logo

ҳуқуқ

ҲУҚУҚИ КӮДАК. АЗ ПЕШРАВИҲО ТО ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи кӯдак тадбирҳои судманд амалӣ шуда, чанд сол муқаддам дар баробари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ниҳоди нав - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис ёфт, ки аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ дар ин самт ба шумор меравад. 
 
Яке аз санадҳои муҳими байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи кӯдак Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро соли 1993 ба тасвиб расонд. Санади мазкур тамоми ҳуқуқу озодиҳоро, ки барои таъмини манфиатҳои кӯдак, рушду инкишофи ҳамаҷонибаи ӯ заруранд, кафолат дода, уҳдадориҳои давлатҳои аъзоро бобати таъмини принсипу меъёрҳои дар он зикргардида пешбинӣ менамояд. Гузашта аз ин, Тоҷикистон соли 2002 ба протоколҳои иловагии конвенсияи мазкур, аз ҷумла вобаста ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва вобаста ба савдои кӯдакон ҳамроҳ шуд.
Ҳоло кишвари мо, ҳамчун иштирокчии ин санадҳои муҳими байналмилалӣ барои амалӣ гардондани ҳуқуқҳои дар онҳо эътирофгардида ҳамаи тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳоро меандешад.
Тибқи талаботи моддаи 44 Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ҳар як давлати иштирокчии он уҳдадор аст, ки ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, ки бо мақсади баррасии пешрафти давлатҳои иштирокчӣ дар иҷрои уҳдадориҳои ин санад таъсис шудааст, маърӯза пешниҳод намояд. Дар маърӯза маълумот дар бораи чораҳое, ки барои мустаҳкам гардондани ҳуқуқҳои эътирофкардаи конвенсияи мазкур андешида шудаанд ва дар бораи пешравиҳое, ки дар амалӣ гардондани ин ҳуқуқҳо ба даст омадаанд, зикр карда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои худ вобаста ба чораҳои андешидашуда се маротиба (солҳои 2000, 2010 ва 2017) ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак маърӯза пешниҳод намуд. Зимни баррасии маърӯзаҳои миллӣ кумита тадбирҳои аз ҷониби давлат андешидашуда ва пешравиҳои ба даст омадаро хуш пазироӣ намуда, ҳамзамон қабули чораҳои иловагии қонунгузорӣ ва маъмуриро, ки ба ҳуқуқҳои кӯдакон дахл доранд, тавсия дод.
Ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи кӯдак вобаста ба маърӯзаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 апрели соли 2018 нақшаҳои миллии амал тасдиқ гардиданд. Тасдиқи нақшаҳои мазкур қадамҳои минбаъда дар рушд ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ буда, вазорату идораҳои дахлдор бобати иҷрои чорабиниҳои дар онҳо пешбинигардида муваззаф гардидаанд.
Итминон дорем, ки мақомотҳои масъул ҷиҳати иҷрои тавсияҳо чораандешӣ намуда, тадбирҳои андешидашуда боиси боз беҳтар гардидани вазъи ҳуқуқи кӯдак дар ҷумҳурӣ мегардад. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки яке аз вазифаҳои ӯ назорати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқи кӯдак мебошад, омода аст бо тамоми вазорату идораҳо ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ намуда, дар иҷрои тавсияҳои мазкур мусоидат намояд.
Р. ҲАБИБУЛЛОЗОДА,
ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2018    №: 97    Мутолиа карданд: 276

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед