logo

сиёсат

ТТЭ ҲНИТ - ИЛЛАТИ МИЛЛАТ

Дастандаркорони фирории ҳизби террористӣ ва мамнуъшудаи наҳзати исломӣ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, бо ҳар роҳу восита махсусан, бо таълифи хабару мақолоти муғризона тариқи сомонаҳои ифротии интернетӣ кӯшиш доранд, давлату миллати тоҷикро сиёҳ кунанд. Онҳо тариқи пахши ахбори муғризона худро нафарони адолатпешаву ҷоннисори миллат намоиш медиҳанд.

Ҳол он ки воқеияти талхи рӯзгори ахир нишон додааст, ки ҳамаи омили вопасгароии ҷомеа ва таассубу хурофазадагии он, ки боиси монеаи асосии рушди ҷомеаи тоҷик гардидааст, аз назариёти ақибафтодаи онҳо маншаъ мегирад. Наҳзатиҳо даъво доранд, ки ин ташаккули сиёсӣ аз солҳои 70 - уми қарни гузашта ба фаъолият шурӯъ намуда, дар солҳои 90 - уми асри гузашта, яъне ҳанӯз дар замони побарҷо будани Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси ҳизби сиёсии динии расмӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шудааст. Агар ба воқеияти ҳамин аснод такя кунем, воқеан, сабаби таассубзадаву хурофотӣ шудани ҷомеа аз солҳои бозсозии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ гардида, дар аввали солҳои истиқлол бархӯрди шадиди ақидатӣ мунҷар ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Хадамотҳои ҷосусии баъзе кишварҳои хориҷӣ бо назардошти манофеи ғаразноки хеш тавонистанд ҳамин гуна ташаккули сиёсию мазҳабиро бо роҳи мағзшӯӣ кардани як идда мазҳабиён ва маблағгузорӣ кардани онҳо ба вуҷуд оваранд. Чун дар дигар минтақаҳои мусалмоннишини шӯравӣ чунин навъи ҳизб вуҷуд надошт, дар онҳо ҷанги шаҳрвандӣ низ ба  вуқӯъ напайваст. Даъвогарони имрӯзаи фирорие, ки дар хориҷи кишвар ба суди бегонагон фаъолият менамоянд, оё ба худ суол мекарда бошанд, ки омили аслии ҷанги шаҳрвандӣ онҳо буданд. Хуни 150 ҳазор кушташуда дар гардани онҳост. Ҳамчунин, шикастан ва ба тороҷ рафтани сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ба ғорати фарогир гирифтор гардидани кишвар натиҷаи ҷанги роҳандозӣ намудаи онҳо ва хоҷагони хориҷиашон будааст.
ТТЭ ҲНИТ ва роҳбарияти сиёсии он тайи даҳ соли ахир ҳамеша бар пояи тарҳи озору гилоя ва шикваю шикоят домони интиқоди муғризона барзада, боиси буғранҷ ва мураккаб шудани вазъ дар минтақа гардидаанд. Зимнан, собиқаи пурдоғи ТТЭ ҲНИТ гувоҳи он аст, ки сохтани низоми сиёсии динӣ-мазҳабӣ, ки бар пояи таассубу ҷаҳолати мазҳабӣ таҳаққуқ меёбад,  мароми ин ҳизб аз оғоз то ба охир будааст. Ба таъбири сареҳтар, хати маши ТТЭ ҲНИТ, чи дар собиқ ва чи имрӯз, ҳамоно, бунёди ҷомеа ва давлати динӣ - теократӣ буда ва мебошад.
Имрӯз онҳо даъво пеш меоранд, ки гӯё дар фаъолияти таблиғии худ  муваффақанд. Вале муваффақияте, ки даъво мекунанд,  ин аст ки онҳо барои бозиҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ҳамчун як васила ё гузинаи фаъолият бар алайҳи давлату миллати тоҷик мавриди истифода қарор мегиранд, на бештар аз он.  Чӣ муваффақияте, миллату давлати хешро таҳқир мекунанд, дар муқобили манфиатҳои миллӣ қарор мегиранд ва боз нашармида, онро манфиат эълон медоранд. Дастандаркорони ин ҳизб боре воқеиятро тавассути расонаҳо иброз намедоранд, ки дар онҳо иродаи озод вуҷуд надорад, зеро иродаи озод дар ҳизбе ё гурӯҳе вуҷуд дошта метавонад, ки он аз назари молиявию иқтисодӣ худкифо бошад.
Чун роҳбарону масъулони ин ҳизб бо пулу сармояи бегонагон фаъолият мекунанд, пас дар онҳо иродаи озод вуҷуд дошта наметавонад, онҳо танҳо иродаи касонеро (гурӯҳ ё давлатҳоеро) амалӣ мекунанд, ки сармоягузори асосии онҳоянд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки шахсиятҳо ё ҳизбҳое, ки худ озодӣ надоранд, чӣ гуна метавонанд ба миллат ё давлате озодӣ бахшанд? Ё худ ҳизбу гурӯҳҳое, ки барои манфиати бегонагон созмон ёфтаанд, чӣ гуна метавонанд манфиати мардуму миллати хешро дифоъ намоянд? Аз ин рӯ, ҳарфҳое, ки аз ҷониби саркардагони ин ҳизби мамнуъи террористӣ дар хориҷи кишвар аз тариқи расонаҳо пахш мешавад, ба ҷуз аз авомфиребӣ чизе беш нест.
Инҳо танҳо аз  рӯи дурӯғпардозӣ мехоҳанд ба зеҳнҳо таъсир расонда, ҷойгоҳеро дар боварҳои мардум аз худ ба вуҷуд оваранд. Вале ҳар фарди бедордил ва огоҳи миллат бояд андеша намояд, ки инҳо ҳамон гурӯҳҳоеанд, ки солҳои 90 - ум бо ҳарфҳои бе рабту вопасгароёна ва ҳангомаҷӯёнаи худ миллатро ба кофару муслим тақсим намуда, давлату миллати тоҷикро дар вартаи нобудӣ қарор доданд ва сабабгори аслии бадбахтии он замон – ҷанги бародаркушӣ гардиданд. Бояд ҳар фарди миллат дарк намояд, ки инҳо бештар аз марази вогире дар вуҷуди миллат нестанд. Онҳо нафаронеанд, ки манфиати бегонагонро таблиғ менамоянд ва мехоҳанд аз нав истиқлолияти миллӣ ва давлати миллиро аз байн баранд ва онро дубора ба дастнигару бардаи бегонагон табдил диҳанд. Чун худ озод нестанд ба дигарон низ озодӣ бахшида наметавонанд. Барои онҳо ҷуз манфиати бегонагон манфиати миллӣ ҷаве арзиш надорад. Дурӯғпардозӣ, фазилатфурӯшӣ, суханбозӣ, гул задани мардум, шайёдӣ усули асосии мағзшӯии онҳост. Ба онҳо такя кардан ва онҳоро бовар кардан ба ҷуз аз нобудии миллат кори бештаре нахоҳад буд.
Ин ҳизб дар тамоми замони фаъолияти хеш ба ҷуз зиёни маънавиву иқтисодӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ ҳеҷ кору амали некеро барои миллат ва давлати тоҷик анҷом надодааст. ТТЭ ҲНИТ бо афкори хурофазадаву вопасгароёнаи худ ба табақоти иҷтимоӣ тасаллут пайдо намуд. Ва воқеан, ин ҳизб ба мисли маризии вогирест, дар пайкараи миллат, аз ин рӯ, сафарбарии ҳамаи неруи солимфикри ҷомеа барои аз байн бурдани ин беморӣ  метавонад миллати моро аз шарри ин саратон наҷот диҳад. 
Эҳсони ИЛҲОМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2018    №: 97    Мутолиа карданд: 591

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД

ДАР ЧИН МОҲИ АПРЕЛ БАР КОРОНОВИРУС ҒОЛИБ ОМАДАНИАНД

ТӮЛИ ЯК МОҲ ДАР АФҒОНИСТОН 200 ТОННА МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

12.02.2020


ҶОМИ КФО. РАҚИБИ "ХУҶАНД" КАДОМ ДАСТА АСТ?

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 13, 6 ДАРСАД АФЗУД

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. ОЛИМОН 28 ПАТЕНТ ВА 5 ШАҲОДАТНОМА БА ДАСТ ОВАРДАНД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 1 МИЛЛИАРДУ 640 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

ВАРЗОБ. СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ РУШД МЕКУНАНД

ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ. ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

10.02.2020


ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. МУҚАДДАС ДОНИСТАНИ ОИЛА МУҲИМ АСТ

БЕШ АЗ 580 КИТОБХОНА БИНОИ АЛОҲИДА НАДОРАД

МУЗДИ МЕҲНАТ 9 ДАРСАД АФЗУД

КҲФ 680 ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ЯК СОЛ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. 114 ГУЗОРИШИ ТАҲЛИЛӢ ВА ИТТИЛООТИЮ ТАҲЛИЛӢ ПЕШНИҲОД ШУД

МД "ТОҶИКФИЛМ". МАҶАЛЛАИ "КИНО" ТАЪСИС ЁФТ

ДДФСТ. РОҲАНДОЗИИ ОМӮЗИШИ СОЗИ АРҒУНУН

09.02.2020


ВАҲДАТ. ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД

БМТ. ҲАМКОРИҲО БО БОНКҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ДАР МУРОФИАҲОИ САЙЁР 249 ҲОЛАТИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОНУН ОШКОР ШУД

КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОНУ РАДИО БАРОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БА ХОРИҶА ФИРИСТОДА МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед