logo

ҳуқуқ

«ШАҲРИ БЕХАТАР». ХУҶАНД, БОХТАР ВА КӮЛОБРО ҲАМ ФАРО МЕГИРАД

Тавассути низоми худкори идоракунии «Шаҳри бехатар», танҳо дар се моҳи аввали соли равон, дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе 32 ҷиноят ошкор гардида, 65 341 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ дар самти танзими воситаҳои нақлиёт сабт шудааст.
Ин рақамҳоро Бобоҷон Муродов, муовини сардори Маркази идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар» - и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни як суҳбати вижа дар ихтиёри мо гузошт. Ба гуфтаи ӯ, низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт аз ду самти асосӣ - «Маҷмааи электронии танзими ҳаракат дар роҳ» ва «Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», иборат мебошад.
Зикр гардид, ки камераҳои баландсифати мушоҳидавии марказ, ки «Политсияи электронӣ» ном бурда мешаванд, дар масофаи то 200 метр ҳар гуна қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкуниро ба навор мегиранд. Вазифаи асосии онҳо танҳо аз назорати воситаҳои нақлиёт иборат набуда, ҳолатҳои  авбошӣ, мастӣ, дуздӣ, рабудани воситаҳои нақлиёт, бадахлоқӣ, кашидани носу сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бархӯрду низои нафарони алоҳидаро низ ошкор месозанд. 
Агар ба панҷ сол пеш назар афканем, дар ҳудуди шаҳр дар як рӯз аз 3 то 5 ҳазор қонуншиканӣ ба қайд гирифта мешуд. Бо насб гардидани камераҳои назоратӣ ҳодисаҳои нақзи қонун камтар ба назар мерасанд. Яке аз масъалаҳои ҳалталаби дигар ин тамбашавӣ дар роҳҳо мебошад. Аз аввали сол тавассути камераҳои назоратӣ 2 2 91 ҳолати тамбашавӣ дар роҳу гардишҳо ба таври видеоӣ сабт шуд. Дар ин росто аз ҳуқуқвайронкунандагон зиёда аз 104 миллион сомонӣ ҷарима ситонда шуда, ба буҷети давлат ворид гардид. Ба гуфтаи Бобоҷон Муродов, қарор аст, барои пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, боз дар 7 чорроҳа ва 80 нуқтаи осебпазир камераҳои назоратӣ насб карда шавад.
Вобаста ба фарогирии камераҳои назоратӣ дар дигар манотиқи кишвар масъулони низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт - «Шаҳри бехатар» иттилоъ доданд, ки мувофиқи нақша дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар чунин камераҳо ба зудӣ насб хоҳанд шуд. Ҳоло дар ин самт корҳои муҳандисию лоиҳакашӣ идома доранд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2018    №: 96    Мутолиа карданд: 924
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед