logo

сиёсат

ТАРБИЯИ ШАХСИЯТИ БАРКАМОЛУ ХУДШИНОС – ВАЗИФАИ МУҲИМИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти хеш бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид доштанд, ки имрӯз танҳо халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд кардан доранд, ки «ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд».

Барои расидан ба ин ҳадаф бошад, аз ҳар як шаҳрванд талаб карда мешавад, ки ҳисси баланди ватанпарастӣ дошта бошад, бо роҳи дар Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо муайянгардида устуворона пеш равад. Дар маҷмӯъ, чунонки дар ин суханронии ҳидоятсоз зикр гардид, «ташаккулёбии миллати аз назари ҳувият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат кори саҳлу осон нест, балки раванди бардавому тӯлонии пешбурди корҳои тарбиявӣ дар оила, боғчаи кӯдакон, мактабу донишгоҳҳо, вазифаи доимии хизматчиёни давлатӣ, зиёиёну олимон, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, нависандагону шоирон ва ходимони дин мебошад».
Барои иҷрои ин вазифаи муҳим, ки Пешвои муаззами миллат гузоштаанд ва дар он рисолати дастаҷамъонаи оила, мактаб ва ҷомеа дар тарбияи насли наврасу ҷавонон ба таври хеле амиқ ифода ёфтааст, аз нуқтаи назари мо, бояд бо назардошти тағйироти куллие, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон ба вуқӯъ пайвастанд ва  дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда зуҳур карданд, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳанӯз соли 2006 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардида буд, такмил дода шавад.
Дар робита бо ин бояд як қатор иловаҳо ба консепсияи мазкур ворид карда шаванд. Аз ҷумла, дар қисмати вазифаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда шавад, ки вазорат барномаҳои соатҳои тарбиявиро барои тамоми зинаҳои таҳсилот таҳия ва тасдиқ намуда, мунтазам такмил медиҳад,  таҳияи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои ҷомеашиносиро бо такя ба тафаккур, фарҳанг ва ахлоқи миллӣ ба роҳ мемонад, барои мубориза бо экстремизм ва терроризм, иммунизатсияи иҷтимоии наврасону ҷавонон аз гаравидан ба ҳар гуна ҳаракатҳои радикалӣ ва бегонапарастӣ тадбирҳо меандешад, инчунин, барои арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ба либоси миллӣ шароити мусоид фароҳам месозад ва ғайра.
Бо мақсади мушаххассозии вазифаҳои тарбиявии сохторҳои гуногуни ҷомеа бошад, пешниҳод карда мешавад, ки дар Консепсияи миллии тарбия омили зерин махсусан таъкид ёбад: дар раванди тарбияи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, ки ба муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар саҳм гирифта, кумита, вазорат ва идораҳои дигари дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои деҳот, инчунин, созмонҳои ҷамъиятӣ бештар ба тарбияи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, ки берун аз муассисаҳои таълимиянд ё дар корхонаву ташкилоти дигар ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, таваҷҷуҳ менамоянд.
Мувофиқи мақсад мебуд, агар дар Консепсияи мазкур ба ҷойи “Тарбияи тафаккури интиқодӣ” ибораи “Тарбияи тафаккури мантиқӣ ва фарҳанги техникӣ” ворид карда шавад. Зеро тарбияи тафаккури мантиқӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки тамоми масъалаҳоро бо низоми мукаммали илмӣ, пайдарпай ва дар иртибот бо ҳам баррасӣ ва ҳаллу фасл намоянд. Тафаккур ва фарҳанги техникӣ бошад, ба онҳо кумак мекунад, ки аз хурофотпарастӣ раҳоӣ ёфта, ашё ва зуҳуроти муҳити худро аз нигоҳи илмҳои табиатшиносӣ баҳогузорӣ намоянд.
Дар фасли “Тарбияи ҳаёти солим” - и санади зикршуда низ, ба андешаи мо, бояд чунин як талаботе ворид гардад: роҳбарони ҳамаи муассисаҳо уҳдадоранд, ки тамоми шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ ва ё бетабааро, ки дар муассисаҳои онҳо таълим мегиранд ё кор мекунанд, аз ташхиси тиббӣ барои муайян сохтани бемориҳои масунияти бадан, сил, табларза, гепатит ва бемориҳои дигари сирояткунанда гузаронанд. Шаҳрвандон низ пеш аз бастани ақди никоҳ бояд бошуурона худ аз ташхиси тиббӣ гузаранд.
Итминони комил дорем, ки тавассути такмили “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва минбаъд дар асоси он ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ аз ҷониби оила, мактабу донишгоҳҳо, хизматчиёни давлатӣ, зиёиёну олимон, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин ва табақаҳои дигари ҷомеа ин санад ба як воситаи муассири тарбияи шахсияти баркамолу худшинос, ки аз нигоҳи Пешвои муаззами миллат барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон вазифаи муҳимтарини рӯз аст, табдил меёбад.
Хуршед ЗИЁӢ,
директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ,
доктори илми фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2018    №: 97    Мутолиа карданд: 449

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед