм нигоҳ карда пурсид:
- Аҳволатон чӣ хел модарҷон? Худро чӣ хел ҳис мекунед?
- Раҳмат писарам, хубам. Шумо кистед, ман нашинохтам? - ба чеҳраи ҷавон зеҳн монда пурсид.
- Баъд мегӯям модарҷон, ҳозир шумо бояд истироҳат намоед, - ҷавоб дод ҷавон ва аз ҷой хестанӣ шуд.
- Не, ҳозир гап зан, ки дили ман ором гирад, - дасти ҷавонро дошта, бо исрор гуфт зан.
- Ман дар кӯдакӣ волидони худро аз даст додам. Як рӯз сахт гурусна будам, дари шуморо кӯфта об хостам. Шумо маро ба хона таклиф намуда, ба ҷои об ширу нон додед. Ба ман ширу нони додаи шумо ҳамон лаҳза арзиши як дунёро дошт. Имрӯз бо як нигоҳ шуморо шинохтам, модарҷон. Зеро хубии шуморо ҳеҷ вақт фаромӯш накарда будам ва намекунам.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


АВРААМ ЛИНКОЛ ВА 18 БОХТИ Ӯ ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ
Авраам Линкол дар таърихи давлатдории Амрико яке аз сиёсатмадорони маъруфтарин ба шумор меравад. Ӯро амрикоиҳо, хусусан сиёҳпӯстон, ки даврони ғуломиро аз сар гузарондаанд, «бузургтарин президенти мо» мегӯянд. Пайкарааш дар даромадгоҳи Осорхонаи марказии Амрико қомат афрохтааст. Ин марди бузург барои ғуломон воқеан ҳам, хизмати чашмрас намуд. Ӯ ғуломдориро аз байн бурда, ҳамаи мардумро новобаста аз нажод, пӯст ва миллаташон баробарҳуқуқ эълон намуд. Аҷиб ин аст, ки то ба зинаи президентӣ расидан, Авраам 18 маротиба  дар интихоботи президентӣ "шаҳди" бохтро чашидааст. 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


60 ДАҚИҚАИ БЕ ҲАВО
Табибон ин ҳодисаро муъҷиза меҳисобанд. Духтарчаи дусола, ки давоми 60 дақиқа бе ҳаво зиста тавонист, Мишел ном дорад. Ӯ ҳангоми бозӣ дар лаби дарё ғарқ мешавад. Мишелро пас аз 60 дақиқа меёбанд. Ҳарорати бадани ӯ ба - 190 С баробар буд. Мишелро  ба беморхона мебаранд. Табибон дастгоҳи махсусро барои гарм намудани хуни ӯ пайваст мекунанд, ки баъд аз 3 соат дили духтарча ба кор медарояд. Ба ақидаи табибон, Мишелро оби сард ях кунонда будааст. Имрӯз Мишел солим асту  худро хуб эҳсос менамояд.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


БЮРО ва "озодӣ" - и Козловский
Аввали солҳои 50 - ум, вақте Козловский дар Театри Калон назди аъзои Бюрои сиёсӣ ҳунарнамоӣ мекунад, толор аз шавқ якбора ба шӯр мехезад:
- Ария хонед… Романс хонед… Ҳоҳиш мекунам, як суруди лирикӣ…
Ногаҳон Сталин, ки низ тамошобини доимии театр буд, ба дигарон ҳамроҳ мешавад:
- Рафиқон, мо набояд ҳуқуқи ҳунармандро поймол созем. Ҳозир рафиқ Козловский «Ман лаҳзаи аҷиберо дар ёд дорам» («Я помню чудное мгновенье...») - ро сурудан мехоҳад. Биёед якҷоя гӯш мекунем…
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА,
донишҷӯи соли аввали Донишкадаи
давлатии забонҳои Тоҷикистон


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

Харид - муаммо
Донишҷӯе ба фурӯшандаи дукон 1 сомонӣ дароз карда, хоҳиш намуд, ки ба ин пул варақҳои қоғазии 2 - дирама, даҳ маротиба зиёдтар аз он варақҳои 1 – дирама ва ба қисми боқимондааш 5 – дирама диҳад.
Ёбед, ки фурӯшанда ин масъалаи мураккабро чӣ тавр ҳал кард, яъне ба 1 сомонӣ чанд донагӣ варақҳои 1, 2 ва 5 - дирама дод?

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

93-547-00-05 Вайбер,     Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40


15 КОРНОМАИ ҶБВ
Медали рақами 1 ба партизани нобино
Ефим Осипенко (1902 - 1985), қумондони дастаи хурди партизанӣ.
Ефим Осипенко иштирокдори ҷанги шаҳрвандӣ буд. Аз ин рӯ, вақте ки фашистҳо зодгоҳи ӯро ғасб карданд, зиёд ба фикр нарафт, партизан шуд. Бо ҳамроҳии панҷ рафиқаш дастаи партизанӣ ташкил намуда, ба иҷрои амалиётҳои диверсионӣ пардохт.
Дар рафти яке аз амалиётҳо қарор шуд, ки қатораи немисҳо тарконда шавад. Вале маводи тарканда надоштанд. Бомбаро аз норинҷакҳои одӣ сохтанд. Маводи таркандаро бояд худи Осипенко дар зери роҳи оҳан мегузошт. Вай ба пули роҳи оҳан хазида омад. Ин вақт қатораи душман ҳам расид. Осипенко халтаи маводи таркандаро рӯ ба рӯи локомотив партофт. Натаркид. Он гоҳ партизан чӯбдастаи аломати роҳро канда бо он ба халта зад. Мавод таркид, қатораи пури танку маводи ғизоӣ аз роҳ бероҳа гашт. Қаҳрамони оғӯштаи хоку хунро рафиқонаш ба урдугоҳ оварданд. Вай зинда монд, вале биноияш барқарор нашуд. Барои ин корнамоӣ ӯ бо медали рақами 1 - «Ба партизани ҷанги ватанӣ» қадр гашт.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ КИТОБ
1. Китоби «Маҷ-мӯи харитаҳои ҷуғрофӣ», ки дар Осорхонаи Британия, дар Лондон маҳфуз аст, шояд китоби аз ҳама вазнин ба ҳисоб равад. Дарозии он як метр буда, вазнаш 320 килограммро ташкил медиҳад.
2. Китоби аз ҳама калонтарин ин «Маҷмӯи қоидаҳои баҳрӣ» мебошад, ки дар Амстердам нигоҳ дошта мешавад. Дарозиаш ду метр, паҳнояш як ва ғафсиаш яку ним метр мебошад.
3. Лопе де Вега аз ҳама нависандаи сермаҳсул ба ҳисоб меравад. Ӯ 1800 намоишномаи манзум  навиштааст, ки  21 миллиону 316 ҳазор мисраъро дар бар мегирад.
4. Нависандаи машҳуртарин Агата Кристи аст, ки асарҳои ӯ ба 44 забон тарҷума ва нашр шудаанд. Теъдоди китобҳои ӯ зиёда аз 2 миллиардро ташкил дод.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


«HYUNDAI» БРЕНДИ № 1
Нашрияи «Сonsumer reports» бо нашри натиҷаҳои назарпурсии гузарондааш брендҳои бонуфузи ҷаҳониро муайян намуд, ки дар ин раддабандӣ «Hyundai» ҷойи аввалро ишғол кард.
Ин хабар бисёр коршиносони соҳаи мошинсозиро дар ҳайрат гузошт. Аксари коршиносон гумон доштанд, ки дар ин феҳрист ҷойи аввал насиби бренди олмонии «Audi» мешавад.
Дар ин радабандӣ «Audi» дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мошинҳои машҳури ҷаҳонӣ назири «BMW» ҷойи сеюм ва «Lexus» ҷойи чорумро насиб гаштанд. Ҷойи панҷумро «Porsche» касб кард.
Тибқи ин назарпурсӣ брендҳои мазкур дар тамоми ҷаҳон маъруф буда, қатори брендҳои люкс қарор гирифтаанд.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


БОНК – АНБОР. ЯК МАЪЛУМОТИ АҶИБ
Ин анбори беҳамто соли 2006 дар Шпитсберген таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Норвегия ва бо харҷи 9 миллион доллар сохта шуд. Дар он тухмии тамоми намуди зироатҳои кишоварзие, ки дар ҷаҳон мавҷуданд, гирд оварда шудааст. Дар бонк - анбори ҷаҳонии тухмӣ ҳар давлат гӯшаи алоҳида дорад. Вазифаи анбор роҳ надодан ба нобудшавии онҳо аз фалокатҳои глобалии эҳтимолӣ, аз қабили афтидани астероид, ҷанги ҳастаӣ ё гармшавии глобалии иқлим мебошад. Дар бонк - анбор метавон 4,5 миллион намуди тухмии зироатро маҳфуз дошт.
Он дар ҷуқурии 120 ва баландии 130 метр аз сатҳи баҳр дар шаҳраки Лонгйир сохта шуда, дарҳояш ба таркиш тобоваранд. Бе осеб нигоҳ доштани тухмиҳоро яхдонҳо ва яхбандии абадӣ таъмин месозанд. Тухмиҳоро аввал ба лифофаҳо андохта, сипас, ба пакетҳои чорқабатаи пластикӣ борпеч карда, дар контейнерҳои рафҳои металлӣ гузоштаанд.  Ҳарорати паст (- 18 дараҷа) ва дастрасии ками оксиген ба мубодилаи сусти моддаҳо ва боздошти фарсудашавии тухмиҳо мусоидат мекунад.
Шпитсберген бинобар яхбандии абадӣ ва заминҷумбии камаш интихоб шудааст. Айни замон дар анбор 4,5 миллион тухмии рустаниҳои гуногуни кишоварзӣ (беш аз 890 ҳазор намуд аз даҳҳо кишвар), аз ҷумла биринҷ, картошка, ҷуворимакка, гандум, ҷав ва ғайра нигоҳ дошта мешавад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


8 РОҲИ ОҲАНИ ХАТАРНОК
Ченнай – Рамешварам
Роҳи оҳани Ченнай – Рамешварам соли 1914 дар болои баҳр сохта шуда, ҷазираи Рамешварамро ба қисми метерикии Ҳиндустон пайваст мекунад. Дарозии он 2 километрро ташкил медиҳад. Роҳ дар минтақаи шамол ва тӯфонҳои харобиовар сохта шудааст.
Боиси тазаккур аст, ки моҳи декабри соли 1964 шамоли сахт шаҳраки Ҷанушкодро дар наздикии шаҳри Рамешварам  пурра харобу валангор кард ва бар асари ин ҳодиса қатораи Ченнай – Рамешварам ба фалокат дучор шуда, 150 мусофир ба ҳалокат расид. Ҳарчанд роҳ хатарнок бошад ҳам, сайёҳон аз он истифода мебаранд, зеро дар ҷазираи Рамешварам шоҳкориҳои зиёди меъморӣ мавҷуданд.
Таҳияи Комрон САФАР


9 НАФАРЕ, КИ ТО 30 - СОЛАГӢ ҚАҲРАМОНИҲОИ ТАЪРИХӢ НИШОН ДОДААНД
9. ЭРНАН КОРТЕС
Истилогари испаниягӣ, ки Мексикаро фатҳ намудаву сохти давлатдориро атстекҳо (ҳиндуёни Мексика)-ро несту нобуд кард. Маҳз ба шарофати ӯ дар Аврупо бори нахуст соли 1520 ҷавҳари ванил ва шоколадро истеъмол намуданд.
Кортес дар синни 25 - солагӣ дар ҳайати экспедитсияи фатҳи Куба, зери роҳнамоии Диего де Веласкес иштирок намуда буд.
Дар синни 34 - солагӣ фотеҳу истилогари машҳур гардида, Мексикаро фатҳ намуд ва давлати қадимаи атстекҳоро куллан аз байн бурд.
Таҳияи Умар АЛӢ


9 ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ ОИД БА АВИАТСИЯ
3. Ҳар як двигатели Boing 747 бештар аз 4000 кг вазн дорад
Боз як факти ҷолиби  Boing 747 ин двигатели он мебошад, ки дорои 4300 килограмм вазн буда, нархаш қариб 8 миллион доллари амрикоист.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


ФУТБОЛ ВА ЭҲСОНКОРӢ
Дар миёни варзишгарони дунё оид ба эҳсонкорӣ дар сафи аввал Криштиану Роналду ва Лионел Месси  қарор доранд. Футболбози португалӣ дар шаҳри азизи худ Фуншал маркази мубориза бо бемориҳои саратон бунёд намуда, барои офатзадагони заминларзаи Непал бештар  аз 5 миллион фунт хайр кард. Инчунин, «бутси тилло» - ияшро фурӯхта, маблағи онро ба кӯдакони муҳтоҷи фаластинӣ дод.
Лионел Месси бошад, соли 2007 бунёди эҳсонкории хешро таъсис дод, ки дар он падар ва бародараш кор мекунанд. Футболбози аргентинӣ ҳамасола миллионҳо доллар ҷиҳати ёрӣ ба кӯдакони мубталои  бемориҳои вазнин сарф менамояд ва бо  масъалаи  таълим дар кишварҳои «сеюм» - и олам машғул мебошад.
Ҳамчунин, Дэвид Бекҳем, Мануэл Нойер, Дидйе Дрогба ва Александр Кержаков созмонҳои эҳсонкории хешро доранд. Онҳо дар кишварҳои худ бемористон, хонаҳои кӯдакон сохта, ба ниёзмандону кӯдакони бемор ёрӣ мерасонанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


11 РӮЗИ ТАМБАШАВӢ ВА ТАВАЛЛУДИ 2 ТИФЛ
Бузургтарин тамбашавии автомобилҳо дар наздикии шаҳри Пекин бо дарозии 260 километр ба амал омада буд.
Сокинони ин кишвар чун анъана дар рӯзҳои ҷашну маросимҳои миллӣ бо аҳли хонаводаашон ба саёҳат мебароянд. Дар яке аз чунин ҷашнҳо 26 августи соли 2010 дар наздикии шаҳри Пекин тақрибан 750 миллион нафар аз хонаҳои худ якбора берун омада, танбашавиро ба вуҷуд оварданд.
Ҷиҳати идора ва бозкушоии тамба ҳудуди 400 корманди бозрасии давлатии автомобилӣ давоми 11 рӯз муваззаф шуданд. Дар ин муддат аксарияти ронандагон ва мусофирон аз набудани оби ошомиданӣ ва хӯрокворӣ азият кашиданд. Сокинони маҳаллӣ ба одамони дармонда об ва хӯрок медоданд. Бо вуҷуди ин, 3 кас ҷони худро аз даст дод. Аз ҳама аҷиб ин, ки дар ҳамин ҷо 2 тифл ба дунё омад.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


10 ҲАЙВОНИ ҒАЙРИОДӢ
Хазандаи махмалин
Галлюсиген кирмест марбут ба оилаи хазандаҳои онихофор (кирми махмалин), ки  540 миллион сол пеш мавҷуд будааст. Ин кирм яке аз хазандаҳои нодири олам дониста шудааст. Галлюсиген пойҳои зиёди дароз ва хорҳои тез доштааст. Боқимондаҳои сангбастаи ин кирмро бо дарозии аз 5 то 35 миллиметр олимон дар шахҳои Берҷесс ҳанӯз соли 1970 пайдо намуда буданд. Шакли он чунон ғайриодӣ буд, ки чандин сол  байни олимон дар бораи ҷойгиршавии узвҳои галлюсиген баҳс мерафт. Тадқиқоти зери микроскопҳои электронии пурқувват сурат гирифта муайян карданд, ки хорҳои пушти кирм хело мустаҳкам буда, воситаи муҳофизати онҳо аз дарандаҳои бешумори маскуни уқёнус дар замони таркиши Кембриск буданд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
1:0 ба ҳисоби гурозҳо
Галаи гурозҳо ба майдони футболи маҳаллаи Сун-гай Пасир Путии Индонезия ба ҳангоми бозии дастаи соҳибони майдон бо ноҳияи ҳамсоя ҳуҷум овард. Гурозҳои бағазабомада бозигаронро пеш карда, зери сум гирифта, панҷ нафарро захмиву дарвозаҳоро шикаставу майдони сабзпӯшро шудгор намуданд. Идома додани вохӯрӣ ғайриимкон гашт. То ҳуҷуми гурозҳо ҳисоб 2:0 ба фоидаи соҳибони майдон буд. Вале бо қарори федератсияи футбол бозӣ ба ҳисоби 4:0 ба фоидаи меҳмонон баҳогузорӣ шуд. Дар кадом асос чунин қарор қабул гардид: аввалан, мизбонон ба нигоҳдории ҳолати хуби майдон ва бехатарӣ вазифадоранд ва ин гурозҳо аз ҷойи дигар наомада «худӣ» буданд, дуюм, барои ҳар як бозигари маҷрӯҳ як хол дода шуд, зеро дарвозабон, ду ниммуҳофиз ва як ҳамлавари меҳмонон захм бардошта буд. Ҳамчунин, майдон ба муҳлати 4 ҳафта аз баргузорсозии қувваозмоиҳо маҳрум гашт.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2018    №: 92    Мутолиа карданд: 343

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед