logo

ҳуқуқ

ҚАСДИ КУШТОР МОДАРУ ДУХТАРРО 31,6 СОЛ БА ЗИНДОН БУРД

Ду сокини шаҳри Ҳисор - модару духтар Марҳабо Азизова ва Дилрабо Ҷумъаева, омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 - и шаҳраки Шарора, барои суиқасди одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ду шахс маҳкум ба зиндон шуданд.
Судшавандаҳо Марҳабо Азизова ва духтараш Дилрабо Ҷумъаева барои қитъаи замини наздиҳавлигӣ, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, бо аҳли хонаводаи бародараш Маҳмадраҷаб Азизов мунтазам муноқиша намуда, дар натиҷа байнашон хусумату бадбинӣ пайдо мешавад. Марҳабо Азизова ҳамроҳи духтараш қасди аз ҳаёт маҳрум кардани бародараш Маҳмадраҷаб Азизов ва писари ӯ Исломҷон Азизовро мекунад. Дар ин замина модару духтар бо мақсади амалӣ кардани қасди ҷинояткорона ҷиҳати амалӣ намудани куштор, бо мақсади ғаразнок ва кирояи зархаридон, ба ивази маблағи муайян маслиҳати пешакӣ намуда, моҳи октябри соли 2017 нақшаи кушторро тарҳрезӣ менамоянд. Марҳабо ва духтараш бо шаҳрванд Шералӣ Ҷабборов вохӯрда, аввал ба ӯ пешниҳоди харид ва иваз намудани манзили истиқоматиашонро намуда, сипас, оид ба дарёфти шахси кирояи зархарид барои амалӣ кардани куштор аз ӯ ёрӣ мехоҳанд.
Судшаванда Марҳабо Азизова дар маҷлиси судӣ гуфт, ки марҳум падараш ба номи ӯ 0,15 гектар замин туҳфа намуда будааст. Ӯ 0,7 сотихашро ба номи духтараш гузарондааст. Бародараш Маҳмадраҷаб  бо  оилаву писараш мехостаанд, ки замини онҳоро аз дасташон гиранд. - “Ҳар боре ки мо дар заминамон ягон сабзавот кишт мекардем, онҳо чорвояшонро сар дода, ба мо зарар мерасонданд. Аз амалҳои бадкирдоронаи онҳо ба хулосае омадем, ки ягон илоҷ карда хонаву заминро фурӯхта, аз ин ҷо равем. Оид ба ин масъала ба шаҳрванд Шералӣ Ҷабборов ном шахс муроҷиат кардем. Баъди шиносоӣ аз ӯ хоҳиш намудем, ки барои куштори падару писари ҳамсояашон ягон қотил ёбад», - изҳор намуд судшаванда.
Шералӣ Ҷабборов барои пешгирӣ аз ин ҷиноят ба кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, то онҳо амалиёт гузаронда маълум кунанд, ки оё мақсади куштани падару писар воқеият дорад ё не? Дар асоси нақшаи тарҳрезишудаи кормандони милитсия барои пурра исбот намудани гуноҳи онҳо Шералӣ бо Марҳабо ва духтараш вохӯриро давом дода, тибқи нақша амал мекард. Ӯ бо М. Азизова ва духтараш Д. Ҷумъаева таҳти назорати кормандони милитсия қарор гирифта, рафти суҳбатҳояшон сабт мешуд. Моҳи октябри соли 2017 Ш. Ҷабборов қотилро пайдо карда, ӯро тибқи нақшаи кормандони милитсия ҳамчун “киллер" муаррифӣ мекунад. Дар асл ӯ корманди оперативии милитсия буд. “Киллер” барои куштани ду шахс аз онҳо маблағи 12.000 доллар талаб кард. Тибқи нақша «киллер» 26-27 ноябри соли 2017 Исломҷон Азизовро бояд ба қатл мерасонд. Бо ин мақсад кормандони милитсия ӯро ба ҷои махфӣ бурданд.
Сипас, 27 ноябри соли 2017 хабар мерасад, ки Исломҷонро куштаанд. Модару духтар ба ин гуфтаҳо бовар накарда, аз “киллер” талаб мекунанд, ки расми ҷасадро нишон диҳад. Худи ҳамон рӯз “киллер” расм ва навори саҳнасозишудаи ҷасадро ба онҳо нишон медиҳад. Модару духтар ҳолати дар замин хобида ва сару рӯяш пур аз хуни ҷасадро дида, бовар мекунанд, ки ӯро дар ҳақиқат куштаанд.
Баъди аз ҷониби қотили шартӣ пешниҳод шудани навори саҳнасозишуда, ки гӯё куштори Исломҷон Азизов анҷом ёфтааст, ҷинояткорон - модару духтар қаноатманд шуда, ба қотил ваъда медиҳанд, ки маблағи ваъдагиро ҳар чи зудтар пардохт мекунанд. Қотили шартӣ рафти суҳбатҳои худро бо онҳо сабт намуда, ба тафтишоти пешакӣ пешниҳод кардааст.
Ҳамчунин, модару духтар қавл медиҳанд, ки нахуст маблағи барои куштори Исломҷон ваъдакардаро мепардозанд, сипас, аз пайи куштори падараш мешаванд. Мақсади нопоки онҳо амалӣ нашуда, ҳангоми вохӯрии навбатӣ Марҳабо Азизова ва духтараш Дилрабо Ҷумъаева аз тарафи корманди милитсия дастгир мешаванд.
Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе ба Марҳабо Азизова бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 2 бандҳои «а, з, и» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 16 солу 6 моҳ ва ба Дилрабо Ҷумъаева бо дастрасии моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 2 бандҳои «а,з,и» Кодекси ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол таъйин карда шуд.
Раҷабалӣ АҲТАМ,
судяи суди шаҳри Душанбе,
Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2018    №: 95    Мутолиа карданд: 92

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед