Хабарҳо
Русия пешсафи содироти гандум мемонад
АИР Новости. Солҳои 2018-2019 (аз 1 июли соли 2018 то 30 июни соли 2019) Русия дар содироти гандум пешсафии ҷаҳонияшро нигоҳ медорад. Дар мавсими нав Москва фурӯши ин зироатро метавонад ба 36,5 миллион тонна расонад.
Маълумоти мазкур дар гузориши майии Вазорати кишоварзии ИМА омадааст. Содироти гандум аз Иттиҳоди Аврупо дар соли нав 29 миллион ва аз Иёлоти Муттаҳида 25 миллион тоннаро ташкил хоҳад дод.
Дар мавсими ҷорӣ, тибқи баҳои Вазорати кишоварзии ИМА, Русия имкони содироти 39,5 миллион тонна ғалларо дорад. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо бошанд, 24 миллионӣ.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 332