logo

сиёсат

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ МУШТАРАКИ ТРАКТОРСОЗӢ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис», ки дар он асосан васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи васлу насби трактор, ки бо иқдоми бевоситаи сарони Тоҷикистону Беларус таъсис дода шудааст, қадами устувор ва оғози боварибахши тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи саноатии ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад.
Дар ин корхона солона 620 трактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ васлу насб карда мешаванд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми он, ки моҳи сентябри соли 2018 ба нақша гирифта шудааст, ин нишондод ба 1700 адад хоҳад расид. Ҳамзамон, дар марҳилаи баъдӣ истеҳсоли солонаи ядак (притсеп) ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ 2600 - торо ташкил дода, шумораи ҷойҳои корӣ низ зиёд мегардад.
Айни замон дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» беш аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, дар корхона барои омода намудани кадрҳо аз ҷониби мутахассисони бузургтарин ширкатҳои истеҳсоли трактор ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба роҳ монда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо рафти васлу насби тракторҳо шинос шуда, санҷиши техникии аввалин тракторҳои дар ин корхонаи муштарак истеҳсолшударо назорат намуданд.
Мутахассисон мегӯянд, ки мутобиқати тракторҳо дар шароити Тоҷикистон омӯхта шудааст ва истифодаи онҳо дар корҳои кишоварзӣ хеле мувофиқ мебошад.   
Иттилоъ дода шуд, ки барои истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус- 80.1», «Беларус-82.1», «Беларус-952», васлу насби ядак ва механизмҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд, байни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заводи тракторбарории Минск» ва ширкати «Бобруйскагромаш» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Шарикони ҳамкор аз Ҷумҳурии Беларус шароиту имконоти фароҳамгардидаро дар самти соҳибкориву сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати кор дониста, дар оянда барои васеъ намудани фаъолияти корхона корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.
Ба таъкиди муассисон, дар оянда аз ин корхона трактор ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, содирот карда мешавад, ки анҷоми ин амал низ дар афзоиш ёфтани истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус сол ба сол рушду густариш ёфта, корхонаи истеҳсоли трактор дар шаҳри Ҳисор натиҷаи ҳамкории пурсамари ду давлати ба ҳам дӯст мебошад.
 Таҷрибаи бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳар ҷиҳат манфиатовар буда, мушкилоти кишоварзонро дар дастрасӣ ба техникаву таҷҳизот бартараф менамояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2018    №: 96    Мутолиа карданд: 197

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед