logo

ҳуқуқ

МАВОДИ МУХАДДИР. БА НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОН ЭҲТИРОМ МЕГУЗОРАНД

14 майи соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма ҷиҳати муаррифии  маҷаллаи “Шарҳи вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017” нишасти хосса баргузор шуд.
Зимни чорабинӣ Исматулло Насредин, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ашита Миттал, роҳбари  Дафтари минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) суханронӣ намуданд.
Маҷаллаи “Шарҳи вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017” - ро Шамшод Хушвахтзода, сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъаовар, муаррифӣ намуда, перомуни ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо шарикони байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла UNODC дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот дод. Зимни муаррифии маҷалла, тамоюлҳои асосии инкишофи вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар самти назорати муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, гузарондани амалиёти муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода шуд.
Ҷереми Милсон, ҳамоҳангсози калони Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи СММ, зимни суханронӣ ба нақши  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ташкили назорат аз болои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ вобаста ба таҳкими амният баҳои баланд дод. Номбурда афзуд, ки Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амри мубориза бо ин вабои аср шарики боэътимоди худ мешиносад ва ба ҷойгоҳи он дар муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар эҳтиром мегузорад.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2018    №: 95    Мутолиа карданд: 931
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед