logo

фарҳанг

МАҲБУБИ ДИЛҲО

Шоирӣ ин ҳунару истеъдодест, ки на ҳар касро насиб мегардад. Ва ҳам на ҳар шоир бо навиштаҳо, эҷоди самимию навоваронааш ба дилҳо роҳ меёбаду маҳбуби мардум мегардад. Ашӯр Сафар, хушбахтона, аз ин бахт бархӯрдор буд. Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва дигар ҳафтаворҳо лутфҳои ширину шеърҳои равонашро мехондаму мепиндоштам, ки онҳоро дар ҳамин рӯзҳо, яъне ба тозагӣ гуфтааст.
Баъд дарёфтам, ки ӯ чанд сол пештар аз ин дунё рахти сафар барбаста будааст ва он ҳам бар асари бемории дил. Ба ростӣ, нахуст ҳеҷ бовар накардам. Чӣ гуна бовар мекардам? Соҳиби он лутфҳои бас гуворо ҷисман бояд беш аз сад сол умр медид. Не, на чунон будаст, ки мепиндоштам. Ба худ гуфтам, ки кору рӯзгорест душвор, ки дар дил ғамро ҷой бидиҳиву дар лабу рӯ хандаву шодиро. Инчунин, ғамро бо ханда куштан на ҳунари ҳар инсони асил дар зери чархи кабуд аст.
Сухани устодонро аз ҷаридаҳо мехонам, ки ин шоири шаҳирро фоҷиаи бар сари миллат омада, яъне ҷанги шаҳрвандӣ ва марги садҳо ҷавонон бемор намудааст. Мехонам ва ба навиштаи ӯ онро қиёс мекунам:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Чӣ қадар самимӣ аст ин байт ва ҳам пур аз ҳасрату дарду ранҷ. Бо гуфтани он ҳаргиз дил холиву сабук намегардаду бори масъулият аз дӯш гирифта намешавад. Оре, хосса вақте пурсишаш ҳамчун пурсиш мемонаду ба он на аз худ посух меёбад, на аз дигарон. Оташи ҷанг он замон азбаски акнун аланга мегирифту доман паҳн мекард, роҳи посухҳои мусбатро мебаст, умедҳоро аз байн мебурд, чашмҳоро хира менамуд, то ояндаи дурахшонро набинанд.
Ашӯр Сафар, тавре аз ашъори рангину дилнишинаш ва лутфҳои ширинаш бармеояд, ба маънии том шоир буд, шоири миллат, шоири халқ. Ӯ парварда ё худ парваришёфтаи ин ду мактаб аст. Наметавон дар ин ду мактаби бузург парвариш биёбиву шоири асил набошӣ. Ин ду мактаб дар сарзаминест, ки он макони илҳом аст.
Таърихи пурғановату ибратомӯз ва шеъри оламгири миллат магар метавонад дӯстдори худро бебаҳра бигузораду ноумед бигардонад? Не, ки не! Дар миёни мардум ҳазорон ҳикмат, ҳазорон шеъри ногуфта аст. Ҳар кӣ ба он бо муҳаббат рӯ меорад, соҳиби ганҷҳои бузург мешавад.
Ман фикр мекунам, ки танҳо як шоири тоҷики дӯстдори миллату мардум гуфта метавонад:
Ҳоли кас аввал бипурсу баъд аз он ҳазле бикун,
Дар бари озурдадил ногаҳ сурудан хуб нест.

Ин ихтироъ, ин бофта ва маҳсули тахайюли эҷодӣ нест. Ин як мушоҳидаи рӯзгори мардум ва ҳикмати миллати куҳанбунёду мутамаддин мебошад. Пас аз хондани ин байт магар на ҳар кадоми мо гуфтаем: «Оре, чунин аст. Ин қадар ҳаст, ки мо онро гуфта натавонистем, варна дар андешаи мо, зеҳни мо пештар ҳам нақш баста буд». Бо ин иқрор бори дигар собит месозем, ки ӯ, яъне шоир дурру гавҳарҳои гумшудаи моро ба осонӣ меёбад ва дигарбора ба мо мебахшад. Ин гуна шинохтани рисолат ва дарки масъулият на ҳар адиб, эҷодкорро даст медиҳад. Дар ин ғазал бо ин байт рӯ ба рӯ меоем:
Ошиқӣ ин дигару дигартар аст одамгарӣ,
Майлаш, ошиқ бош, лек одам набудан хуб нест.

Барои ин шоири давр одамият аз ҳама чиз боло меистад, ҳатто аз ошиқӣ. Ин боз дар ҳолест, ки адабиёти ҳазорсолаи мо ишқу ошиқиро дар мақоми бас баландтар мегузорад.
Ашӯр Сафар он гуна самимӣ, равон, дилнишин шеър мегӯяд, ки наметавонӣ хуш напазирияш ва бовараш накунӣ. Ҳар байт бар сари худ як ҳикмат, панду андарз аст. Дар ин ҳол ӯ, воқеан, як мураббӣ, як устод ва як муаллими ахлоқ аст, ахлоқи миллӣ. Махсусан дар ин рӯзгор, ки мехоҳанд моро аз решаҳоямон ҷудо бикунанд ва барои ин нахуст аз ахлоқи миллиямон дур карданӣ мешаванд, ба ростӣ, чунин ашъор чун обу ҳаво бисёр зарур аст.
Шеърҳои ин шоирро мутолиа мекунаму мебинам ва ҳам дарк мекунам, ки илҳомаш саршор аст. Шеъраш ба хотири шеър, дар-ёфти  ному мақоми баланди шоир нест. Ӯ зимни зиндагиномаи худ зиндагиномаи миллат ва мардумашро навиштааст. Ӯ медонад, ки шоир ҳидоятгари мардум ба роҳи рост мебошад. Ӯ медонад, ки «шоир андар синаи миллат чун дил» аст. Ӯ медонад, ташнагони маъниро бояд бо изтироб ба сӯи об, ки худ бар он расидааст, бихонад. Ӯ медонад, ки сухан чи неруи бузурге дорад ва дар шинохти асли худ чӣ гуна коргар мешавад.
Миллате, ки шоир дорад, шоири асил дорад, ҳамеша пойдор мемонад, намемирад. Шоир ба он чашме, ки дорад, ояндаро мебинад. Агар эҳсоси хатар мекунад, дигаронро аз он  огоҳ месозад, то тадбирҳои дуруст сари вақт андешида шавад. Ашӯр Сафар ин ҳақиқатро бо шеърҳо ва латифаҳо, балки хушгӯиҳояш борҳо баён доштааст, то мо, яъне насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, дӯстдории Ватану сарзамини аҷдодӣ дуруст тарбия биёбем. Ва ҳам шеъри ӯ зодаи фитрату бадоҳат аст. Ин неъмат, файзу баракат аз он шоирро насиб шуда, ки аз оғоз мақсад гузошта, то ҳастияшро ба миллат ва мардум бедареғ бибахшад.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои  Тоҷикистон
ба номи С. Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2018    №: 92    Мутолиа карданд: 318

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед