logo

иқтисод

ВЕРМИКОМПОСТ НУРИИ ОРГАНИКИЕ, КИ ҲОСИЛРО БАЛАНДУ ОБРО САРФА МЕКУНАД

Тавлиди вермикомпост бо истифода аз технологияи инноватсионии коркарди партовҳои органикӣ барои гирифтани ҳосили баланду аз ҷиҳати экологӣ тозаи зироатҳои кишоварзӣ ва сифати маҳсулоти онҳо манфиатбахшии худро дар таҷрибаҳои истеҳсолӣ нишон дод.

Бино ба иттилои Валиҷон Ғанизода, котиби илмии Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, соли гузашта дар як қитъаи замини хоҷагии деҳқонии ба номи Ғ. Мирзои Ҷамоати деҳоти “Чортеппа” – и ноҳияи Рӯдакӣ босамарии нурии органикӣ – вермикомпост аз ҷониби олимони марказ мавриди тадқиқот қарор гирифт.
Ҳамчун объекти тадқиқотӣ зироатҳои ҷуворимакка, сир, қулфинай ва ниҳолҳои дарахтони мевагӣ интихоб шуда буданд. Тадқиқҳо нишон доданд, ки рустаниву ниҳолҳои бо истифода аз вермикомпост парваришёфта, дар муқобили касалиҳои пӯсиши реша, фитофтороз, фузариоз ва занги зард назар ба рустаниҳои дигар устувортаранд. Пошидани доруҳои зидди замбӯруғҳо (ридамил, ридамил тоад, импоит, фитопорим) ду карат кам шуд. Инчунин, ҳосилнокии қулфинай ба ҳисоби миёна то 20-25 дарсад афзуд. Барои мисол, агар аз як садяки гектари кишти қулфинай бе истифода аз вермикомпост дар давраи аз моҳи май то охири моҳи июл 2250 кило ҳосил гирифта бошанд, бо истифодаи вермикомпост дар ҳамин давра 2760 кило ҳосил ба даст оварданд. Намуди беруна ва хусусияти нигоҳдории буттамеваи қулфинай ҳам дар муқоиса хеле беҳтар шуд. Инчунин, хусусияти мусбати истифодаи  вермикомпост дар он аст, ки шумораи обмонӣ ба ҷӯяҳои қулфинай нисбатан кам мегардад. Дар фасли тобистон қулфинайро бе истифода аз вермикомпост се рӯз пас об мемонанд, вале бо истифодаи вермикомпост дар ҳар 5 рӯз об додан кофист. Ин натиҷа аз ҷиҳати иқтисодӣ муҳим буда, барои кам кардани исрофи оби полизӣ мусоидат мекунад.
Маълум аст, ки баҳодиҳии самаранокии нуриҳо дар замини масоҳаташ калон хеле муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз,  мувофиқи мақсад дониста шуд, ки самаранокии вермикомпостро дар масоҳати 2 гектар замини обии хоҷагии номбурда дар гандуми навъи “Старшина” (селексияи краснодарӣ) гузаронанд. Нуриандозӣ ва кишт баҳори соли гузашта сурат гирифт. Ду қитъаи тадқиқотӣ интихоб шуд: қитъаи замини назоратӣ 1 гектар (нуриҳои минералӣ) ва қитъаи замини таҷрибавӣ 1 гектар (нуриҳои минералӣ + вермикомпост).
 Дар қитъаи таҷрибавӣ илова ба нуриҳои минералӣ тақрибан 7 тонна вермикомпост истифода шуд. Дар қитъаи таҷрибавӣ ҳосилнокии дони гандум ба 67 сентнер аз ҳар гектар расид. Дар қитъаи замини назоратӣ бошад, ҳосилнокии дон ба 48 сентнер гектар баробар шуд. Ҳамин тавр, натиҷаҳои тадқиқоти истеҳсолӣ нишон доданд, ки истифодабарии нурии органикии вермикомпост ҳосилнокии дони гандумро низ то 19 сентнер баланд мебардорад. Аз ин лиҳоз, истифодаи ин нурӣ дар парвариши зироатҳо бурди соҳаи кишоварзии ҷумҳурист.
У. МУРОД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2018    №: 95    Мутолиа карданд: 179

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Чин аз хавфи тӯфони «Мария» қариб 400 ҳазор нафар кӯчонда шуд

Созмони ҳамкории исломӣ ба музокироти сулҳ дар Афғонистон даъват мекунад

Чин бори нахуст ба раддаи 20 инноватсионитарин кишвар роҳ ёфт

Қазоқистон истеҳсоли гӯшти мурғро чор маротиба зиёд карданист

11.07.2018


Иштироки Музаффар Ҳусейнзода дар Муколамаи сатҳи баланд

Гулистон. Мактаби санъат сохта мешавад

Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона таҷдиду азнавсозӣ шуд

Аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид

БОХТАР. Озмуни "Намоиши ҳунарҳои мардумӣ"

Тайёрӣ ба Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Помпео мавзӯъҳои асосии музокироти Путин ва Трампро ном гирифт

Дар ҳамоиши НАТО маблағгузории неруҳои амнияти Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунанд

Аҳолии Замин дар як сол 83 миллион нафар афзуд

Қазоқистон истихроҷи нафтро зиёд мекунад

10.07.2018


Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири мамлакат

Баррасии пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Дар арафаи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аввалин эстакада ба истифода дода мешавад

Пирӯзии навбатии Дилшод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед